Categories Uncategorized

Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ

ШОИРИ ХУШСУХАН ВА ХУШНАВИСИ ЗАРҚАЛАМ

Агар ба мағзи сухан хотири расо дорӣ,

         Ҳар он чи  Хоҷӣ бигӯяд, ба оби зар  бинвис.

Яке аз суханварони  нозукбаёну  тавонои  тоҷики  охири қарни нуздаҳ ва аввали асри бист Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни  Хатлонӣ мебошад. ӯ дар эҷоди  шеър дасти тавоно, тахайюли рангин ва дар хушнависию наққошӣ   истеъдоди   нодире доштааст Завқи баланд, истеъдоди фитрӣ ва ҳунарварии ӯро  донишмандони  нуктасанҷ ва аҳли илму адаби  Бухорои шариф  ҳангоми дар қайди ҳаёт  буданаш эътироф намудаанд. Тамоми  тазкиранависон  ба ашъори рангину  ширин ва пурмаънои Ҳоҷӣ Ҳусайн баҳои  муносиб ва баланд додаанд.

«Ҳоҷӣ тахаллуси сухансанҷу волофитрат, дарёнаварду  сонеъзамир, саҳронаварду сонеътироз, қаламзану бадеъпардоз, нигорандаи мабонӣ, нигористони маъонӣ Мулло Муҳаммади Хатлонӣ. Таҳсили улум ба назди  асотизи (устодони – Қ. С.) дорулфохира (Бухоро-Қ.С.) карда, пайки тараддуд ба ҳар кӯча даррасида, абвоби футуҳро дар ҳарб ба рӯи худ кушода, аз ҳар  тумане донаро рабуда, пас аз он ба улуфи худ тарки иқомат андохта. Дар он ҷо  байни акобиру  асоғир  эътибори  тамом  ёфта, ашъори  худро ба таркиби девон кашида, дар матбаъаи Тошканд ба зевари табъ расида»… навиштааст Неъматуллоҳи  Мӯҳтарами Бухороӣ  дар «Тазкирату-ш-шуъаро»и хеш. Ногуфта намонад, ки ин шоири  забардаст ва  хушнависи зарринқалам дар байни мардуми  кӯҳистони  тоҷик  бо номи Ҳоҷӣ  Ҳусайни  Кангуртӣ  машҳур  аст.

Муҳаммадҳусайн Ҳоҷии Хатлонӣ соли 1868 милодӣ дар деҳаи  Қарақамиши  Кангурти  Хатлонзамин дар хонадони Зокир-девонбегӣ чашм  ба олам кушодааст. Гузаштагонаш аслан аз деҳаи Даштиканаки собиқ ноҳияи  Сарихосоранд, ки шаҷараи онҳо ба Хоҷа Аҳмади Косонӣ, машҳур ба Махдуми Аъзами Даҳбедии Самарқандӣ мерасад. Падари  Муҳаммадҳусайн Раҳим ибни Зокир девонбегӣ рутбаи мирохӯрӣ дошта, дар Норак ва Кангурт чун соҳибмансаби давлатӣ ифои вазифа мекард. ӯ яке  аз шахсони   бофазли замони худ буда, дар бомаърифат кардани  нури  чашмаш  кӯшиши  зиёде ба харҷ  додааст.

Бояд гуфт, ки шаҳраки Кангурти Хатлон  дар он замон 18 мадраса дошт ва дар онҳо  дастпарварони мадрасаҳои олии Бухорову Самарқанд ва Балху Ҳирот  ба таълиму тарбияи толибилмон машғул буданд. Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ таълими ибтидоиро дар мадрасаҳои машҳури зодгоҳаш аз донишмандони улуми исломӣ мегирад. Сипас ба шаҳри  Бухоро, ба маркази  бузурги фарҳангу тамаддунии исломии тоҷикон ва умуман мардуми диёри Мовароуннаҳр рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидӣ  таҳсили илм  мекунад ва дониши худро такмил медиҳад.. Дар он ҷо  Муҳаммадҳусайн  на танҳо улуми  расмии замонашро,  балки илми калом, ҳунарҳои гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва мӯҳрканиро меомӯзад  ва дар ҳамаи ин ҳунарҳо  устоди пешаи худ мегардад. ӯ дар як ғазалаш ба ҳамин маънӣ ишорае дорад..

Ҷаҳони  санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам,

Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам  худситонро.

Хоҷӣ  Муҳаммадҳусайни Хатлонӣ махсусан дар санъати хаттотӣ чун хушнависи чирадаст ва беназир шинохта шуд . ӯ дар аз хушнависони чирадасти бухороӣ навъҳои гуногуни  хати арабӣ, амсоли: насх, таълиқ, сулс, настаълиқ, куфӣ, райҳонӣ, руқум, нохунӣ, ёқутӣ, ёқутии зулфомез, ғубор, қуръонӣ, китобӣ, тавъамва ғайраро омӯхта, дар хушнависӣ шӯҳрати беандоза пайдо мекунад. Ҳоҷӣ роҷеъ ба санъати хушнависӣ рисолае низ бо номи «Ашколи хутути исломия» таълиф  кардааст, ки  доир ба  62  навъи  хати  арабӣ маълумот  медиҳад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн аз овони наврасӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Истеъдоди  фитрӣ, ҷустуҷӯ, такопӯ, таҳаюли рангин, омӯзиши пайваста имкон додааст, ки  Ҳоҷӣ дар эҷоди шеър  устоди замони худ гардад. Дар ин  бора худи ӯ чунин гуфтааст..

Фикри  шеъру  навхатӣ, Ҳоҷӣ,  хаёлам  бурдааст,

З-он баландандешаам  мазмуни ашъорам  напурс.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар давоми таҳсилаш дар Бухоро аз ашхоси  маъорифпарвар ёру дӯстони бисёре пайдо кардааст. Аз ҷумла вай бо маъорифпарварони исломии Бухоро: Садри  Зиё, Ҳоҷӣ Рафеъ, Қорӣ Аҳмадҷони Мунис, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ ва дигар рӯшанфикрони замони худ  ҳамнишину ҳамсӯҳбат ва ҳамақида будааст. Яъне дар Бухоро дар радифи ин донишмандони пешқадам  ба  фаъолияти  ислоҳотхоҳии исломӣ  ва маъорифпврварӣ мвшғул гардидааст. Аз ҳамин ҷост, ки осори Ҳоҷӣ аз афкори пешқадам, ғояҳои инсондӯстӣ, маъорипарварии исломӣ, худшиносиву худошиносӣ, тарғиби омӯзиши  илму ҳунар ва ҳоказо саршор аст.

Баъди хатми таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ ва гирифтани хати иршод  Муҳаммадҳусайн ба сафари ҳаҷ мебарояд., зеро дер боз дар дил орзӯи тавофи Батуллоҳ ва равзаи мубораки Паёмбари бузурги Ислом(с)-ро мепарварид. ӯ дар яке аз шеърҳояш ба орзуву умеди ҳамидааш ишора намудааст:

Ҳоҷӣ гар сайъе намояд, Марваю кӯҳи Сафо,

Аз талофи Каъбаву Мино ҳамеҷӯяд туро,

Астаҷаб ё Рабб, дуъое латахайюб рабано,

Бандаи оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо,

Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи Пайғамбар аст.

Ҳамдиёронаш ривоят мекунанд, ки гӯё шоир ҳангоми сафари ҳаҷ  дар яке бандарҳои кишвари Туркия ба киштие савор мешавад, то ки ба Миср биравад. Аммо киштӣ  ба Фаронса мерафтааст ва ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда чанд муддате мамолики Аврупо, амсоли Фаронса, Олмон, Австрия, Шветсарияро саёҳат мекунад ва ба тарзи зиндагӣ  ва фарҳангу тамаддуни ин кишварҳои пешрафта ошно мешавад. Сипас Муҳаммадҳусайн ба василаи киштӣ ба Арабистони Саъудӣ сафар намуда, ба зиёрати хонаи Худо ва турбати Паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) мушарраф мегардад ва орзуи чандинсолааш ҷомаи амал мепӯшад. Ин воқеъаи басо муҳим дар ҳаёти маънавии Муҳаммадҳусайн дигаргунии бузурге ба амал меоварад ва аз пас тахаллуси шоирии худро Ҳоҷӣ интихоб мекунад, ки аз эҳтиром ва ихлоси ин донишманди тоҷик ба таълимоти ҷовидона ва амокини муқаддаси дини мубини Ислом  гувоҳӣ медиҳад.

 Хоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ чанд соле мамолики исломиро саёҳат намуда, ба василаи киштӣ ба Аврупо, сипас ба Русия меравад. Дар ин сарзамин ҷойҳои таърихиро дидан карда, ба вазъи зиндагии мусалмони Тотористону Бошқирдистон ва Қафқоз ошно мегардад. Дар ин сафар бо чанд нафар маъорифпарварони исломии ин минтақаҳо ҳамсӯҳбат гардида, дониши худро ғанӣ ва ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад.Тибқи ривоятҳо Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ китоби сафарномае навишта будааст, вале то ба ҳол он асар дастраси муҳаққиқон  нагардидааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди сафари тӯлонӣ ба шаҳри Бухоро бармегардад ва  ба фаъолияти маъорифпарварии исломӣ мепардозад, вале ба муқобилияти сахти ҳокимону амалдорон ва уламои иртиҷоии муҳофизакор мувоҷеҳ мешавад. Шояд ин байтро дар ҳамин лаҳзаҳои ҳаёташ бо ҳасрат гуфта

Ҳамчун ангушти шаҳодат ба кафи аҳли Фаранг,

Ҳоҷӣ беқадр  шуд аз кинаи танҳо ин ҷо.

Шоир дигар дар ин шаҳр истоданро дигар ба худ муносиб надида, ба Хатлонзамин, ба зодгоҳаш шаҳраки Кангурт бармегардад. Чуноне дар боло зикр кардем, Кангурт дар он солҳо яке аз марказҳои маъруфи илмӣ ва фарҳанги исломӣ дар  Бухорои Шарқӣ ба шумор мерафт. Дар ин шаҳрак муҳити  мусоъиди адабиву фарҳангӣ ҳукмфармо буд ва аксар  аҳли илму адаби ин ҷо рӯшанфикр ва пешқадам ба назар мерасиданд ва онҳо донишманди ҳамдиёри худро хуш ва гарм пазироӣ намуданд. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар яке аз мадрасаҳои Кангурт аз улуми фиқҳи исломӣ, сарфу наҳви арабӣ ва хушнависӣ дарс медиҳад. ӯ дар зодгоҳаш ба ғайр аз мударрисӣ ба навиштани шеъру достон, наққршӣ ва хаттотӣ шуғл меварзад. Вале ёди Бухоро, накҳати Ҷӯи Мӯлиён, дӯстону муҳибони он диёр эшонро ором намегузоштанд. Дар ин бора худи шоир дар яке аз номаҳояш ба яке аз дӯстонаш чунин менависад: «…Бандаро орзӯи зиёрати волидайн ва қазияи «ҳуббул ватани минал имон» инон аз қабзаи ихтиёр рабуда, ба он қасаба маътуф медорад,… варна видоъи дӯстон ва ҳаҷри муҳиббон ранг аз рӯи муҳаббат метарошад ва нохуни ифтироқ синаву ҷигар мехарошад». 

Ҳокимони маҳаллӣ, бахусус мири Ҳисор Авлиёқулбек ба шахсияти ин донишманд ва шоири тавоно ихлосу самимият доштанд ва ӯро аз лиҳози моддиву маънавӣ дастгирӣ ва кӯмак мекарданд. Инро аз мукотиботи Ҳоҷӣ Ҳусайн бо амалдорони мазкур фаҳмидан мумкин аст. Бо хоҳиши баъзе онҳо шоир барояшон китобҳои нодиррро бо хати зебояш нусхабардорӣ мекарда, қитъатҳои таърихӣ ба муносибати бунёди қасру кушк, мадрасаву масҷид ва  эҷод менамуд. Шоир ҳеҷ гоҳ барои чоплусӣ ва ба даст овардани пулу мол дар ҳаққи зимомдорони давр ашъоре эҷод накардааст, вале барои панду насиҳат ба амалдорон ва соҳибмансабони давлатӣ гоҳ-гоҳе қасида ё шеъри тавсифӣ ҳам гуфтааст, то ки онҳоро ба раъиятпарварӣ ва адолат даъват созад. ӯ ҳаёти фақирона ба сар бурда, ҳаёти дарбори шоҳону ҳокимон танаффур доштааст ва ба лаби ноне қаноъат доштааст. Худи шоир дар як ғазалаш ин маъниро чунин гӯшзад кардааст:

Надорам аз ҷаноби шоҳ мансаб,

Зи қанди илтифоташ не шакарлаб.

На аз инъоми омаш баҳрабардор,

На аз хони қабулаш заллабардор.

На андар маҷлиси ӯ бор дорам,

В-агар борам диҳад, инкор  дорам.

Ки ҳастам нотавону дилшикаста,

Ба давлатхонаи ғурбат нишаста.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар авҷи камоли эҷодӣ соли 1917 аз олам чашм мепӯшад. Марқади ӯ  дар қабристони қадимаи Кангурт, дар сари баландии ин диёр воқеъ гардидааст.  Муҳаққиқи варзидаи тоҷик  Сайидумар Султон ақида дорад, ки  Ҳоҷӣ Ҳусайн дар соли 1922 дар синни 42 солагӣ вафот кардааст. Аммо фарзанд шоир Бибибақия  ибрози назар кардааст, ки қиблагоҳаш дар соли 1917 дар синни 49 солагӣ  дунёи фониро падруд гуфта, ки дар он вақт ӯ духтарчаи  шаш-ҳафтсола будааст ва ӯ ин воқеъаро равшан дар хотир дорад. Аз лиҳозе ки маълумоти фарзанди шоир боварибахштар  ба назар мерасад, соли таваллуди Ҳоҷӣ Ҳусайнро на 1880 мелодӣ, балки 1868 мелодӣ ҳисобидан равост.      

Аз шоир бо номи Бибибақия духтаре боқӣ монд, ки ба донишманди маъруфи ин диёр домулло Шамс ба шавҳар баромада, дар деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Данғара зиндагӣ ба сар мебурд ва чанд сол пеш  дунёи фониро падруд гуфт. Аз ӯ чанд нафар духтару писар боқӣ мондаанд, ки дар ноҳияи Данғара ва Восеъи вилояти Хатлон ҳаёт ба сар мебаранд. Муаллифи ин сатрҳо соли 1988 ба марҳум Бибибақия мулоқот карда, аз забони ӯ дар бораи падари бузургвораш нақлу ривоятҳо навишта гирифтааст. Шодравон зимни сӯҳбат девони ғазалиёти Ҳофиз, Саъдӣ ва Бедилро, ки бо хати зебои падараш китобат ёфтаро ба камина нишон дода буданд, вале бо тааассуф зикр карданд, ки осори даҳ соли охири умри қиблагоҳаш беному нишон гум шудааст. Банда баъди сафар ба Кангурт ва ноҳияи Данғара дар арафаи саду бистсолагии зодрӯзи Ҳоҷӣ Ҳусайн мақолае дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» таҳти унвони «Хомаи шакаррез ва мӯқалами сеҳрангез»  ба табъ расонида будам.

Бояд гуфт, ки Муҳаммадҳусайни  Ҳоҷӣ дар ҳақиқат шоири соҳибзавқ ва боистеъдод аст. Ашъори ӯ  бо таровату тозагӣ, мазмунҳои бикр, тасвирҳои наву шоирона  ва тахаюли рангин хеле ҷолибанд. Аз мероси  адабии Ҳоҷӣ 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддаси 28 бандӣ, 4 марсия, 97 рубоӣ,13 таърихи манзум, манзумаҳои  «Васила-ун-наҷот»,«Таърихи ҷуда», рисолаи  таърихии«Мунтахаб-ул- ахбор-фи-табақот-ус- салотин» ва маснавии «Комде ва Мудан»ба мо омада расидааст.Ҳамаи ашъори шоир дар «Куллиёт»-аш соли 1913 мелодӣ гирд оварда  шудааст,ки 13 ҳазору 100 мисраъро дар бар мегирад, ки дар матбаъаи шаҳри Тошканд ба чоп расидааст. Мутаассифона, чуноне дар боло гуфтем, осори назмиву насрии даҳ соли охири умраш дастраси  таҳқиқгарон нест.

Қайд кардан ба маврид  аст, ки  дар  омӯзиши  аҳвол ва осори Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусайни  Хатлонӣ  донишманди  тоҷик Сайидумар  Султони Истаравшанӣ  хизмати  шоистаеро  анҷом  додааст. ӯ соли  1962 ба  муносибати  80-солагии  зодрӯзи  шоир «Асарҳои  мунтахаб»и  ӯро  нашр  карда, дӯстдорони  эҷодиёти  шоирро  бо рӯзгор ва  осораш  ошно намудааст ва барои «чопи эҷодиёти як шоири иртиҷоъии исломӣ»азҷониби зимомдорони  коммунисти даврони Шӯравии Тоҷикистон азобу кулфатҳо дидааст. Дар ин бора қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ба тасвиб расида буд, барои чунин камбудии идеологӣ, яъне ба нашр расонидани осори мутафакккирони исломӣ, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ чандин нафар масъулони ҳизбиву давлатӣ  ба ҷазоҳои маъмурӣ кашида шуданд.   

Инак, айёми истиқлолият фаро расиду аз рӯи осори Ҳоҷӣ Ҳусайн низ хати бутлон бардошта шуд ва кори наҷиби Сайидумар Султонро ду тан аз муҳаққиқони нуктасанҷи тоҷик: Қамчин Чиллазодаи Теҳраӣ ва Амирхӯҷа Абдураҳимов идома дода,«Куллиёт»-и осори назмӣ ва насрии Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртиро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ таҳия намуда, бо дастгирии молии раиси Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии шаҳри Душанбе Анвар Бозоров ба чоп расониданд. Онҳо кори хайреро анҷом дода, барои пажӯҳишгарон ва дӯстдорони каломи бадеъ осори манзум ва мансури ин суханвари ва хушнависи барҷастаи тоҷикро дастрас карданд ва рӯҳи Ҳоҷӣ Ҳусайнро шод намуданд.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ шоири боистеъдоду андешапарвар аст ва ашъори худро басе самимӣ ва гуворо сурудааст. Аз лиҳози бадеъияту балоғат, салосату нафосат шеъри ӯ дар пояи шоирони классики адабиёти форсу тоҷик қарор дорад. Вале афсус то ба ин дам мақому манзалати ин шоири тавоно дар таърихи адабиёти мо муайян нагардидааст. Ашъори Ҳоҷӣ аз ҷиҳати истифодаи санъатҳои лафзӣ ва маънавӣ, тасвирҳои тозаву нотакрор, образҳои шоирона, сабки омехтаи хуросониву ҳиндӣ ва ғайра дар байни осори адибони порсизабони Мовароуннаҳр фарқ доранд. Маҳз  ширинсуханиву  нодирагуфторӣ боис гардидааст, ки ғазалиёти ӯро қабл аз Инқилоби Бухоро овозхонони маъруфи тоҷик ба риштаи оҳангҳои дилнавоз бикашанд ва бисароянд. Ба ин ғазали «Чӣ сабаб, ки турки мастам…» Ҳоҷӣ Ҳусайн мисоли рӯшан аст, ки дар қатори беҳтарин ашъори шоирони классики адабиёти форсӣ шомили оҳангҳои «Шашмақом» гардидааст ва солиёни зиёд аст, онро беҳтарин мақомхонони мо месароянд. Ин ғазал бо оҳанг чун гӯшту нохун ба ҳам часпидаанд ва беҳтарин иҷрокунандагони он Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов ва Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвақтов ба шумор мераванд. Матни пурраи ин ғазали машҳур чунин аст:

Чӣ сабаб, ки турки мастам бари мо надида бигзашт,

Нанишасту нолаи мо даме ношунида бигзашт.

Зи паёми ваъдаи ӯ, ки чу шаб биёяд, оям,

Нағунудам он ки шаб ҳам ба дами сапеда бигзашт.

Чу ҳилол пайкари ман ба тавозӯъи дари ӯ,

Ба умеди ҷабҳасоӣ ба қади хамида бигзашт.

Ба чаман ба субҳгоҳӣ чу ғизоли ваҳшӣ омад,

Зи саводи дидаи ман чӣ қадар рамида бигзашт.

Чӣ зи дӯст шиква созам, ки зи бахти номусоид,

Бирасиду доман аз ноз зи кафам кашида бигзашт.

Зи ғами ҷудоӣ, Ҳоҷӣ, ба фиғон чаро нанолам,

Ки чу най зи найситонам ҳама кас бурида бигзашт.

Ашъори ғиноии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ басо хушоҳанг буда, ба забони содаву фасеҳ суруда шудаанд ва саҳли мумтанеъ ба назар мерасанд. Аз ҳамин ҷост, ки ба онҳо мутрибони гузашта ва имрӯзаи тоҷик оҳангҳои гӯшнавозу марғуб бастанд. Яке аз чунин хунёгарони хушовоз, ки мухлиси ашъори ҷонпарвари Ҳоҷӣ Ҳусайн буд, шодравон Ҳофизи Халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим ба шумор меравад. Марҳум аз эҷодиёти ин  шоири хушсухан шеърҳои зиёдеро азёд медонист ва бо сабку услуби ба худ хос месароид. Ба вижа суруди ӯ бар матни ин ғазали рӯҳафзои Ҳоҷӣ басо самимӣ ва гушнавоз садо медод:

Ин чаманро, ҳар ки омад, як замон нодида рафт,

Гул агар бишкуфт, амммо ғунчасон нодида рафт.

Ваҳшати имкон на танҳо чашми мо пӯшида кард,

Меваи ин боғро пиру ҷавон нодида рафт.

Бар абас, эй бори ғам, бар хотири мо ҷо магир,

Ҷинси кулфат ҳар чи диду ғайр аз он нодида рафт.

Метавон рамзе шикофт аз айнаки лавҳи ҳубоб,

К-ин муҳит аз як намудоре нишон нодида рафт.

Тирабахт аз файзи олифитратон бебаҳра аст,

Шамъ равшан то шавад, зулмат ҳамон нодида рафт.

Шишаи моро сафо андар кудурат музмар аст,

Меҳрро шаб мебарад, гарчи ба он нодида рафт.

Муфти он озормардӣ, к-аз қаноъатмашрабӣ,

Миннати ноне зи хони мунъимон нодида рафт.

Аз барои пурсишам омад табиби меҳрбон,

Дарди мо бисёр буду ҳеҷ аз он нодида рафт.

Ҳоҷиё, некӯтарини мардумон донӣ, ки кист?

Он ки айби хеш диду аз касон нодида рафт.

Мавзӯъи ишқу ошиқӣ  дар ашъори шоир мақоми дараҷаи аввалро дорад, ки бесабаб наст. Зеро Ҳоҷӣ чуноне ки гуфтем, пеш аз ҳама шоири лирик аст ва бо тақозои табиъати хеш ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намудааст.Ба қали донишманди тоҷик Сайидумар Султони Истаравшанӣ: – «Ғазалҳои Ҳоҷӣ ниҳоят равон, салис, табиъӣ ва пуробуранг буда, хеле рӯҳафзо ва фаҳмо мебошанд». Дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Ин ҷиҳати ашъори ғиноии худро худи шоир гӯшзад ва таъкид намудааст:

Дар бинои сурати иншои ту аз оҷизӣ,

Мечакад ранги хиҷолат аз қалам Беҳзодро.

Мавзӯъи ишқу ошиқӣ дар ашъори Ҳоҷӣ бештар хусусияти ирфонӣ дошта, муҳаббату дилдодагӣ, ваҷди рӯҳонӣ, лаззати маънавии аҳли тариқати Нақшбандияи тасаввуфи исломиро дар роҳи худшиносӣ, худошиносӣ ва расидан ба ҳақиқати куллро ифода мекунад. Ашъори Ҳоҷӣ саршори чунин ғояҳои ҷовидонаанд, ки хонанда ва шунавандаро ба роҳи рости нишондодаи таълимоти Ислом ҳидоят ва раҳнамоӣ мекунад. Аз ҷумла ин ғазалро дар пайравӣ ба шоир ва мутафаккири бузург Мирзо Бедил дар мавзӯъи ирфонӣ басо самимӣ ва дилчасп суруда:

Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд,

Насиби ҷони одам офариданд.

Баҳор аз хоки мо файзе бубардор,

Ки ин турбат мукаррам офариданд.

Гули ин гулситон ранге надорад,

Хазон аст он ки хуррам офариданд.

Набошад беҳтар андар мулки имон,

Аз ин ҳайкал, ки олам офариданд.

Адамро бо вуҷуди эътиборе,

Чу нуру соя ҳамдам офариданд.

Бувад ҳар ранҷро роҳат талофӣ,

ба доғи лола шабнам офариданд.

Магӯ дар пеши мо аз боғи Ризвон,

Аз он ҷоям ба олам офариданд.

Чӣ фахрӣ бо матоъи дуни дунё?

Ки ӯро аз бадӣ кам офариданд.

Зи шавқи саҷдааш Ҳоҷӣ, зи ҳиҷоб,

Ҷабинамро муқаддам офариданд.

Мавзӯъи дигари муҳим дар ашъори Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ васфи Расули акрам (с), чаҳор ёри босафо, бузургони олами Ислом, тарғиби ғояҳои исломӣ, мубориза бар зидди бидъат ва табаҳкорӣ дар Ислом, дифоъ аз ақоиди ноби шаръи Муҳаммадӣ ва ғайра ба шумор мераванд, ки бесабаб нест. Чунки худи Муҳаммадҳусайни Ҳоҷӣ беш аз бист сол дар макотиби олии Бухорои Шариф таҳсили илму дониш намуда, чун фақеҳ ва донишманди варзидаи улуми исломӣ маълуму машҳур гардида буд. ӯ баъди баргаштан ба зодгоҳаш дар мадрасаҳои Кангурт ба толибилмон аз  фиқҳи ҳанафӣ ва сарфу наҳви арабӣ дарс медоду ҳамзамон ба таблиғу тарғиби ақоиди исломӣ дар манотиқи кӯҳистони Бухорои Шарқӣ  машғул буд. Аз ҳамин ҷост, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар ситоиши Паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) наътҳои зиёде дар жанри ғазал ва маснавию мухаммас эҷод карда, бузургиву мақом ва манзалати ишонро сутудааст. Мухаммаси зерин, ки «Дар ситоиши Паёмбар (с)» ном дорад, аз ҷумлаи ҳамон наътномаҳост:

Эй рӯи туро оламу одам шуда муштоқ,

Бе нури ту равшан набувад дидаи офоқ,

Дар ҳусну малоҳат ба ҷон омадаӣ тоқ,

Аз гармиии рухсори ту ҷонҳо ба табу шоқ,

Эй мидҳати ҳусни ту нагунҷад ба сад авроқ.

Эй меҳри ҷаҳон, меҳтари ҷон, мӯҳтарами дил,

В-эй сураи Фурқон, фариқи ҳаққу ботил,

Даъвои туро ҷамъи камолот далоил,

Бо рӯи ту натвон қамар ояд ба муқобил,

Бо ҷабҳаи ту шамси зуҳо дар дами ишроқ.

То панҷаи қудрат қалами сунъ кашида,

То мактаби «кун» ғулғули эҷод шунида,

Дар аҳсани тақвим чу ту сарве надида,

Бо халқ писандидаву бо халқ ҳамида,

Ваҳ-ваҳ, чӣ бузургист туро бо ҳама ахлоқ.

Аз гулшани ҳусни ту гул ояд ба гувоҳӣ,

В-аз хоки раҳат боди сабо гашт мубоҳӣ,

Бо ройиҳаи зулфи ту мушк табоҳӣ,

Шаб нест ба гесӯи ту монанд ба сиёҳӣ,

Сунбул бувад ошуфтаи мӯи ту дар офоқ….

Аз нисбати ту рутбаи аҷдод Муҳаммад,

Аз ҳиммати ту турбати аҷдод муҷаддад,

Чун ту кӣ бувад Ҳомиду Маҳмуду Муҳаммад?

Хубон ҳама дар олами ҳуснанд муқайяд,

Ҳусни ту бурун ҷӯшида аз олами итлоқ.

То сураи Нури ту шуда шомили Юсуф,

Гардида Зулайхо ҳамагӣ бедили Юсуф,

Аз зикри ту ҳал гашта ҳама мушкили Юсуф,

Меҳри ту на танҳо бувад андар дили Юсуф,

Маҳбуби Халиливу халили дили Исҳоқ.

Чун пояи қадри ту бувад садрнишинӣ,

З-андешаи тақсир надорем ҳазинӣ,

Гирам ба амонӣ, ки шаҳаншоҳи аминӣ,

Гар ту нанавозию ба айбам нагузинӣ,

Дигар кӣ кунад ҷониби мо дидаи ишфоқ.

Ҷон омада бар лаб зи ғами рӯи ту Ҳоҷӣ,
Нимкуштаи захми хами абрӯи ту Ҳоҷӣ,

Вобастаи занҷири ду гесӯи ту Ҳоҷӣ,

Девонаву шайдои сари кӯи ту Ҳоҷӣ,

дар ишқи ту шӯҳратзадаи кӯчаву асвоқ.

Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ё худ Хатлонӣ чун фақеҳ ва мутафаккири барҷастаи исломӣ агарчи аз марказҳои бузурги тамаддуни исломӣ дур монда бошад ҳам, дар асарҳои хеш борҳо ашхоси бидъаткору фасодкор, ки мехостанд таҳти пӯшиши улуми  фалсафа ва ҳикмати юнонӣ афкори бидъатомезро ба таълимоти ноби Ислом ворид созанд ва мусалмонро аз роҳи рост ба ғафлату гумроҳӣ бикашанд,  бо далелу бурҳони шаръӣ ва мантиқӣ сахт маҳкум кардааст.

В-эй аҷаб з-онҳо, ки андар фирқаи қуръонианд,

Музтар андар водиҳои шубҳаи юнонианд.

Рӯзҳо дар гутугӯву шомҳо дар ҳифзи ӯ,

Аз хаёлоти зунун дар вартаи зулмонианд.

Ҷоҳили тафсири Қуръон, ғофил аз рамзи ҳадис,

Коҳили аҳкоми фиқҳу фозили бурҳонианд.

Айби таъни оқилисту нангу ори бихрадӣ,

Пайравӣ кардан ба ҷамъе дар сари нодонианд.

Илми дин кай фалсафасту фалсафа кай аҳли дин,

Файласуфон аз сафоҳат мункири қуръонианд.

Возеъи илме, ки юнонист, кай дорад ҷавоз,

Чун Арасту бо табаъ машҳури беимонианд.

Илми юнонӣ куҷову фарзи донистан чаро?

В-арна асҳоби салаф з-ин фан чаро мунъонианд.

Гар набудӣ ҷаҳл фосид, пас чаро Буҷаҳл гуфт,

Булҳакимро он ки ӯ сардафтари инсонианд.

Умрро омад талаф андар пайи илми вабол,

Дар ҳусули ин мзахраф муфти саргардонианд.

Тарсам он аст ин бало бошад ила явмилқиём,

Дар миёни уммате к-ӯ уммати рӯҳонианд.

Ҳаст мазмуӯни баёнам шаммаи рӯҳалбаён,

Рӯ ба Рум овар, бубин к-инҳо чи дар ҳайронианд.

Ҳоҷӣ, бо мо ҳикмату мантиқи юнонӣ чӣ кор,

Ҷумлаи инҳо чу донистем, нофармонианд.

Хулоса, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар таърихи адабиёт, фарҳанг ва ҳунари охири қарни нуздаҳ ва аввали қарни бисти мардуми тоҷик ва порсизабони диёри бостонии Мовароуннаҳр мақоми арзанда ва шоистае дорад, ки мутаасифона, то баҳол ҷойгоҳи ӯ аз ҷониби муҳаққиқони таъриху адабиёт ва санъатшиносӣ муқаррар ва муайян нагардидааст. Умед дорем, ки нақши ин мутафаккир ва донишманд, маъорифпарвари исломӣ, шоири ширинсухан ва хушнависи зарқалам дар рушди афкори сиёсиву иҷтимоӣ, адабиву фарҳангӣ ва ҳунарии мардуми мусалмони тоҷик ба таври аниқ ва беғаразона рӯшан карда мешавад. Зеро ин тақозои даврони истиқлолият аст, ки чеҳраҳои аслии ҳар як шахсияти тарихиву фарҳангиро бар насли имрӯза ва оянда ба тарзи воқеъӣ бинамоёнем, ки чӣ хидматеро барои халқу ватан  анҷом додаанд. Дар охир бо як байти Ҳоҷӣ Ҳусайн навиштаҳои худро ҳусни мақтаъ мебахшем, ки дар бораи мақому манзалаташ дар илму ҳикмат, шеъру ҳунар барҳақ  фармудааст:

Накаш, эй бехирад, ташвиши рашки эътиборамро,

Чун зар бигдохтам чандон, ки худро мӯҳтарам кардам.    

Қиёмиддин Сатторӣ

More From Author

You May Also Like