Ахиран, мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатӣ дар ноҳияи Рудакӣ ба дархости раиси бахши ҲНИТ дар мавриди мусоъидат расонидан ҷиҳати баргузории маҳфили ҳизбӣ посух дода, доир намудани маҳфилеро зери номи «Зиндагӣ ва фаъолияти Паёмбар (с)» хилофи қонун донистаанд. Ин ва дигар ҷанбаҳои фаъолияти ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ боис гардиданд, ки мусоҳибае бо Маҳамадӣ Тешаев, раиси бахши ҳизб дар ноҳияи мазкур дошта бошем.
– Бародар Маҳмадӣ, ба унвони суоли аввал мехоҳем назари Шуморо дар ин маврид бифаҳмем, ки оё Наҳзат ба ҳайси як ҳизби сиёсии динӣ ҳаққи доир намудани чунин як маҳфилеро зери номи “Зиндагӣ ва рӯзгори Паёмбар (с)” ҳамчун намунаи нодири ахлоқӣ ва мунҷии башарият надорад?
– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва салому дуруд ба расули гиромӣ Муҳаммади Мустафо (с).
Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба муносибати ин моҳи муборак ҳамаи бародарон ва хоҳарони имонӣ ва дар умум, ҳамаи мусалмонони кишвари Тоҷикистон, алалхусус ҳаводорон ва аъзои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро табрик менамоям.
Таблиғ ва расонидани паёму ормонҳои Паёмбари Ислом (с) вазифаи ҳар як мусалмон аст. Аз ин хотир бахши ҳизб дар ноҳияи Рӯдакӣ дар баробари дигар бародарони исломӣ дар барномаи кории худ гузаронидани маҳфилеро бо номи «Зиндагӣ ва фаъолияти Паёмбар (с)» ҷо дода ва барои амалисозии он ба ҳукумат ноҳия Рӯдакӣ расман муроҷиъат намудем. Вале мутаассифона, барои гузаронидани маҳфили исломии худ ҷавоби рад гирифтем. Ва бояд гуфт, ки ин навъ радкунӣ бори аввал нест. Соли гузашта ҳам чунин муносибат аз ҷониби ҳукумати ноҳия барои мо сурат гирфита буд. Аз ин ки онҳо даъво менамоянд, ки ин амал хилофи сарқонун аст ва мутобиқат ба қонунгузорӣ надорад, нодуруст мебошад. Зеро на дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, на дар Қонуни танзим ва ҷашну маросимҳо ва на дар Қонуни аҳзоби сиёсӣ ишорае ба манъ будани ин масъала нашудааст. Баръакс барои боло бардошатани маърифати сиёсӣ ва динӣ дар барномаҳои ҳизбӣ, аз ҷумла ҲНИТ баргузории чунин чорабиниҳо зикр шудааст. Ҷавоби радди ҳукумати ноҳияро метавон ба «қонундонӣ»-и масъулини ноҳия ва ё фишоровариҳои «боло» рабт дод. Ва инчунин шояд ғаразҳои пасипардагӣ низ вуҷуд дошта бошанд. Ба ҳар ҳол, мушаххасоти амали худро танҳо худи мақомоти ноҳия медонад.
Ба ростӣ, мо, наҳзатиҳои ноҳия мехоҳем, ки бо ҳукумати ноҳия ҳамкории зич дошта бошем, вале баъзан монеъаэҷодкуниҳое дида мешаванд аз ҷониби онҳо, ки хилофи даъвоҳои ҳукумати ҷумҳурӣ оиди фаъолият ва ҳамкорӣ бо ҳизбҳои сиёсӣ мебошанд. Ва илло чӣ мушкил аст, ки чунин ҷаласаҳои маърифатии динӣ ё ҳуқуқию сиёсӣ баргузор гарданд? Ҳукумати ноҳия маконеро барои мо ҷудо намояд ва баргузории маҳфили илмиеро назорат намояд, магар бад аст? Ё баръакс, мақомоти ҳукуматӣ чунин маҳофил доир намоянд ва мо, наҳзатиҳоро даъват намоянд, магар мушкиле дорад? Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз ҷомеа, воқеъан, ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад. Ва ин ваҳдатро танҳо дар вуҷуди плюрализми сиёсӣ дидан мумкин аст. Аммо мутаассифона, муносибати мансабдорони давлатӣ бо аҳзоби сиёсӣ, бахусус бо ҳизби исломӣ дар шакли дуруст ба роҳ монда нашудааст. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо аз фарҳанги сиёсӣ хеле дуранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд. Мантиқ куҷост, ки барои Ҳизби коммунистӣ ҷиҳати таҷлили мавлуди Ленин мусоъидат мекунанд, вале вақте ҷашни мавлуди Паёмбар (с)-ро ҷашн гирифтанӣ мешавӣ, онро хилофи қонун мегӯянд. Ҳол он ки мо эътиқод дорем, ки ин Паёмбаре, ки мо маҳфилашро баргузор менамоем, паёмрасони онҳо низ ҳаст. Аммо Ленин чӣ?
Перомуни хилофи қонун будани ин маҳфил бо Мавҷуда Бобоева, муовини раиси ноҳия ва Маҳмадии Салим, масъули аҳзоби сиёсии ҳукумати ноҳия баҳс кардам, ки эшон хилофи қонун будани маҳфилро исбот карда натавонистанд. Мо бо масъулини ҳукуматӣ гуфтем, ки мехоҳем бо шумо ҳамкории ҳасана дошта бошем, вагарна ин гуна маҳофилро бе ҳузуру мусоъидати шумо ҳам гузаронидан мумкин аст.
– Омили ин гуна нофаҳмӣ ва ё сӯитафоҳумҳо чӣ буда метавонад?
– Дар умум, бо намояндагони ҳукумати ноҳия ба истилоҳ рафтуо дорем, ба утоқҳои кориашон рафта, суҳбату машвартҳо менамоем. Вале аз чӣ бошад, ки моро ҳамчун рақиб қабул надоранд; ягон пешниҳоду дархости моро ҳамчун як шаҳрванди ҳамин кишвар ва узви Наҳзат намепазиранд. Мо ҳам ҳайронем, ки чаро чунин аст.
– Соли гузашта доираҳои алоҳида дар сартосари кишвар маъракаи “нодире”- ро алайҳи ҳизб пиёда карданд. Аммо як хабари дорои манбаи гумноме аз тариқи як нашрияи мустақил ба чоп расид, ки гӯё гурӯҳе аз занон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳузур ва фаъолияти ҳизбро дар ноҳия қабул надоранд. Оё ин ҳодиса воқеъият дошт?
– Ҷои таассуф аст, ки нашрияҳои бо ном мустақил, ба монанди нашрияи «Фараж», маводи беасоси яктарафаро ба нашр мерасонанд. Бале, чунин мақолае соли гузашта мунташир шуд, вале дурӯғ будани он бараъло маълум буд. Ин хабар ҳангомае беш набуда, асоси воқеъӣ ҳам надорад.
– Феълан Наҳзат дар ноҳия аз чӣ ҷойгоҳе бархурдор аст?
– Ҳизби исломӣ дар ноҳия дар мақоми хоссе буда, аъзо ва ҷонибдоронаш зиёданд. Аъзояш бо фарҳанги динӣ – сиёсӣ дар ҷомеъа муносибати худро ба роҳ монда истодааст. Дар тамоми баландиву пастии зиндагии мардум дар паҳлӯи сокинон қарор дорад.
– Масъалаи дигари нигаронкунанда ин мавҷудияти фазои носолим дар мавриди баргузории маросимҳои динист, ки чаро муносибати иддае аз рӯҳониёни расмии ноҳия нисбат ба қишри дигари маъруф дар миёни мардум хуб нест? Ҳодисаи ахир дар яке аз ҷанозаҳо бори дигар собит сохт, ки таассуби рӯҳонияти расмӣ нисбат ба чеҳраҳои динии мардумӣ ба шиддат боло рафтааст, дар ҳоле ки аксари кулли сокинони ноҳия дӯстдори асили арзишҳои исломианд. Шумо заминаи ин гуна бархӯрдҳои ғайриахлоқии имомҳои расмиро дар чӣ мебинед?
– Фазои носолиме, ки ахиран дар ноҳияи мо ба миён омада, шабакаҳои интернетиро пур аз баҳсу манозараҳо гардонид, воқеъан, ҷои таассуф аст. Аслан, ин ҷараён ба ҳайсияти рӯҳонии расмии ноҳия зарбаи сахте ворид кард, ки ҳатто ҳидоятро аз ҷониби сардори давлат гуфт. Ин дар ҳоле аст, ки ҳидоят танҳо аз ҷониби Аллоҳ мебошад. Як нуктаро бояд дарк кард, ки иззат ва обрӯ аз ҷониби Худованд аст. Ҳар касеро хоҳад, иззат медиҳад ва ҳар касеро хоҳад, зиллат мебахшад.
– Таври маълум, ноҳия ба ду ҳавзаи интихоботӣ тақсимбандӣ шудааст ва ҳизб метавонад дар ҳарду ҳавза номзади хешро пешниҳод намояд. Пас аз омодагириҳои бародарон ба интихоботи парлумонии соли 2015 чӣ гуфта метавонед?
– Алҳамдулиллоҳ, ҳизб метавонад, ки дар ҳарду ҳавза номзадҳои худро пешбарӣ кунад. Бахши ноҳиявии ҳизб ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумониро дар ҳама ташкилотҳои ҷамоъативу ибтидоӣ ташкил намудааст. Дар умум, омодагиҳои мо барои интихоботи парлумонӣ хуб аст. Фаъолият ҳамарӯза ба чашм мерасад.
– Оё ду ноҳияи сернуфуси ҳамсоя, ки шароиту имкониятҳои ҳамсон доранд, бахши ҳизб дар ноҳияи шумо метавонад бародарони хешро аз ноҳияи Ваҳдат ба мусобиқаи омодагириҳои интихоботӣ даъват намояд?
– Албатта, мо кӯшиш дорем, ки ҳамасола фаъолияти мо беҳтар гардад. Ва барои мусобиқоти интихоботӣ ҳам мо омодаем, ки бо ҳамсояҳои худ ҳам мусобиқаҳое дар ҳар соҳа намоем.
–Ташаккур барои як суҳбати самимӣ.
Умеди С.