Ҳукми додгоҳи Аврупо: Бозгашти адолат ё ҷуброни иштибоҳ?

Бар асоси ҳукми аввалияи додгоҳи адолати Аврупо исми ҳаракати исломииҲАМОС
аз листи сиёҳ бардошта хоҳад шуд ва ин ҳаракат дар Аврупо дигар ҳамчун ҳаракати
террористӣ шинохта намешавад. Ба гузориши “Маркази иттилоърасонии Фаластин” Холид
Шулӣ вакили ҲАМОС дар Аврупо зимни табрики мардуми Фаластин бо ин пирузӣ таъкид
кардааст, ки бояд аз Лилиён Ҷелук вакили дигари ин ҳаракати исломӣ низ ташаккур
кард. Зеро ӯ барои ин муваффақият заҳматҳои фаровоне кашидааст.

Вакили ҲАМОС таъкид кардааст, ки ин ҳукм шохаи низомии ин ҳаракатро низ
дарбар мегирад. Вай изҳор доштааст, ки дар “листи сиёҳи” Амрико қарор гирифтани
ҲАМОС далели кофӣ барои Аврупо нахоҳад буд ва мо худро барои як набарди қонунӣ ва
қазоӣ омода кардаем.

Холид Машъал раҳбари сиёсии ҲАМОС низ дар як суханронии худ ин пирузиро ба
мардуми Фаластин табрик гуфта, ишора ба он кардааст, ки ин ҳукм ба маънои
ислоҳи як иштибоҳ мебошад. Зеро ҲАМОС аз
оғози таъсисаш танҳо дар сарзамини Фаластин ва бар зидди ишғолгарони сарзамини
худаш мубориза бурдааст ва ба ҳеҷ кишвари дигаре ҳамла накардааст.

Мубориза бо ишғолгарон ва истеъморгарон ҳам дар ҳамаи адён ва ҳам дар ҳамаи
қонунҳои байналмилалӣ эътирофшуда аст. сарзамини мо дар зери ишғол аст ва ин
ҳаққи мост, ки бо ишғолгарон мубориза кунем.

Машъал таъкид намуд, ки ҳукми имрӯзи Додгоҳи Аврупо ва ба расмият шинохтани
давлати Фаластин аз тарафи бархе кишварҳои аврупоӣ дар воқеъ ормон ва орзуи
миллати Фаластин аст ва ин амр танҳо ҷуброни зулму ситами таърихие аст, ки бар
миллати Фаластин раво дошта шудааст.

Дар чанд ҳафтаи ахир Фаластин пирузиҳои хубе дар саҳнаи сиёсӣ ва
байналмиалӣ ба даст овардааст. Чанде пештар бархе кишварҳо кишвари Фаластинро
ба расмият шинохтан ва ҳоло Ҳамос аз листи гурӯҳҳои террористии додгоҳи Аврупо
хориҷ карда шуд. Аммо дар паси ин ҳама муваффақиятҳои фаластиниҳо чӣ меистад?

Дар ин масъала ду навъ таҳлил вуҷуд дорад. Аввал инки Аврупо дигар тасмим
гирифтааст худро аз султаи лобиҳои исроилӣ наҷот диҳад. Яъне дигар дар канори
Амрико сипари Исроил қарор нагирад, балки бо ин роҳ ба Исроил фишор ворид
кунад, ки ба зиёдаталабиҳояш поён диҳад. Исроил дар тули 70 сол ҷиноятҳои
фаровону вазнине содир кардааст, вале барои ягонтои онҳо муҷозоти ҷиддӣ
нашудааст. Ҳар қатънома ва ё муҷозоте, ки аз суи СММ бар зарари Исроил пешниҳод
шуда бошад Амрико онро ВЕТО кардааст. Бинобарин Аврупо ба ин натиҷа расидааст,
ки Исроилро бо ин роҳ маҷбур созад, ки ба қонунҳои байналмилалӣ эҳтиром
бигзорад ва иҷозаи ташкили давлати Фаластинро бидиҳад.

Аз тарафи дигар бархеҳо бар ин боваранд, ки Исроил ҳам барои ташкили
давлати Фаластин розӣ аст. Аммо пофишориҳои Исроил ба хотири он аст, ки
Фаластин бо пойтахтии Қудс ташкил нашвад. Балки сарзаминҳои ғасбкардаашро
битавонад аз ин ба баъд ҳам ҳифз кунад. Яъне дар шароити феълӣ ташкили давлати
Фаластин ба нафъи Исроил аст, зеро аксарияти сарзамини фаластиниҳоро ишғол
кардаасту мардумаш овораи дигар кишварҳо ҳастанд. Пас аз ташкили давлати
Фаластин дигар ҳеҷ фаластиние ҳақ нахоҳад дошт, ки барои баргаштан ба ватанаш
дар сарзаминҳои ишғолӣ мубориза кунад. Бинобарин Исроил ҳам аз чунин кор
манфиат хоҳад бурд.

Аз тарафи дигар Исроил дар эҷоди фитна ва даргирӣ дар кишварҳои ҳамсояаш
маҳорати калон дорад ва метавонад бо ташкили давлати Фаластин ҷангро байни
ҲАМОС ва ФАТҲ дар дохили марзҳои Фаластин нигаҳ дорад. Ё шояд Исроил барномаи
онро дорад, ки бо ташкили давлати Фаластин нақши ҲАМОС-ро дар ҷомеа камранг
намояд ва дар оянда онро аз байн бибарад.

Дар ҳоле, ки имрӯзҳо дар миёни раҳбарони Ташкилоти Худгародони Фаластин ҳам
ихтилофот шиддат ёфтааст, маълум нест, ки ин раванд то куҷо муваффақ мешавад ва
кӣ аз он нафъи бештар мебарад.

More From Author

You May Also Like