Абдураҳмон
Алфараҳ, кӯдакест аз Алҷазоир, ки бо лақаби ” Кӯдаки муъҷиза” ёдоварӣ мешавад. Тавре гуфта мешавад, ин тифл то синни ду
солагӣ ҳатто ҳарф заданро ёд надоштааст. Модари ӯ мегӯяд, вақте Абдуррахман
бори аввал ҳарф зад, аввалин каломаш сураи “Каҳф” буд, ки бо талаффузи возеҳу
равшан шунида мешуд. Гуйё якҷо бо ҳамин сура ба дунё омада бошад.
Илова бар ин
модари ин ҳофизи хурдсол меафзояд, ки аз бар намудани Қуръони карим барои ин
тифл аз тамошо ва гӯш додани шабакаи телевизионии «Аль-Афасий» аксари авқот ва
ҳангоми адои намоз дар ин шабака оғоз гардид. Гузашта аз ин ҳангоми дар батн
будани тифл, рӯзҳои ҷумъа, сураи “Каҳф” ва ду сураи
ахири Қуръон ва сураи”Мулк”-ро ҳамарӯза қироат мекардам. Ҳамзамон пас аз ба дунё омадани
тифл ҳар рӯз руқия ва дуои субҳу шомро мехонадаму мешунидам. То ин умурро анҷом
намедодам, ба хоб намерафтам.
Абдураҳмон инак
дар синни селогӣ Қуръони каримро тақрибан бо ҳама қавонини таҷвид дуруст қироат
мекунад.
Инчунин аҳодиси
шарифро бо ровиёнаш бо қироати салавот зикр мекунад. Абдураҳмон, хондан ва
навишатанро ҳанӯз ёд надорад, вале ба тартиби сура ва оятҳо диққат медиҳад.
Падари Абдураҳмон
тасмим бар он дорад, барои писараш барномаеро
тартиб диҳад, ки то синни панҷ солагӣ
Қуръонро бо қироатҳои гуногун ҳифз
намуда инчунин дар мадорис идомаи таҳсил намояд.