ҲНИТ 40 – сола мешавад

Ш. Абдӣ

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон 40 –солагии худро ҷашн мегирад. Ин ҷаншгирии ҳизб аз шукуҳу шаҳомати хос бархурдор хоҳад буд. Таҷлили он бо ширкати меҳмонони хориҷию дохилӣ, масъулини ҳукумат ва аҳзоби сиёсӣ, аъзо ва ҳаводорони ҳизб моҳи апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ин нуқта дар ҷаласаи навбатии Раёсати Олии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баён гашт.

Тибқи оиннома, ҳизб ҷаласаи Раёсати Олии хешро соле ду маротиба доир менамояд.

Дар ҷаласаи ахири Раёсати Олии ҲНИТ лоиҳаи Барномаи фаъолияти ҳизб барои соли 2013 баррасӣ ва қабул гашт, ки он аз 14 банд иборат аст ва таҷлили васеъи 40-солагии ҲНИТ мавзӯи аслии барномаи ҳизбро дар соли 2013 дарбар мегирад. Чорабинии мазкур тавре тарҳрезӣ шуда, ки мубтанӣ ба он дар робита ба фаъолияти 40-солаи ҳизб ба ҷомеъаи кишвар маълумоти дақиқе пешниҳод хоҳад гашт.

Муҳаммадкарими Орзу, муовини раиси ҲНИТ, масъули ситоди омодагӣ ба 40-солагии ҳизб ҷиҳати вижагиҳои ин ҷашн гуфт, дар иртибот ба мароҳили фаъолияти ҲНИТ ва ашхоси поягузори он, шуҳадое ки дар роҳи ташаккули ин ташкилоти сиёсӣ ҷоннисориҳо кардаанд, ҳамчунин уламои динии саршиносе ки барои тақвияти Исломи ноб дар кишвар заҳмат кашиданд, матолиби мухталифе дар шакли китобу ҷузва ба табъ мерасанд. Шуҳадо бошанд, тавассути чунин маншураҳо ёддоварӣ мешаванд ва ба ҷомеъа муаррифӣ мегарданд.

Ҳамзамон гуфта шуд, иқдоми дигари ҲНИТ дар иртибот ба ҷашни 40-солагии худ чопи ҳафтавори «Наҷот» ҳадди ақал дар ҳаҷми 40 саҳифа будааст. Бо вуҷуди он ки дар ин шумораи ҷашнӣ баъзе суҳуфи таърихии ҲНИТ рӯйи чопро мебинанд, сӯҳбати коршиносони алоҳида бобати ташаккули ин созмони сиёсӣ, нақши он дар сиёсат ва ҷамеъаи мусалмони кишвар, таҳлилу баррасии паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ҳизб дар назар аст.

Бояд гуфт, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чандин иду ҷашнҳои миллию давлатиро таҷлил карда, ҳамчунин ҳамасола солгарди худро ҷашн мегирад, аммо ҷашни мавриди назар бузургтарин ҷашн дар таърихи Наҳзат буда, на танҳо дар маркази ҲНИТ, балки кулли шуъбаву бахшҳои ҲНИТ дар кишвар 40-умин баҳори ҳизбро мутантан ҷашн хоҳанд гирифт.

ҲНИТ бо шумули беш аз 40 ҳазор узв ҳамчун рақиби аслии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон шинохта мешавад. Ин ҳизб, яъне ҲНИТ ҳанӯз соли 1973 ҳамчун як гурӯҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар шакли пинҳонӣ шурӯъ ба фаъолият намуд. Мақсади гурӯҳ омӯзиш ва густариши Исломи ноб дар кишвар буд. Дар ҳоле ин иқдом роҳандозӣ шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ побарҷо буд ва бар маҳзи вуҷуди ин иттиҳоду роҳандозии идеулужики илҳодӣ аз ҷониби он хурофоти зиёде дар ҷомеъаи кишвар пайдо шуданд. Ба хотири рафъи ин мавонеъ ва камбуд ин ҳаракати илоҳӣ созмон ёфт. Мубтакирини ин ҳаракат ҳарчанд мавриди тазйиқу фишор ва зиндонӣ ҳам шуданд, аз роҳи худ нагаштанд.

Соли 1990, вақте Ҳизби наҳзати исломии СССР ба қайд гирифта шуд, ҲНИТ яке аз шохаҳои минтақавии он ба шумор мерафт ва тирамоҳи соли 1991, баъд аз эъломи истиқлолияти кишвар, ҳамчун ҳизби мустақил дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Замони ноормиҳо фаъолияти ин ҳизб аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон боздошта шуд ва аксари кулли масъулину аъзо ва ҳаводорони он рӯ ба ҳиҷрат оварданд. Дар Афғонистон раҳбарияти ин ҳизб тавонист дар шакли Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон созмони фарогиреро барои муҳоҷирину муҷоҳидин таъсис бидиҳад, ки баъдан, дар ин замина Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни тоҷик шакл гирифт.

Соли 1997 Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки як ҷониби сулҳро ташкил мекард ва бунёдгузорони он раҳбарият ва фаъолони ҳизби аз фаъолиятбоздоштаи ҲНИТ буданд, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҲНИТ дубора дар Вазорати адлия сабти ном шуд ва ҳоло соҳиби ду курсӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мебошад.

(Наҷот)

More From Author

You May Also Like