Ҳоҷӣ аз адои фаризаи Ҳаҷ чӣ бояд омӯзад?

Тавре барои аксар мардуми мусалмон маълум аст, Ҳаҷ дар дини Ислом яке аз рукнҳои панҷгонаи он ба шумор меравад. Аммо ин рукн аз рукнҳоест, ки на ҳар инсон метавонад дар иҷрои он комёбӣ ҳосил намояд. Зеро дар адои ин рукни Ислом дар баробари анҷоми амалҳои ибодатӣ, боз сарфи молу дороӣ низ дида мешавад. Аз ҷумла инсон барои он ки ҳоҷӣ шавад, бояд маблағи муайянеро барои сафар ба Ҳаҷ доро бошад. Дар баробари ин бояд маблағеро пасандоз ба хотири аҳли оилаи худ во гузошта бошад, ки то бозгаштанаш аз сафари Ҳаҷ хонадони ӯ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд. Ҳамин аст, ки ин рукни Ислом бар сари ҳама мусалмонҳо фарз нахоҳад гашт, то замоне ки шурути он дар инсон дида нашавад. Аз ин хотир на ҳама қобил ва тавоноии анҷом додани ин фаризаро дар зиндагӣ пайдо карда метавонанд. Пас маълум мегардад, ки касоне ки имрӯз қодир ва тавоно бар адои ин амри бузург ва таърихии исломӣ мебошанд, аз хушбахттарин инсонҳо ва соҳибони фазл ба шумор мераванд. Зеро онҳо имрӯз тавонистаанд, ки бо сарфи молу дороии худ охирин фарзи илоҳӣ ва бузургтарин рукни Исломро ба ҷо биёранд. Онҳо касоне ҳастанд, ки сарзамини ваҳй ва макони ошиқони Худоро зиёрат мераванд ва ҳаҷҷи хонаи Худо мекунанд.
Дар баробари ин, рафтан ба Ҳаҷ ва адои он бояд бо қалби солим ва пок аз риёву худнамоӣ анҷом дода шавад. Зеро адои Ҳаҷ яке аз фарезаҳоест, ки бояд инсон дар адои он холисона ва бо моли ҳалол онро ба ҷо биёрад, ҳамзамон саъй кунад то дар ин роҳи дуру дарозе ки меравад ризогии Худовандро касб намояд. Зеро бисёр аз ҳоҷиён пас аз бозгашт аз сарзамини ваҳй чунин худро намоиш медиҳанд, ки гӯё ӯ аз ҷумлаи беҳтаринҳост ва ё одатан дар худ як одати кибру ғурурро дар нисбати ҳамдеҳагону ҳамватанони худ муносиб медонанд. Ин дар ҳолест, ки Ҳаҷ рафтан ва ё ҳоҷӣ шудан маънои онро надорад, ки худро дар нисбати дигарҳо боло барӣ ва худро аз дигарҳо бартар шуморӣ, балки бояд пас аз бозгашт марди ҳоҷӣ дар худ рафтор ва кирдореро дошта бошад, ки барои дигарҳо дарси ибрат гардад.
Вале лозим ба ёдоварист, ки вақте як инсон барои адои Ҳаҷ меравад ва ин фарзи исломиро адо менамояд, оё мақсад ва маром аз онро дарк мекунад? Оё медонад, ки Ҳаҷ ва зиёрати хонаи Худо аз ӯ чи талаб дорад? Ин ва чанд саволи дигар аст, ки инсон бояд посухи онро дарёбад ва мақсад аз адои Ҳаҷу ибодати онро дарк намояд. Чунки дар ин зиёрат ва адои фареза пеш аз ҳама инсони мусалмон бояд дарк кунад, дини Ислом тамоми мусалмонҳоро, новобаста аз миллату қавм ба ягонагӣ ва ваҳдати исломӣ даъват менамояд. Иҷтимоъи мусалмонҳо ва ҷамъ омадани онҳо дар маконе дарсест, ки инсонро ба хушӯъ ва худшиносию Худошиносӣ роҳнамоӣ мекунад. Чунки инсон дар маросими адои Ҳаҷ бо гурӯҳҳо ва афроди гуногуншаклу миллатҳои дигари дунё во мехӯрад, ки ҳама дар талоши пайдо намудани ошиқи худ ҳастанду баробар Ӯро ибодат мекунанд. Дар ин иҷтимоъ мусалмонҳо аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сарзамини муборак Маккаи Мукаррама гирди ҳам меоянду пайваста имонашонро таҷдид мекунанд. Пас бояд ҳоҷии мӯҳтарам аз чунин иҷтимоъи мардум дарк намояд, ки дар дини Ислом чизе бо номи табъиз вуҷуд надорад. Дар дини Ислом ҳама инсон, бидуни он ки чи ранг дорад ва гӯяндаи кадом забоне набошад баробаранд. Дини Ислом фарқ миёни пайравонашро танҳо дар тақво ва парҳезгорӣ мақом додааст.
Ҳамзамон иҷтимоъи мусалмонони дунё дар сарзамини таърихӣ имкон медиҳад, ки ҳоҷӣ аз фарҳангу маданияти хуби дигарҳо баҳравар гардад ва бо мардуми ҷамъомада ҳамкорӣ ва ҳамфикрии диниро тақвият бахшад. Ҳамзамон ин иҷтимоъи бузург сабаб мегардад, ки ваҳдати мусалмонҳоро ба душманони Ислом баён намояд ва ҳоҷиро зарур мебояд, ки ин ваҳдатро ҳамеша дар қалби худ нигоҳ дорад ва пас аз бозгашт барои расидан ба ваҳдат ва ягонагии миллати Ислом дар кишвари худ хидмат намояд.
Дигар таълимоте, ки ҳоҷиро аз зиёрати адои Ҳаҷ насиб мегардад он аст, ки либоси сафеди ба бар кардаи ҳоҷиён ва мусалмонон гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дини Ислом покӣ ва назофатро аз мусалмон талаб мекунад. Дар баробари ба бар кардани либоси сафед ишора бар он мекунад, ки мусалмон бояд аз олудагии гуноҳ ва маъсият дурӣ ҷӯянд ва бо қалбу ҷони пок ба сӯи Худованд биштобад. Ҳангоме ки гуноҳ қалбу даруни инсонро фаро гирифт бо тавба ва руҷӯъ ба сӯи Худованд худро аз олудагии маъсият пок кунанд.
Ғайр аз он ки ҳоҷии хонаи Худо аз мушоҳидаҳо ва рафтору кирдори мардум барои худ чизе панд мегирад, дар баробари он амалҳои ибодатие, ки дар рафти адои Ҳаҷ анҷом медиҳад роҳнамо ва дарси дигаре барои соҳиби ақлу як мусалмони комил ба шумор мераванд. Барои мисол тавоф кардан даври Каъба низ дарсе аст, ки мусалмонон бояд Худовандро меҳвар асосии зиндагии худ қарор диҳанд. Ҳамчунин танҳо Ӯро дар зиндагӣ ҷӯё бошанд ва дар ҳар куҷо ки набошанд бояд дар ибодат ва бандагӣ ба тарафи Ӯ рӯ биёранд. Тавофи Каъба гӯё аз он аст, ки эй мардум, шумо бояд дар ҳамбастагӣ ба ресмони Худованд чанг бизанед ва онро муҳкам нигоҳ доред, то дар кашокаши беадолатиҳои замона ҳамбастагии шумо пароканда нашавад.
Рафтану омадан байни Сафо ва Марва низ нуктаеро ба ҳоҷӣ ва зоири Байтуллоҳ ишора мекунад, ки дар зиндагӣ дар баробари он ки барои ғайри Худо талоши бештар менамояд, пас бояд талошҳоеро барои Худо ва ризоияти Ӯ низ анҷом диҳад. Чунки Худованд ягона холиқест, ки дар ҳама ҳолат инсонро ризқу рӯзӣ дода, ҳаёти ӯро ба як тартибу низом даровардааст.
Дигар аз амалҳои ибодатие, ки ҳоҷӣ анҷом медиҳад, вақф дар майдони Арафа аст, ки дар он омӯзиш бандагӣ ва дилдодагӣ ба Худованд мушоҳида мешавад. Таваққуф ва интизорӣ дар майдони Арафа, рӯзи Ҳашр ва майдони рӯзи ҳисобро ба ёд меорад, ки инсон ҳамеша бояд рӯ ба раҳмати бепоёни Худо дошта бошаду ҳамеша аз он умедворӣ кунад. Зеро охирин истгоҳи ҳаёти инсон ва ҳисоботи ӯ назди Худованд дар рӯзи Ҳашр аст. Инсон ҳамвора бояд дар фикри он бошад, ки ӯ оҷизу нотавон аст ва ҳамеша ниёз ба кӯмаку дастгирӣ дорад, ки онро танҳо аз тарафи Худованд дар он рӯз метавонад дарёб кунад. Сангпартоӣ тарафи шайтон, ки аз тарафи ҳоҷиён сурат мегирад, ин амал ҳам ишора бар он мекунад, ки инсон дар зиндагӣ ҳамеша дар ҳолати мубориза қарор дорад. Яъне инсон ҳамеша дар гирудори мубориза бо шайтонҳои ҷиннӣ ва инсӣ қарор дошта, бояд талош кунад, ки худро аз ин мушкилиҳо бираҳонад ва дар мубориза бо шайтнҳо комёб гардад.
Забҳи ҳайвон, яъне қурбонӣ кардан дар роҳи Худо ва зинда гардонидани суннати иброҳимӣ ин фидокорӣ ва арзишгузорӣ ба дастури Худованд аст. Зеро одамӣ дар мароҳили мухталифи зиндагӣ аз мол ва дороии худ барои хостаҳои шахсии худ истифода мекунад. Аммо ин ҷо меомӯзад, ки ҳар он чи дорад аз они Худо аст ва ба ӯ Худованд рӯзӣ кардааст. Пас бояд ӯро аз ёд набарад ва барои ризои Ӯ моли худро фидо кунад, то меҳрубонии Холиқи худро ба даст биёрад. Дар забҳи мол ҳикмати дигарест, ки агар инсон бо забҳи мол меҳрубонӣ ва ризоияти Худовандро ба даст биёрад, ҳамзамон муҳаббати зиёд доштани молро низ метавонад бо ин восита аз дил берун кунад ва ҳамчунин аз мардуми ниёзманд ва мустамандону бенавоён ғофил намемонад.
Дили ҳоҷӣ ва даруни ӯ бояд мисли он ки сарашро дар вақти адои ибодати Ҳаҷ метарошад софу беолоиш бошад. Дар тарошидани сар, ки ба истиллоҳи фиқҳӣ онро “ҳалқ” меноманд нишонаи камоли итоат ва бандагӣ аз Худованд аст. Пас вақте инсон сарашро аз муй пок мекунад, бояд даруну қалби худ ва хостаҳои нафсонии худро решакан намояд. Барои ҳамеша аз афкор ва андешаҳои ботил худро пок гардонад. Худованд мутобиқи дастуроти худ барои ҳоҷӣ амр менамояд, то дар рафти ибодати Ҳаҷ аз ҳама гуна ҷангу ҷидол ва корҳое, ки инсонро ба мардумозорӣ мебарад бипарҳезад. Яъне инсон дар ин даврон як зиндагии солим ва холӣ аз нафрату ҳасадро дар худ дошта бошад. Ҳамчунин ин дастуроти илоҳиро барои ҳамеша дар зиндагии худ амалӣ намояд.
Агар дар мавриди он ки як ҳоҷӣ ё як зоири хонаи Худо аз сафари бояд чи корҳоеро барои ояндаи зиндагии худ баҳра бигирад баҳс намоем, метавон дар ин хусус сафҳаоро пур кард. Зеро ҳар амр ва фарезае, ки дар дини Ислом барои мардуми мусалмон дастур дода мешавад, холӣ аз ҳикмат ва таълиму тарбия нестанд. Аз ҷумла пеш аз рафтан ба ҳаҷ ингуна иҷтимоъ ва даъвати ҳамбастагии Исломро нисбати пайравонаш метавонем дар намозҳои панҷвақта мушоҳида намоем. Чунки мақсад аз адои намози панҷгона дар масҷид ва бо ҷамоат адо намудани он даъватест ба ягонагӣ ва ҳамбастагии мусалмонҳо. Ҳамчунин намозҳои ҷумъа ва дигар ибодатҳо, мисли моҳи Рамазон ва адои намозҳои таровеҳ дар масҷид ва ғайра, ки ҳамаи он холӣ аз таълиму тарбия намебошанд, аммо дар анҷоми онҳо инсонсозӣ ва зиндагии солим дар ҳамбастагӣ дида мешавад. Аммо ин ҷо иктифо мекунем ва умед дорем, то ҳоҷии мо, ки аз сафари Ҳаҷ бармегардад чизе аз сафар барои худ ва зиндагии солим ва холӣ аз ҳасрату ғашро касб карда ва намунае барои дигарон мешавад. Худованд ҳаҷи ҳамаи ҳоҷиёнро қабул фармояд ва гуноҳонашонро мағфират намояд.

Ҳувайдои Абдуллоҳ

More From Author

You May Also Like