Categories Интихобот

ҲНИТ бо пешниҳоди руйхати аъзо амалан вориди интихобот шуд

Мувофиқи гузориши Ситоди омодагии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба интихоботи соли 2015, сохторҳои ҲНИТ рӯйхати аъзои хешро барои ворид намудан ба ҳайати 41 ҳавзаи якмандатаи интихоботи вакилони МН МОҶТ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудаанд.
Ҳамзамон рӯйхати мазкур ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ пешниҳод шудааст, то дар сурати ворид нашудани аъзои ҲНИТ ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ,  КМИР онро ба инобат гирад.
Ситоди омодагии ҲНИТ ба сохторҳои маҳаллии ҳизб дастур додааст, то рӯйхати аъзоро ба ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот ба комиссияҳои ҳавзавии интихобот пешниҳод намоянд, чун қонуни конститутсионии ҶТ  “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” ворид  намудани аъзо ба ҳайати қитъаҳои интихоботиро манъ накардааст.
Ҳамчунон, тибқи гуфтаи раиси дастгоҳи КМИР, А. Додозода: «Бар пояи пешниҳодҳои САҲА ва аҳзоби сиёсӣ, ки мегуфтанд, аъзои аҳзоб дар кори комиссияҳои ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботӣ ширкат кунанд,  чунин тағйир  ба вуҷуд омад: ба ин комиссияҳо танҳо сохторҳои маҳаллии  аҳзоби сиёсӣ метавонанд намоянда пешниҳод кунанд, на дастгоҳи марказии онҳо.» (Радиои Озодӣ, 09.12.2014) Бинобар ин, эҳтимоли ворид намудани аъзо ба ҳайати қитъаҳои овоздиҳӣ аз тарафи аҳзоби сиёсӣ бар асоси гуфтаҳои А. Додозода заиф ба назар мерасад ва танҳо дар сурати қабули қарори дахлдор оид ба мавзуъ аз тарафи КМИР, метавон ба доир гаштани интихоботи шаффоф ва озод дар кишвар умед баст.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов сухангӯиҲНИТ

More From Author

You May Also Like