Categories Uncategorized

ҲНИТ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ: Ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ё … (2)

Аксҳо: “ҲНИТваҷомеъаишаҳрвандӣ”

О. Бобоназарова аз муносибати ҲНИТ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ тамҷид кард. Ба гуфтаи ӯ ҲНИТ аз ҷумлаи он аҳзоби сиёсии камшуморест, ки талош меварзад, ки ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ кӯмаки худро бирасонад. Барои намуна ӯ мисол овард, ки раҳбарияти ҲНИТ чи гуна ба як хонаводае, ки тибқи қарори суд дар ноҳияи Файзобод аз хонаашон бенасиб гашта буд, кӯмак расонд ва ба ин оила хонаву дар сохта дод.

Зинатуллоҳ Исмоилов, раҳбари телевизиони «Симои Мустақили Тоҷикистон» иброз дошт, ки ҲНИТ агарчи нисбат ба дигар аҳзоби мухолифи ҳукумат нашрияҳои зиёдеву фаъолтар дорад, вале ҳанӯз ҳам аз имкониятҳои мавҷудаи дигар расонаҳо васеъ истифода намебарад. Масалан Симои мустақили Тоҷикистон омодааст, ки минбари хешро ҳамеша дар ихтиёри ин ҳизб бигузорад. Чанд вақт пеш  ин гуна ҳамкориҳо сурат мегирифтанд. Аммо вақтҳои охир чунин талошҳоро камтар мебинем.

Дар ҷаҳон кӯшиши ҷаҳонбинии исломиро ҳамчун ҷаҳонбинии ифротӣ ба қалам додан торафт вусъат мегирад. Имрӯз вақте он расидааст, ки дар матбуот як чеҳраи солими як мусалмони оддиро бисозем. Мардум ба кадом образ имрӯз дар мо тақлид бикунанд? Симои зани тоҷикро имрӯз аз се ҷиҳат мешиносанд: интиқолдиҳандаи маводи мухаддир, танфурӯш ва объекти мавриди хушунати хонавода қароргирифта, гуфт Зинатуллоҳи Исмоилиён. Вазифаи як ҳизби сиёсист, ки барои ислоҳи ин камбудиҳои ҷомеъа ҷидду ҷаҳд намояд.

Саид Иброҳим Назар, узви раёсати ҲНИТ, дар суханрониаш  гилаҳои худро аз ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар муносибат ба ҲНИТ иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ ҲНИТ талошҳои зиёде мекунад, ки ҷомеъаи шачҳрвандӣ рушд кунад, пеш равад. Аммо дар навбати худ ҷомеъаи шаҳрвандӣ на ҳама иқдомҳои ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунад. Масалан чанде пеш бо ибтикори ҲНИТ лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии кишвар «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» пешниҳод гардид.

Аммо ягон ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳатто расонаҳои хабарӣ ба таври бояду шояд ин иқдомро дастгирӣ накарданд ва тарғибу ташвиқ нанамуданд. Чаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ вақте, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро барои танҳо танқиди шаҳрдорӣ ба суд медиҳанд, ба дифои ӯ садо баланд намекунад? Чаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо сухани дурӯғи дигар расонаҳоро дар бораи назари ҲНИТ ба таҷлили соли нав таблиғу ташвиқ мекунад, вале касе аз худи Муҳибуллоҳ Қурбонов намепурсад, ки ӯ чи гуфта буд, ки чунин вокуниши носолим дар ҷомеъа буруз кард?

Дар мизи гирд инчунин Субҳия Нозирова, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Субҳ», Мамлакат Ҷайчиева, узви ҲДТ, Мӯътабари Раштӣ, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Оштии миллӣ», Зарафо Раҳмонӣ, узви раёсати ҲНИТ, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи мо», Қиронбек Шарифов, раиси Шӯрои Васоити Ахбори Омма, Муҳибулло Қурбонов, сардабири сайти ҲНИТ, Фаридун Ҳодизода, таҳлилгар ва дигарон суханронӣ карда фикру андешаҳои ҷолиберо дар ин мавзӯъ ироа намуданд.

Муҳиддин Кабирӣ сӯҳбати мизи гирдро ҷамъбаст намуда иброз дошт, ки барои он ки як давлат қавӣ бошад, бояд ҳатман ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии он қавӣ бошанд. Давлат ва ҷомеъа ҳамон вақт рушд мекунанд, ҳукумати  қавӣ ва аҳзоби сиёсии қавӣ ба якдигар кӯмак кунад, якдигарро ба корҳои манфиатоваре барои мардум ва давлат таҳрик бидиҳанд.

Муҳиддин Кабирӣ дар амалӣ шудани ин ниятҳои нек нақши васоити ахбори оммаро хеле муҳим хонд. Ӯ гуфт, ки барои вусъат гирифтани ҳамкориҳои ҲНИТ бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ баҳри рушди демократия ва беҳтар шудани некӯаҳволии мардум аз эҳтимол дур нест ҲНИТ грантҳоеро барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷудо намояд.

«Рӯзгор»

Аксҳо: “ҲНИТваҷомеъаишаҳрвандӣ”

More From Author

You May Also Like