Нузули суҳуфи Иброҳим (а): Суҳуфи Иброҳим (а) дар шаби аввали Рамазон нозил шуд. Дар рӯзи аввали Рамазон, соли 20 ҳиҷрӣ баробар бо 13 августи соли 641 м, дар замони Халифаи дуввум Умар (р) футуҳоти исломӣ ба дасти амири қаҳрамон Ҳазрати Амр писари Ос ба Миср расид ва Миср ҷузъи кишварҳои исломӣ шуд. Муҳосираи девори бобулиҳо дар аввали моҳи Рамазон 20 ҳиҷрӣ баробар бо 13 августи 641 м Амр писари Ос девори бобулиёнро баъд аз он ки дар масири лашкари Рум онҳоро замингир намуд, муҳосира кард.
Шуруъи фатҳи Андалус дар аввали моҳи Рамазон 91 ҳиҷрӣ баробар бо 710 м мусалмонон бо раҳбарии Тариф писари Молик дар соҳили ҷанубии Андалус фурӯд омаданд ва бо неруҳои ҷанубӣ ҷанг намуданд ва фатҳи Андалус оғоз шуд.
Суқути давлати умавиён ва қиёми аббосиён дар 2 Рамазон соли 132 ҳ баробар бо 13 апрели соли 750 м Абдуллоҳ Абуаббос бар Димишқ ғолиб шуд ва бо ин васила давлати уммавиён суқут намуд ва давлати аббосиён барпо гашт.
Таваллуди муаррих ва файласуфи мусалмон Ибни Халдун дар 2 Рамазон сурат гирифтааст. Ӯ дар 2 – уми Рамазон соли 732 ҳ, баробар бо 27 майи соли 1332 м таваллуд шуд.
Вафоти Фотимаи заҳро (р) дар саввуми Рамазон баробар бо 21 ноябри соли 632 м сурат гирифтааст. Ҳазрати Фотима (р) духтари Паёмбар (с), ҳамсари Ҳазрати Алӣ (р) ва модари Ҳасану Ҳусейн (р) буда, дар таърихи 3 – уми Рамазон дунёи фониро видоъ гуфтааст.
Вафоти Марвон писари Ҳакам низ дар ҳамин рӯз сурат гирифта, ки баробар бо 14 ноябри соли 683 м мебошад. Ӯ муассиси давлати уммавии дуввум ба шумор меравад.
Шашуми Рамазон китоби Таврот ба Мусо (а) нозил шудааст. Аввалин пирӯзии мусалмонон бар салибиҳо дар шашуми Рамазон соли 532 ҳ, баробар бо 17 майи соли 1138 м сурат гирифтааст. Ин пирӯзӣ бо раҳбарии Имодуддин Зангӣ дар шаҳри Ҳалаб дар шимоли Шом рух дод.
Ифтитоҳи донишгоҳи Ал – азҳар дар 7- уми Рамазони 361 ҳ баробар бо 971 м сурат мегирад, ки аввалин бор намози ҷамоат дар Ал – азҳар хонда мешавад ва бо ин тартиб ин Ал – азҳар ҳам масҷид ва ҳам макони таълим қарор мегирад.
Дар ҳамин рӯз, соли 632 ҳ Қоҳира тавассути халифаи фотимӣ Алмаъз ба унвони пойтахт таъйин шуд, дар ҳоле ки пойтахти қаблӣ Алмаҳдия буд.