Categories Ахбори рӯз

Иштирокчиёни маҳфили қуръонӣ қадрдонӣ шуданд

Дирӯз, 7 –уми июл дар қароргоҳи шуъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе хатми Қуръон ба анҷом расид, ки ин амал дар ахири даҳҳаи аввали моҳи шарифи Рамазон рост омадааст.
Қиёмиддини Аваз, раиси шуъбаи ҳизб дар шаҳри Душанбе гуфт, тӯли ин даҳ рӯз ҳамарӯза 3 ҷузъ аз Қуръон хонда мешуд ва дар ин маҳфили қуръонхонӣ ҳудуди 70 нафар бону ва духтаракони наврас ширкати фаъол доштанд.
Ба гуфтаи масъули шуъба, бонувони ҳизб чун анъана ва тибқи барномаи ҳизбӣ, ҳамасола маҳофили қуръонӣ баргузор мекунанд ва дар анҷом аз ҷониби шуъба барои иштирокшиёни маҳфил туҳфаҳои хотирмон тақдим карда мешавад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар моҳи шариф як озмуни қуръонхоние миёни бонувон баргузор гардад.

More From Author

You May Also Like