Categories ҶОМЕА

ҲНИТ: Боздоши Шуҳрат Қудратов қобили маҳкум аст

Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар нишасти машваратие, ки рӯзи 22-юми июл дар дафтари марказии худ дошт, боздошти Шуҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Зайд Саидовро аз тарафи Оҷонсии мубориза бо коррупсия мавриди баррасӣ қарор дод ва амали мақомоти марбутаро маҳкум намуда, онро дорои ангезаи сиёсӣ ва рабтдошта ба фаъолияти касбии вакили мудофеъи ҳуқуқи шаҳрвандон арзёбӣ кард.

Ҳамчунон, роҳбарияти ҲНИТ амалкарди мақомотро дар боздошти Шуҳрат Қудратов ба муроҷиъати ишон ба корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ нисбат ба қазияи Зайд Саидов алоқаманд медонад.

More From Author

You May Also Like