Categories Uncategorized

Сухане чанд дар ҳошияи «қоидаи тоҷикӣ»

Акбари Турсон

Ҳампайвандии наслҳои одамӣ ва аслҳои фарҳангӣ ҷавҳари фалсафаи таърих бувад. Аз ин маъно «истимрор» меҳвари табалвури суннатҳои фарҳангиест, ки ба ҳайси мабдаъ ва маоди ҳастии маънавии ақвоми ориёитабор кафили бақои таърихии онҳо будааст. Аз қудрату нуфузи ҳамин омили фарҳангӣ буд, ки тамаддуни чандҳазорсолаи эронию тӯронӣ дар масири пурпечутоби таърих ба мисли тамаддунҳои дигаре, чун қибтиён ва бобулиён, нобуд нашуд. Бахусус тоҷикони ду соҳили дарёи Ому, ки тайи ҳазор сол дар иҳотаи амвоҷи нерӯманд ва тавсиаталабонаи қавмҳои саҳронишин қарор гирифта буданд, ба шарофати ҳамин пайванди қавии занҷираи суннатҳои фарҳангиашон тавонистанд низоми давлатдорӣ ва мероси миллатсолориро дар худ ҳифз намоянд.

Дар замони шӯравӣ тоҷикон то андозае дар сиёсат соҳибихтиёр шуда бошанд ҳам, вале низоми коммунистӣ ба мисли теғи дудама буд. Аз як сӯ тоҷикон дар он давра ба шоҳроҳи рушди миллӣ дар буъди моддӣ ворид гардиданд, ам- мо аз сӯйи дигар ин комёбиҳои нисбии моддии мо дар ивази он чунон талафоти сангини рӯҳонию равонӣ ба даст омаданд, ки бетардид, заминаи рушди маънавии халқу кишварро хароб карданд. Коммунистони идеулужигарои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳамаҷиҳата саъй карданду пайваста кӯшиданд, ки моро ҳам аз мероси фарҳангии гузаштагонамон ва ҳам аз саодати дидор ва гуфтугӯ бо бародарони ҳамдину ҳамзабонамон маҳрум созанд.

Давлати томгарои коммунистӣ низоми пешини маорифи диниро барҳам зада ва суннатҳои таърихию фарҳангии «миллатҳои сотсиалистӣ»-ро ба куллӣ «боқимондаҳои урфу одатҳои кӯҳна» эълон карда, мардумро дар рӯҳи ба исти- лоҳ атеизми ҷанговар тарбия кардан хост. Аслан ҳадафи асосии ҳамлаи давлат ба дини Ислом буд. Зимнан яке аз сабабҳои поймол шудани ҳаққу ҳуқуқи таърихии тоҷикон дар солҳои бистум ин буд: роҳбарони идеологиязадаи Ҳизби коммунист бо талқини баъзе шарқшиносони сиёсатзада ба хулосае омада буданд, ки дар миёни халқҳои Осиёи Марказӣ тоҷикон назар ба ҳалқҳои дигар мусулмонони рошидтар ҳастанд ва аз ин рӯ, аз ҷиҳати идеологӣ мавриди эътимод нестанд. Дар натиҷаи таъқибу табъидҳои солҳои сиюм ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аксари пешоҳангони фарҳанги миллии мо нобуд гардиданд ва ҷойи холимондаи уламо ва фуқаҳои соҳибкамолро қишре аз муллоёни худомӯз ва донишгоҳнадида гирифтанд.

Аҷобати кор дар он аст, ки дар замони шӯравӣ ҳама ба таври саросарӣ саводи хондану навиштан пайдо карданд, вале онҳое ки «Шоҳнома»-ро (ҳатто пас аз баргардон ба ҳуруфи кириллӣ) то охир хонда бошанд, ҳатто дар миёни шоирону нависандагон ва мунаққидон ангуштшумор буданд. Бо ин сабаб дар давраҳои охири коммунистӣ баъзе таҳсилкардагони шӯравимаоб миллатгаро шуданд ва бо мақсади худфурӯшии сиёсӣ ва аз ҷиҳати ҷаҳолати арзишҳои маънавӣ-миллӣ худро барои ҷомеа «равшанфикр» муаррифӣ карданд.

Дар замони пасошӯравӣ фазои маънавии ҷомеа дар дохили сегӯшаи «нависанда-китоб-хонанда» аз он ҳам бадтар шуд ва бозори озоди арзишҳо, ки ба истилоҳ «маданияти оммавӣ» рукни асосии онро ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад. Ҳақиқати талх ин аст, ки бисёр унсурҳои ин «маданият», аз китобу кинофилмҳо гирифта, то синамою видеонамоишҳо ва намоишҳои телевизионӣ, ба рӯҳу равони суннатҳои фарҳангии мо рост намеоянд. «Глобализатор»-ҳои навбаромади пасомодернистӣ тоҷирони моҳир ҳастанд, онҳо рӯҳиёти наврасонро хуб мавриди сӯистифода қарор дода, ба сӯйи бизоати беарзиши маданияти худ мекашонанд ва таассуфовар аст, ки аллакай бозиҳои компютерӣ ҷойгузини китоб ва китобхонӣ гардидааст.

Боз ба тақдиру тақвими аҳди шӯравӣ рӯй оварда, ин нуктаро ёдрас мекунам, ки ҷараёни ворид намудани ганҷҳои тамаддуни қадиму ҷадид ба ҷомеа аввал аз ғалбери идеологияи давлатӣ гузашта, баъд ба мо мерасид. Аз ҷумла, мероси фарҳангии ҳазорсолаи худамон ки кайҳо ба хазинаи фарҳанги ҷаҳонӣ дохил шудааст, аввал бо меъёрҳои сохтаю бофтае, ба мисли «динию иртиҷоӣ», «даҳрию мутараққӣ», «бою феодалӣ», «буржуазию зиддимардумӣ» ва ғайраҳо сара мешуд ва пас аз нақдҳои материалистӣ ба дасти хонанда мерасид ва биноан осори хаттии гузаштаи дуру наздик бо ихтисорҳои худсарона ва таъбирҳои муғризона чоп мешуданд. Дар натиҷаи ин тадбири номатлубу носавоб тамомияти таърихию маънавии фарҳанги ниёгонамон аз байн рафт, пайванди наслҳо ва асолати «истимрор»-и таърихӣ дар он ба куллӣ қатъ гардид ва ворисон моҳияти рисолати аҷдодиашонро ба таври бояду шояд дигар дарк карда наметавонистанд.

Акнун пас аз истиқлоли кишвар фарҳанги миллӣ ва сохтори маърифатии ҷомеа ба аҳди навин ва андешае муносиб бо ҷойгоҳи таърихии он дар ҷаҳонӣ муосир ниёз дорад ва бояд ҳамон ваҳдати таърихиаш дубора барқарор гардад, то онро аз занҷирҳои даступогири фикрӣ ва рукуди маърифати иҷтимоӣ бираҳонад ва заминаҳои рушди ақли таҳлилӣ ва пешрафти паҳлӯҳои гуногуни зиндагиро дар он побарҷо созад. Зеро аз як сӯ ҳар миллат ва кишваре ба фарҳанги нерӯманди иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии пӯёе ниёз дорад, то бар пояи он хатти дурусти фикрӣ, барномаи равишманди маънавӣ ва ангезаҳои пурбори ифтихори миллиро барои фарзандони худ пешбинӣ ва таъмин намояд ва аз сӯйи дигар Ислом дар тӯли бештар аз ҳазор соли охир дар мағз андар мағзи расму одот ва суннатҳои миллиамон ҷой гирифта ва бахшҳои гуногуни осори фарҳангии гузаштагонамон аз файзи он баҳра бардоштаанд.

Муносибати сард бо арзишҳои миллӣ, бархӯрди манфӣ бо мероси гаронмояи ниёгон ва нигоҳи душманона ба дин дар чанд даҳаи гузашта на танҳо ҷомеаро дар арсаҳои гуногуни илмӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба ҷойи шоистае нарасонд, балки онро аз рушди тадриҷии илмӣ, салиқаи эҷодкорӣ ва заминаҳои бештар аз ҳазорсолаи фарҳанги миллӣ низ маҳрум сохт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз ки бӯҳронитарин давраҳои таърих ва шадидтарин ҳолати таназзули маънавиро аз сар мегузаронад, дар он рӯйкарди тозае ба фарҳанги исломӣ мушоҳида мешавад. Институтҳои байналмилалӣ ва марказҳои пажӯҳишӣ дар кишварҳои пешрафта бо нигоҳи мантиқӣ ба таълимоти башардӯстона (гуманӣ)-и Ислом арзишҳои инсонии онро мавриди омӯзишҳои татбиқӣ ва таҳқиқотҳои ҷомеашиносонаи худ қарор дода истодаанд. Бо ҷуръат метавон гуфт, ки таълимоти гуманӣ ва омӯзаҳои маърифатии Ислом на танҳо дар таҳқими пояҳои ваҳдати миллӣ, эҳёи асолати фарҳангӣ ва рушди маънавиёти ҷомеа метавонанд нақши созанда ва муассир дошта бошанд, балки метавонанд меҳвари ваҳдати фикрӣ, таҳдоби ҳамгароии тамаддунҳо ва асоси ҳамдилии ҷомеаи ҷаҳонӣ низ бошанд.

Бинобар ин кайҳо боз зарурати нигариши тоза ба арзишҳои миллӣ, донишҳои динӣ ва андӯхтаҳои пурбори ниёгон эҳсос мешуд. Бояд ба ин захираи нафиси фарҳангӣ ва мероси гаронбаҳои илмӣ бо нигоҳи нав ва рӯйкарди илмӣ бархӯрд шавад ва бозшиносӣ, таҳия ва пешкаши он барои қишрҳои гуногуни мардум бо услуби хос ва ё методалогияи муносибе анҷом гирад.

Алифбои арабӣ ин танҳо ҳуруфе нест, ки аҷдоди мо тавассути он баъзе китобҳояшонро нигошта бошанд, он барои мусулмонон, аз ҷумла тоҷикон, фақат расм-ул-хат набуда, балки тарҳ ва тарзи навишти ҳуруфи арабӣ бар раванди самти тафаккур ва ҷаҳонбинии мо нақши равшан гузоштааст. Қуръонро низ набояд фақат китоби муқаддаси диние донист, ки табаррукан дар маросимҳои хосе тиловат мешавад, балки Қуръон ва умуман Ислом дар воқеъ, дар мардуми Аҷам муҳити маънавие ба вуҷуд овард, ки барои рушди тамоми фарҳанги хосу оми мусулмон замина гардид. Низоми шеъри нав ба забони порсии дарӣ дар қолаби илми арӯз бо ҳуруфи алифбои арабӣ арзи вуҷуд кард ва забони адабии мо – форсии тоҷикӣ, ки то кунун боқист ва иншоаллоҳ, зиндаю ҷовид хоҳад монд, бори нахуст дар заминаи таълимоти фарҳангии дини Ислом ва дар чорчӯбаи алифбои арабӣ арзи вуҷуд кард.

Абдушарифи Боқизода, воқеан ҳам, тавонистааст, ки дар чандин китоб ва рисолаҳои худ бо ин равиш ба донишҳои динӣ ва матнҳои улуми исломӣ бархӯрд намояд ва заминаи омӯзиши равишманд ва мутолиаи таҳқиқиро барои насли нав омода созад. Китоби «Фиқҳи исломӣ»-и ӯ дар муаррифии фарҳанги қонунгузорӣ ва риштаи ҳуқуқи динӣ ва «Тафсири навини Қуръони карим» (ҷилди аввал) дар ҳавзаи маорифи қуръонӣ боарзиштарин дастоварди илмӣ барои миллат дар чанд даҳаи ахир ба шумор мераванд. Эшон роҳро барои чунин иқдоме дар радифи барномаҳои фарҳангии кишвар боз карда ва сукути ваҳшатзои илмиро дар ин меҳвар дарҳам шикастанд.

Китоби «Қоидаи тоҷикӣ», ки ҳоло пешкаши шумо мегардад, дар сатҳи маънавии ҳамин тақозои илмию иҷтимоӣ навишта шуда, барои ҳар хонандаи соҳибтараддуде ки шиносоӣ бо мероси ниёгон ва пайванди таърихии фарҳанги гузашта бо хол ва ояндаро мехоҳад, роҳнамои киром хоҳад буд!

Барори кор, Худо мададгор!

“Наҷот”

More From Author

You May Also Like