Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар номае аз Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии (КМИҲ) ин кишвар пурсидааст, ки оё муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ҳаққи пешниҳоди номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро доранд ё хайр.
Дар ин нома, ки рӯзи чаҳоршанбеи 31 июл аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб, ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИҲ, исрол шуда, омадааст: “Имрӯзҳо беш аз ду милюн интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҳамсуд кору фаъъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”
Оқои Кабирӣ аз раиси Кумисиюни марказии интихобот дар мавриди наҳваи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳои эҳтимолӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоме, ки баргаи имзоҳои ҷамъоваришударо таъйид мекунад, суол кардааст.
Дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 шароити ҷамъоварии имзо ба тарафдорӣ аз ин ё он номзад барои ин интихобот фароҳам нашуда буд ва ба гуфтаи бархе аз ҳуқуқдонҳо, муҳоҷирон аз ҳаққи ҷамъоварии имзо маҳрум будаанд.
Қаблан, Каромат Шарифов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони тоҷик дар Русия” гуфта буд, ки беш аз як милюн нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия фаъъолият мекунанд, бояд номзади худро ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ пешниҳод кунанд.
Аммо то ҳол мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин тақозо расман ибрози назаре накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки то ҳол ин нома ба КМИҲ нарасида ва дар сурати дарёфти он ин ниҳод дар чорчӯби Қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ посух хоҳад дод.
Оқои Додоев гуфт, ки бар асоси ин санади ҳуқуқӣ, гурӯҳҳои ташаббускор ё мубтакир дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар пуштибонӣ аз номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имзо ҷамъоварӣ карда ва ҳукуматҳои маҳаллӣ бо муҳр ва имзои худ баргаҳои имзоро таъйид мекунанд.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки тибқи моддаи 24-и Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон КМИҲ тартиби ҷамъоварии имзоҳо барои тарафдорӣ аз номзадҳо ба интихоботи раёсати ҷумҳуриро мушаххас мекунад ва баъди эъломи замони интихобот ин ниҳод расман тартиби ҷамъоварии имзоҳо дар дохил ва хориҷи кишварро эълом хоҳад кард.
Фаъъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардаанд, то мақомоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ то эъломи замони интихобот бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар мулоқот ва масоили марбут ба раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид кардани намояндагон ба марокизи раъйгириро баррасӣ кунанд.
“Би-би-сӣ”