Categories ДИДГОҲ

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Кодекси нави андоз бояд пурра аз нав таҳия карда шавад

Ҳоҷимуҳаммад Умаров: Кодекси нави андоз бояд пурра аз нав таҳия карда шавадcolorstart:#000000Баҳси мушкилоти Кодекси нави андоз нигаронии соҳибкорон ва коршиносони тоҷикро ба миён овардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори тоҷик дар як матлабе дар нашрияи “Озодагон” назари худро матраҳ сохта, гуфтааст, агарчӣ олимон, мутахассисон, коршиносон ва ҳатто худи андозсупорандагон пештар ба зарурати таҳияи Кодекси нави андоз таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд, аммо алъон ҳар як нафар, ки каму беш роҷеъ ба фаъолияти андоз сарфаҳм меравад, изҳор медорад, ки Кодекси андози нав дар муқоиса на танҳо бо кодекси пешина, балки аз ҳамаи кодексҳои пештар аз он таҳияшуда низ бадтар аст. Ва ҳуҷҷати нав исроркорона на манфиъати андозсупоранда, балки манфиъати роҳбарияти мақомоти андоз, яъне онҳоеро ҳимоя мекунад, ки дар таҳия ва қабули он саҳм доранд.

Ӯ мегӯяд, “Ба назари мо, ҳамаи онҳое, ки бо мавқеъҳои гуногун ҳуҷҷати навро танқид мекунанд, ҳаққанд. Худи далели он ки баъд аз қабули Кодекси андоз аз тарафи парлумон зиёда аз 100 тағйиру илова ба он ворид шудааст, дуруст будани интиқоди мазкурро тасдиқ мекунад. Аммо, ҳуҷҷати амалкунанда на ба мукаммалкунӣ, балки пурра ба аз нав таҳия шудан ниёз дорад, зеро дар шакли кунунӣ он хусусияти мусодиравӣ дорад ва мухолифи манфиъатҳои ҷамъият, иқтисодиёт ва табақаҳои меҳнатии аҳолӣ аст.”

Ин олими бахши иқтисоди кишвар иқтибосе аз ҷониби классики шинохтаи илми иқтисод А. Смит меорад, онҳо 4 принсипи асосие муқаррар карда шуда буда, ки низоми дурусти андозӣ аз он шакл гирифтааст: 1) мутаносибии андозҳои ҷамъшаванда бо даромади андозсупоранда; 2) яқинӣ ва муайянии меъёри андоз; 3) мувофиқии услуб ва вақти ҷамъоварии андоз барои андозсупоранда; 4) самаранокии ниҳоии андоз, ки дар хароҷоти ками давлат ва ҷамъият барои ҷамъоварии андоз ва нигоҳдории мақомоти андоз ифода ёфтаанд.

Дар хулосаи гуфтаи А. Смит профессори тоҷик мегӯяд, ҳатто нафари аз монеъаҳои андозӣ ноогоҳ метавонад ба осонӣ хулоса намояд, ки низоми андозбандии имрӯзаи Тоҷикистон ин хусусиятҳоро надорад ва дар худ 4 шарти дар боло овардашударо таҷассум намекунад.

Дар идомаи матлаби худ Ҳ. Умаров мегӯяд, Кодекси нави андоз аз ҷиҳати илмӣ ниёз ба асосноккардашуда дорад. “Дар яке аз паёмҳои худ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарони Кодекси нав супоришҳои зерин дода буд: вазифаи Кодекси нави андоз ин паст намудани гаронии андоз, кам кардани шумораи андозҳо, ба ҳар як адозсупоранда фаҳмо будани он ба ҳисоб меравад.” Вале имрӯз бо қатъияти тамом гуфтан мумкин аст, ки гаронии андоз дар муқоиса бо Кодекси андози пешин зиёд шуд, меафзояд професори тоҷик.

Умаров қайд мекунад, ки ширкати тиҷоратии «Созидание», ки меҳмонхонаи муъосири панҷситора ва маркази тиҷоратиро ба истифода дода, дар он ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мустақар шудаанд, низ чунин ҳолатро аз сар мегузаронад. “Дар ин ҷо низ механизми тафтишоти такрорӣ ба роҳ монда шуда буд. Манбаъи тафтишот фурӯши ширкат ва иваз шудани соҳибмулк гардид. Дар натиҷа ширкат ба миқдори 322 млн. сомонӣ ё худ 65 млн. доллари ИМА андозбандӣ карда шуд. Ширкати мазкур ба суд муроҷиъат намуд, аммо қарори суд ба манфиъати ӯ нашуд.”

Инчунин ба гуфтаи ӯ тафтишоти такрорӣ нисбати ширкати мобилии «Вавилон-Мобайл» на камтар аз фоҷиъа ба назар мерасад. “Ширкати мазкур бо тартиботи бенуқсони андоз, мавҷуд набудани қонувайронкунӣ ва мунтазам пардохт намудани андози хеле калон ба буҷаи давлат фарқ мекард.” Бояд зикр намуд, ки чунин кӯшишҳо аз тарафи Кумитаи андоз коршиносонро ба фикру хаёли ҷиддӣ мебарад. Ҳатто Кодекси андоз бо камбудиҳои зиёди худ, хатоиҳо ва мухолифоти зиёд чунин асос барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ ва нишон додани қарзҳо дар ҳолатҳои овардашударо намедиҳад.

Дар хулосаи матлаби худ Ҳоҷимуҳаммад Умаров тазаккур медиҳад, ки Кодекси нави андоз бояд пурра аз нав таҳия карда шавад. “Зарур аст, ки аз ҳамин рӯз ба баррасии идеяҳои асосии сифатан нави Кодекси нави андоз, ки бояд ифодакунандаи манфиъатҳои миллӣ бошад, оғоз кунем. На ин ки манфиъатҳои душманони кишвар ва гурӯҳи иҷтимоии алоҳида, ки манфиъати меҳнаткашонро поймол мекунанд, дар авлавият қарор гиранд. Барои таҳияи ҳуҷҷати мазкур бояд олимон ва коршиносони солимфикри баландихтисос аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ даъват карда шаванд. Кодекси нав бояд дар базаи дастовардҳои охирини илми иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва бо назардошти масоили ташвишоварии иҷтимоии ҷумҳурӣ таҳия карда шавад.”, мегӯяд Умаров./colorend

More From Author

You May Also Like