Categories Ахбори рӯз

“ҲНИТ мисли кӯҳ аст, онро намешавад нодида гирифт”.

М. Нурӣ: ҲНИТ-ро рақиби аслӣ барои қудрати сиёсӣ медонанд
ё падари марҳумам мегуфт: ҲНИТ мисли кӯҳ аст,онро намешавад нодида гирифт.

Хабарнигори мо бо Қорӣ Муҳаммадҷони Нурӣ, мушовири раҳбари ҲНИТ ва номзад ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мусоҳибаеро анҷом дод, , ки онро манзури хонандаи азиз мегардонем. Ба унвони суоли аввал аз ишон пурсида шуд: Бори аввал аст, ки номи Шумо дар радифи номзадҳои ҳизбӣ ба мақоми вакили Маҷлиси намояндагон дар рўйхати ҳизбӣ қарор мегирад. Худро бо чӣ ҳадафе ба ҳайси вакил дидан мехоҳед?

– Ин бори аввал нест, ки номи банда ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагон дар рӯйихати ҳизбӣ қарор мегирад. Соли 2010 низ бо ҳамин тарз пешбарӣ шуда будам, фарқ ҳамин буд, ки номам дар рўйхат дар ҷои ҳаштум қарор дошт. Албатта, мақсад ва ҳадаф аз вакилӣ ширкат дар раванди қонунгузории кишвар мебошад. Мехоҳам бо ин васила хидмате карда бошам барои миллати азизам, бахусус дар ҳифзи манфиатҳои милливу динии он.

– Оё бовар доред, ки беш аз ду нафар аз ҲНИТ аз тариқи рӯйихати ҳизбӣ вориди парлумон мегарданд, чун номи Шумо дар ҷои саввум қарор дорад?

– Таҳлилҳои ахир нишон медиҳад, ки агар интихобот ба таври шаффофу усулҳои демократӣ доир бигардад, на танҳо ду нафар, балки намояндагони бештаре аз Наҳзат вориди парлумон шуда, ҷиноҳ ё фраксияи худро ҳам хоҳанд дошт. 
Шумо мутмаин бошед, ба Наҳзат ҳатман овоз медиҳанд, чун нуфузи ҳизби мо аз шахсиятҳои алоҳида низ болост.

– Ба ҳар ҳол, шонси ҳизбро дар умум дар интихобот чи гуна мебинед?

– Дар мавриди шонси 100%-аи ворид шудани ҲНИТ, ба ҳайси як ҳизби сиёсии моҳияти динидошта ба парлумон дар фазои интихоботии кишвар ҷои баҳс нест. Аммо бубинед, нисбат ба Наҳзат ин навбат чӣ бархурдҳоеро раво дида истодаанд, агарчи, хушбахтона, ин фишор ва туҳматҳои бемантиқу бопоя наҳзатиёнро фаъолтару ҳушёртар кард, ҳатто як навъ таблиғи бузургу саросарӣ ҳам гашт. Дар манотиқи мухталиф мардум ошкоро мегӯянд, ин навбат ҳам ҳатман ба ҲНИТ овоз медиҳем. 
Аз ин хотир, ҲНИТ дар интихоботи имсола ҳам шонси бузург дорад. Аммо раванди ин маъаракаи муҳими сиёсӣ, бахусус чигунагии натиҷагирии он ҳалкунанда хоҳад буд. Суоли матраҳ ин аст, ки оё овозҳо мунсифона шуморида мешуда бошанд?

– Таври маълум, тамоми намояндагони ҲНИТ аз имтиҳони забондонӣ гузаштанд. Аслан суол чӣ буд он ҷо?

– КМИР тибқи дастурамали хеш се навъи санҷишро дар мавриди забондонӣ баргузор намуд: навиштани тарҷумаи ҳол, қироъати матни алоҳида дар ҳаҷми аз як саҳифаи чопии вордӣ ва мусоҳибаи шифоҳӣ дар мавзӯъи озод.

– Аз назари Шумо вакили парлумон бояд чӣ қадар маъош бигирад, ки кифоякунандаи рӯзгораш бошад?

– Бубинед, оё миқдори маъоши омӯзгор ба зиндагии ў мерасад ё не? Аз ин хотир, ҳар гуна маъош, ҳатто аз вакилу вазирҳо ҳам бояд тибқи шароити кишвар бошад, на беш аз он. 
Феълан тавре ба мушоҳида мерасад, маош нақши худро дар зиндагии онҳое, ки маошхӯранд, ба хубӣ иҷро карда наметавонад, ки ин ҳам як мушкили дигари Тоҷикистон аст.

– Дар ҳоли ҳозир ба чӣ коре шуѓл меварзед ва дар ҳизб чӣ масъулиятеро анҷом медиҳед?

– Дар ҳоли ҳозир дар баробари мушовири раҳбари ҲНИТ будан, ба корҳои интихоботӣ машғулам. Дар ситоди интихоботии ҳизб масъулияти бахши ҳуқуқ ва иртибот бо мақомоти давлатиро низ ба ӯҳда дорам.

– Мисле ки ҷиддан рӯ ба сиёсат овардаед, чун дар замони раиси шӯъбаи шаҳрии ҳизб будан чандон матраҳ набудед, чаро?

– Роҳи ман мушаххасу устувор аст. Корро аз узви қатории Наҳзат шурӯъ кардам ва тавре ишора намудед, раиси шуъбаи шаҳрии ҲНИТ будам, феълан узви Раёсати Олӣ ва мушовири раҳбари ҲНИТ. Табиати корӣ ҳамин аст, инсон бояд зина ба зина ва бо касби таҷрибаву малакаи бештари корӣ ба пеш биравад. Ҳангомасозӣ, воҳимаву ҳарфҳои хушкухолӣ ва сохтакориро қабул надорам.

– Фарз кардем,ба парлумон баргузида шудед. Дар симмати вакилӣ чӣ қонунҳоеро мехоҳед тағйир бидиҳед ё пешниҳод намоед?

– Албатта, дар ин замина қонунҳои зиёдеро мутолиъа кардам ва пешниҳоду мулоҳизаҳо зиёданд. Як барномаи мушаххас ҳам дар зеҳн дорам. Иншоаллоҳ ҳадаф ҳимояту тақвияти давлатдории кишвар мебошад, бояд ҳаққу ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандон риоя шавад. Барои ин кор талош хоҳам кард.

– Ба унвони як сиёсатмадори ҷавон ва тозанафас метавонед бигӯед, ки парлумони мо чӣ камбуд дорад?

– Мустақилият надоштану хомӯш будан, инчунин бетарафии зиёди як шохаи муҳими ҳокимияти давлатӣ нисбати ҳаводиси дохил ва хориҷи кишваранд камбудҳои парлумони Тоҷикистон. Мехоҳам ин ниҳоди муҳиму аслии қонунгузор вазифаи худро мустаъқилона иҷро намояд, бигузор садояш дар ҷомеъа шунида шавад.

– Аз назари Шумо иллати тағйири мавқеъи ҳукумат дар баробари ҲНИТ чист? Чаро якбора дигар шуд?

– Ҳамаи ин таҳаввулот ба интихоботи соли 2010 рабт мегиранд. Вале онҳое, ки бо ҳамин дидгоҳ, яъне, фишору сиёҳкуниҳои ҳизб муътақиданду мехоҳанд онро заъиф нишон бидиҳанд, дониста бошанд, ки ин дидгоҳу амалкардҳо бисёр кори ғалату иштибоҳ аст. Мутаассифона, ҳанӯз гурӯҳи маҳдуде ҲНИТ-ро нашинохтаанд ё шинохтаанду эътироф кардан намехоҳанд. ҲНИТ дар шароити тағирёбандаи ҷаҳони муосир барои давлат ва миллати тоҷик як неъмати бузургест, ки баъдан онро хоҳанд фаҳмид. Марҳум падарам мегуфтанд, “ҲНИТ мисли кӯҳ аст» ва ишора мекарданд ба кӯҳҳои атрофи пойтахт, «онро намешавад нодида гирифт”. Бовар кунед, он чӣ имрӯз иддае аз «таҳлилгарон» дар бораиНаҳзат менависанд ё изҳори назар мекунанд, одилона ва мунсифона нест.

– Назари Шумо ба ҷалб ва интисоби кадрҳо дар заминаи маҳал ва хешу табор чист? Пушти ин кор чи ҳадаф ниҳон аст: хидмат ба мардум ё дуздии бештари байтулмол?

– Намедонам, ки пушти ин кор чӣ ҳадафҳое вуҷуд доранд. Аммо гуфта метавонам, ки ин як падидаи номатлуб ва боиси бавуҷуд омадани бӯҳронҳо дар низомҳои мавҷуда аст. Инро таҷрибаи чандин давлатҳо,чӣ дар гузашта ва чӣ дар шароити феълӣ собит кардааст.

– ҲНИТ дар идораи кишвар чи имкониятҳоеро дорад ва то чӣ ҳад ба ин кор омодааст?

– Ин гуна суолҳо борҳо аз бародарони наҳзатӣ пурсида мешаванд, ки иқтидори кадрии ҲНИТ чи қадар аст ва агар ба раъси ҳукумат бирасад аз чӣ қишрҳое истифода мебарад? Вале аз меҳварияти аслии масъала канор мераванд, чун иқтидори мо иқтидори миллат аст. Кадрҳо дар миёни миллатанд. Ин тасаввур ғалат аст, ки бо омадани Наҳзат бояд аз фаррош то вазир иваз шавад. На, ин бардошти ғалату ғайри воқеъист! Кадрҳо имрӯз дар миёни миллат вуҷуд доранд, ҳатто дар ҳукумати феълӣ кор мекунанд. Фақат шароити шинохти дуруст ва мунсифона роҳандозӣ кард. Набояд кадри соҳибандеша ва ангезамандро аз рӯи маҳал ё мансубияти ҳизбиву эътиқодияш ба ҳошия ронд.

– Ба ваъдаи президент дар бораи баргузории интихоботи озоду демократӣ бовар доред?

– Президенти мӯҳтарами кишвар чандин бор оиди баргузории интихоботи шаффофу демократӣ ва додани имкониятҳои баробар барои ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо тазаккур додаву медиҳанд. Аммо, мутаассифона баъзе аз масъулон хилофи ин дастури роҳбари давлат кор мегиранд, ки натиҷаи амали амалкарди онҳо обрӯ ва ҷойгоҳи роҳбари давлатро ҳамчун кафили интихоботи шаффоф дар дохил ва хориҷи кишвар зери суол мебарад.

-Аз хонаводаи Шумо ду нафар номзад ба вакили Маҷлиси Намояндагонед. Бархеҳо бар ин назаранд, ки ин кор ба хотири падари шумо, устоди марҳум Сайидл Абдуллоҳи Нурист. Дар ин маврид назари Шумо чист?

– Агар ба хотири пос доштани эҳтироми падари марҳумам мебуд, кайҳо дар парлумон намоянда будам, вале интавр набуду нест. Ману хоҳарам Руқия аз тарафи Раёсати Олӣ ба райъи анҷумани ҲНИТ пешниҳод ва интихоб шудем.

 Баъд аз даргузашти устод Нурӣ дигаргуниву тирагиҳо дар робитаи ҳукумат бо ҲНИТ иттифоқ уфтоданд. Агар ӯ зинда буд вазъияти дигареро шоҳид мебудем?

– Албатта, шахсиятҳо дар ин ё он давра дар ҷомеъа нақши муҳим доранд. Вале набояд вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯзаро фаромуш сохт. Бо таваҷҷўҳ ба ин гуфтаҳо умедворам, ки дар ояндаи наздик ҳукумат муносибати хешро бо ҲНИТ тағйир медиҳад.

– Чаро аз зикри исми ин марди шариф дар амри истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ парҳез мекунанд?

– Ин суолест, ки бисёре аз мардум посухи онро интизор доранд. Хуб мешуд омили ин масъала аз ҷониби муҳтарам пурсида мешуд. Аммо ин тарзи бархурд аз ҷойгоҳи марҳум падарам чизеро кам нахоҳад кард, ў дар танҳоӣ як тарафи сулҳ аст ва ин таърихи ҷадиди миллат ва Тоҷикистон аст. Агар имрӯз ҷониби дигари сулҳ аз ишон ёдовар намешаванд, баъдан ҳамаи ин баръакс хоҳад шуд. Муҳим он аст, ки падарам ҳеҷгоҳ дар ин сулҳ хиёнат накардааст. 
Мутмаин бошед, баъдҳо бо шакли нав насли ҷадид ба ин мавзӯъ бармегардад.

– Шумо дар хонаводаи як сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ва як муборизи ростину воқеъии барқарории адлу адолат зода ва ба камол расидаед. То чи ҳад ин муҳит дар ташаккул ва тарбияи шахси Шумо таъсир доштааст?

– Робита бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, дидору мулоқотҳо ва тарбияву дарсҳои падари марҳум барои ҳамаи мо як мактабу таҷрибагоҳи бузург буду ҳаст. Имрӯз дарк мекунам, ки ҳар ҳарфи ишон дар зиндагӣ роҳнамо ва мушкилкушои мост. Албатта, ҳамаи ин, натанҳо барои ман, барои онҳое низ, ки бо падарам буданд ва дар мактабаш тарбия гирифтаанд, бе таъсир набудааст. Рӯзе дарахти пурбори ин мактаб меваҳои лазизи худро дар хидмати ҷомеъаи мусалмонии кишвар хоҳад гузошт.

– Фикр мекунед, ин ҳама монеъагузорӣ ва фишору зӯровариҳо болои ҲНИТ аз ҷониби мақомоти алоҳида, мухолиф будан бо вуҷуди ин ҳаракат ва идеоложии он аст ё ҳадаф ҷилавгирӣ аз густариши ҷойгоҳу нуфузи он дар ҷомеъа? Яъне, онҳо дар симои ҲНИТ рақиби идеоложиро мебинанд ё як неруи асилеро, ки қудрати сиёсиро аз онҳо гирифта метавонад?

– Ҳадаф танҳо ҷилавгирӣ аз густариши ҷойгоҳ ва нуфузи Наҳзат дар ҷомеъа аст. Дар мавриди идеология бошад, аввал ҳукумат мушаххас кунад, ки думболи чӣ идеоложие ҳаст?!
Бале, ҳукумат ҲНИТ-ро рақиби аслӣ дар мавриди қудрат медонад ва дар ин маврид ҷои шакку тардид нест.

Ба ҳар ҳол дар дурнамо сиёсатро думбол мекунед ё илмро?

– Ҳардуро

– Ташаккур

More From Author

You May Also Like