Ҳоно, духтари дустрӯяки Муҳаммад Алӣ боксчии машҳур ва шахсияти маъруф дар варзиши дунёӣ аз насиҳатҳои падараш як лаҳзаро ба ёд оварда, пешкаши хонанда мегардонад ва бо таъкид мегӯяд, ки ин насиҳати падарам ҳеҷ гоҳ аз хотирам дур намеравад.
Вай мегӯяд, баъди муддатҳо қарор буд, ки падарамро бубинем, зеро аз сабаби бештар масруф буданаш ба варзиш ва касби интихобкардааш мо камтар аз дидори ӯ сер мешудем. Бо ин тартиб мо қасди дидор ва зиёрати падар кардем. Аммо он солҳо мо хӯрдсол будем ва аз ин сабаб бо роҳнамоии калонсолон то назди падар мерафтем.
Ҳамин тариқ бо хоҳари хӯрдсолам Лайло бо роҳнамоии муҳофизе назди падар ҳозир шудем. Он рӯз, ки ба зиёрати падар мерафтем, ману хоҳарам Лайло либоси номуносибе ба бар карда будем. Ин либосҳо тавре буданд, ки бештари бадани мо маълум буд. Агар чи ин либосҳоро ба хотири хӯрдсол будани мо пӯшонида бошанд ҳам, аммо падарам аз ин ҳоли мо чандон хуш набуд.
Замоне ки мо ба макони иқомати падарам расидем, падарам чун ҳар вақта шӯхии доимие, ки бо мо анҷом медод, аллакай омода шуда буд. Шӯхӣ ва бозии байни мо ва падарам ин буд, ки мо дар ҷое паноҳ мешудему якдигарро метарсонидем. Пас аз он ки падарам бо мо шӯхӣ кард, моро дар оғӯш гирифт ва мо падарро бӯсидем. Ӯ моро дар оғуш гирифт ва аз ҳолу аҳволамон пурсон мешуд ва пас аз замоне ӯ чашмонашро ба чашмони ман андӯхт, маро бо нигоҳҳои аҷибаш чизе гуфтан мехост, аммо худ ҳайрон буд, ки бигӯяд ё на.
Ахиран ӯ сари маро сила карду гуфт, ки Ҳоно, духтараки ширинам, ҳамаи чизҳо ва умуман ҳама чиз дар дунё тавассути Худованд бо чизҳои мухталифе пӯшида шудаанд ва пинҳонанд, ки барои дидану расидан ба онҳо заҳмату меҳнат ба кор меравад. Барои мисол, аз куҷо метавонӣ “алмос” ба даст биёварӣ, ки яке аз гаронтарин чизи дунё ба шумор меравад? Ин дар ҳолест, ки он дар умқ ва чуқуриҳои замин ҷой дорад, аммо барои дарёфт ва дастарасӣ ба он меҳнати бисёр даркор мешавад ва онро ба осонӣ касб кардан мумкин нест.
Бо ин тартиб аз куҷо метавон марворид ба даст овард? Албатта, аз чуқуриҳои дарёҳо ва даруни пӯстҳои сахти садафҳо, ки барои гирифтан ва соҳиб шудан бисёр заҳмат мебояд. Ҳамчунин ба даст овардани тилло низ барои инсон дар дунё осон нест. Онро дар чуқуриҳои маъданҳо, ки зери сангу хор ҷой гирифтааст бо бисёр аз меҳнатҳо метавон кашф кард. Дар умум духтари ман, ҳама чиз дар дунё ҷой ва мақоми худро дорад, ки на ҳар кас метавонад онро касб ва соҳиб гардад.
Пас гуфтани ин қиссаҳо ман ҳайрон будам, ки падарам дар ин синну соли хурдӣ чаро ба ман аз алмосу марворид ва тилло қисса мекунад. Падарам яку якбора бо нигоҳи тезе ба чашмони ман нигарист ва гуфт, духтарам, ширинам, азизам, бадани ту низ чун тилло ва марвориду алмос бисёр арзишманд аст, ки Худованд барои шумо ато фармудааст.
Огоҳ бош, духтарам, қиммат ва арзиши бадани ту аз ҳамаи ин гуфтаҳо ҳам болотар меистад, пас азизи ман, тавре ки ин чизҳои ночиз (тилло, алмос, марворид) чунон пушонида шудаанд, ки инсон бо хеле мушкилиҳо метавонад онҳоро ба даст биёрад, ту ҳам бадани зебои худатро тавре нигоҳ дор, ки ба зудӣ дастарси дигарон нашавад. Чун ки бо ин ҳол қиммат ва ҳастии ту аз байн меравад ва ту аз неъмати додаи Худо, ки бар ту раво дидааст бенасиб хоҳӣ монд. Ту бо ин рафторат қиммати худро ҳамчун як беҳтарин махлуқи Худованд аз даст хоҳӣ дод!
Баргардон аз форсӣ
Ҳувайдои Абдуллоҳ