Categories Uncategorized

Қарзҳои Чин зам мешаванд, кам не…

nahzat.tj

Кишварҳое, ки пардохтпазир нестанд, ҳамеша зери сояи фақр ва осебпазири қарор доранд. Тоҷикистон ҳам дар ин феҳрист ҷо дорад. Ин нишондоди ягон таҳқиқот нест, балки хулосаи коршиносони соҳаи иқтисод мебошад.

Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз ду миллиард доллар аз кишварҳои хориҷ қарз дорад. Бахши бузурги ин қарз аз Чин аст, ки Тоҷикистон бояд ки онҳоро баргардонад. Бархе аз коршиносони соҳа аз афзоиши қарзҳои Чин ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки агар Тоҷикистон ин қарзҳоро гардонда натавонад, Чин бар ивази қарзҳо метавонад корхонаҳо ва манбаъҳои зерзаминии кишварро таҳти назорати худ дароварад.

Ҳудуди 1 милирад қарзи Чин болои Тоҷикистон

Коршиносон мегӯянд, ки қарзи Чин болои Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ аст, ки ин барои ояндаи кишвар хатарзо аст, сарфи назар аз он ки ҳукумат мегӯяд, ки ин қарзҳо барои дарозмуддат гирифта шудаанд, яъне давоми 50-60 сол багардонида мешаванд ва ҳеқ хатаре надоранд. Қарзҳои Чин бо вуҷуди ин ки дарозмуддат буда, фоизи паст, яъне имтиёз доранд, аммо ба ҳар сурат қарз барои Тоҷикистон, ки иқтисоди заиф ва ҷамъияти хурди 7 миллиона дорад, хатарзост.

Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд: “Чин танҳо дар бахши роҳсозӣ ба Тоҷикистон қарз медиҳад ва ин қарзҳо ҳам бояд, ки дар муддати мушаххасшуда баргардонида шаванд. Аммо осбпазири қарзҳои Чин дар он аст, ки кишвар дар оянда бо он иқтидоре, ки дорад имкони баргардонидани қарзҳоро наҳохад кард ва ин қарз, ки ҳукумати кунунӣ мегирад, барои ҳукумати баъдӣ мерос мемонад.”

Бино ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ табодули мол байни Тоҷикистон ва Чин ҳудуди 313 миллион доллари амрикоӣ будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки табодули мол байни ин ду кишвар дар соли 2010 68 миллион доллар будааст. Тибқи ин оморҳо сол тол табодул байни ин ду кишвар меафзояд.

Ҳоло дар Тоҷикистон бо маблағҳои қарзии Чин ҳудуди 300 миллион доллар сохтмони тунели Шаҳристон – Душанбе – Чаноқ идома дорад, ки рӯзҳои наздик ба итимом мерасад.

Чаро чиниҳо танҳо роҳ месозанд?

Ҳоло ширкатҳои чинӣ асосан дар сохтмони роҳҳо ширкат доранд, дар ҳоле ки ниёзи Тоҷикистон ба бунёди корхонаҳои тавлидотӣ бештар аст ва ин ба масали мардумӣ “Абарқудратон хуб медонанд чӣ кор кунанд” дуруст меояд.

Коршиносон қарзҳои дарозмӯҳлати Чин болои Тоҷикистонро бегазанд намедонанд. Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президент мегӯяд: “Гирифтани қарз иқдоми маъмӯлӣ аст. Ҳар як давлати хурду бузург метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ қарз гирад. Мо аз чандин бонку ҳазинаҳои ҷаҳонӣ қарз гирифтаем. Ҳамчунин Чин ба мо бештар қарз додааст ва ин зарар надорад, зеро ин қарзҳо барои иқтисодиёти мо муфиданд. Агар аз хати қирмизӣ гузарад, он вақт метавонад зарарнок бошад.”

Раҳматулло Валиев, таҳлилгари соҳа, ба “Озодӣ” гуфта буд: «Бар асоси қонунҳои байнулмилалӣ, кишвари қарздиҳанда ҳақ дорад, бо арзиши қарзаш корхона ё захираи табииеро аз кишвари қарздор талаб кунад. Ҳар қадаре, ки қарзи Чин ба Тоҷикистон зиёд шавад, Тоҷикистон ҳамон қадар вобастаи Чин мешавад ва дар лаҳзаи ҳассос Чин ҳар чизеро талаб кунад, Тоҷикистон маҷбур аст, иҷро кунад… Тоҷикистон дар гирифтани қарз аз Чин, ки бо иқтисоди тавоно дорои якуним миллиард сокин аст, эҳтиёткор бошад.»

Аммо дар ҳамин ҳол Саидэҳсони Ҷалолиён, хабарнигори тоҷик, афзоиши қарзи Чин барои Тоҷикистонро зиёд хатар мехонад. Ба таъкиди вай, “вақте қарзҳо афзоиш меёбанду Тоҷикистон саривақт онро барнамегардонад, намедонем, ки онҳо бар ивази он чизҳои бузургтареро талаб намекунанд? Ман фикр мекунам, ки ба бонкҳои чинӣ барои қарз гирифтан Тоҷикистон шояд ягон иншоот ё корхонаи бузургеро ба гарав мемонад, вақте қарз саривақт пардохт намешавад. Пас, суол инаст, ки онҳо тибқи шартнома ин иншоотро намегиранд?”

Тоҷикистон бояд сармоя биорад, на қарз

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, таҳлилгар аз ҲНИТ зимни як нишаст дар Маркази тадқиқотии стратегӣ дар масъала чунин иброз дошта буд: “Тоҷикистонро зарур аст, ки домани қарз гирифтан аз Чинро хотима диҳад, балки сармояҳои чиниро ҷалб кунад. Зеро хатари қарзҳо барои кишвари Тоҷикистон, ки тавлидоти бозоргир надорад, пайомади нек надорад.”

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар зимни як нишасти матбуотӣ барои нагузаштани қарзҳои Тоҷикистон аз хатти қирмизӣ дилбардорӣ дода буд, ки “қарзҳоро аз ҳисоби грантҳо мепӯшонем.”

Вале ҷаноби Исмоилиён мегӯяд, ки ҳаҷми грантҳое ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, дар назди қарзҳои кишвар ночиз ҳастанд.

Қарзҳои Тоҷикистон дар анзди Чини абадқдурат интрига боқӣ мемонад ва маълум нест, ки ин кишвари интиқолдиҳандаи нерӯйи корӣ ва қарздиҳанда ба дунболи қарзҳои хеш чӣ ҳадафе дорад?

More From Author

You May Also Like