Дар ҳавзаи якмандатаи
интихоботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров №14, 9.2.2015 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳоҷиматов
Мирзоқул ба қайд гирифта шуд.
Ҳоҷиматов Мирзоқул узви раёсати олии ҲНИТ буда, ҳамзамон
масъулияти муовини раиси шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғдро ба уҳда дорад. Номбурда соли 1959 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба дунё
омадааст.
Ӯ соли 1982 Донишгоҳи тиббии ба номи А. И. Синоро дар
риштаи эҳёгарӣ хатм намудааст.
Донандаи забонҳои русӣ ва узбекӣ мебошад.
Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд аст.