Ҳиҷ мақоме дар Тоҷикистон амалкарди хилофи қонун, ҳатто камбуду иштибоҳи хешро иқрор карданӣ нестанд ва таноби Н.Абдуллоев, раиси судии олии кишвар ҳам дар ҳамин мавқеъ аст. Ӯ гуфтааст: худи вакилони мудофеъи Зайд Саидов гунаҳноранд, ки аз дарёфти ҳукмномаи додгоҳ худдорӣ мекунанд. Зеро онҳо намехоҳанд ба тасдиқномаи махфӣ нигоҳ доштани муҳтавои ҳукмнома имзо бигузоранд.
Ҷаноби Абдуллоев, рӯзи 21 январ зини сӯҳбат дар нишасти матбйъотии хеш гуфтааст: “То ҷое ман медонам, тибқи қонун дар рӯзи панҷуми баъд аз эъломи ҳукм, вакилои мудофеъ бояд нусхаи ин қатъномаро дарёфт мекарданд».
Аммо таври маълум вакилони Зайдуллоҳ дар заминаи даъвои ҳуқуқии хеш бо чунин тарз дарёфт кардани ҳукмномаро қабул накарданд. Раиси Суди олии кишвар бошад дар ин маврид чунин тавзеҳ медиҳад : “Бар асоси қонун, онҳо барои дарёфти ин ҳукмнома бояд тасдиқномаеро ҷиҳати ифшо насохтани муҳтавои муҳоқимаи додгоҳӣ имзо мекарданд. Зеро шумо медонед, ки ба ин парванда бо кадоме аз моддаҳои қонун расидагӣ шудааст ва мо фармудем, ки ин ҳукмномаро дар баробари дарёфти тасдиқнома ба онҳо бидиҳанд”.
Аҷаб тасмимгирии аҷоибу ғароибе, ки дар таҷрибаи содиркуниҳои ҳукми судӣ инро шоҳид нагаштаем. Оё ҷузъиёти ҳукми судии Зайдуллоҳ ҳам бояд сир боқӣ бимонанд? Чаро онҳо раванди мурофиъаро сир эълон дошта, ба хотири бадном сохтани Зайдуллоҳ ҳар чизе худ месхостанд, онро ифшо карданд, вале талаби «қонунӣ»-и дигареро аз вакилони мудофеъи ӯ пеш мегузоранд?
Ҳатто ҷаноби Абдулхайров, раисикунандаи мурофиъаи судии Зайдуллоҳ, ки дар нишасти хабарӣ ҳузӯр доштааст, дар посух ба суоли хабарнигор, ки чаро намояндаи телевизиони ҳукуматӣ ба мурофиъа роҳ ёфту аз ВАО-и мустаъқл не, гуфтааст: “Иҷозаи ширкати хабарнигорон дар мурофиъаи додгоҳӣ ба ман дахл надорад”. Агар ба раисикунандаи мурофиъа дахл надошта бошад, оё ӯ ба таври супоришӣ мурофиъаи судиро раисӣ накардааст?
Шӯҳрат Қудратов, яке вакили мудофеъи Зайдуллоҳ ҳамин амалкарди ниҳодҳои судиро хилофи қонун дониста гуфтааст: Аз амри Суди олӣ ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҷиҳати нақзи ҳуқуқи муваккили худ шикоят мебарем ва “ҳоло машғули омода кардани ин нома ба СММ ва дигар созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башари ҷаҳонием. Чунки ҳокимияти давлатӣ, дар симои Суди олӣ барои барқарор шудани адолати судӣ монеъа эҷод мекунад. Онҳо иҷозаи озодона дастрас кардани нусхаи ҳукмномаро ба мо намедиҳанд, то аз ин ҳукми суди олӣ ба суди истинофӣ шикоят барем”.
Тавре коршиносон тайид мекунанд, ин аъмоли масъулони Додгоҳи олӣ мухолиф ба моддаи 14 Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандии СММ аст.
ва ин мода дар моҳи марти соли 1976 ба ҳукми иҷро дарома, баробарии тамоми ҷонибҳоро мурофиъати судӣ ва ҳуқуқи бознигарӣ кардани ҳукми судиро ба шаҳрвандони кишварҳое медиҳад, ки ин паймонро ба тасвиб расонидаанд. Тоҷикистон яке аз 180 кишвари ҷаҳон аст, ки таъаҳуди хешро ба ин санад нишон дода, таъмини адолати додгоҳӣ ва риъояи ҳуқуқи башарро дар ин кишвар бар уҳда гирифтааст.
Пас агар ин тавр ҳаст, суоли дигаре матраҳ мегардад, ки оё сир нигоҳ доштани ҳукми судии Зайдуллоҳ по ниҳодан ба моддаи хоси Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандии СММ нест.”
Аҷибтар аз ҳама далили дигар пеш овардани ҷаноби Абдуллоев дар ин маврид аст, ки дар мавриди махфӣ нигоҳ доштани ҷузъиёти мурофиъаи судии Зайдуллоҳ гаштаву баргашта таъкид карда, арз медорад, ин амр гӯё бо дархости иддае аз шоҳидон анҷом гирифтааст.
Агар ин парванда супориши намебуд ва бо хости доираҳои маълум ҳукм намегирифт, чаро дар рӯзи эълони ҳукм, ТВТ-ҳои ҳукуматӣ шоми 25 декабр аз толори муҳокимаи судӣ барномаи муфассалеро пахш карданд?
Аммо ҷаноби Абдулхайров, раисикунандаи мурофиъаи мазкур дар талаби посух ба суоли «чаро расонаҳои давлатӣ муҳрӣ махфӣ будани мурофиъати судиро шикастанд», лол монда чизе гуфта натавонистааст. Вале
баррасии парвандаи Зайдуллоҳро одилона арзёбӣ кардааст.
Тавре тамоми доираҳои огоҳи қазияи Зайдуллоҳ медонанд, мокимаи додгоҳии ӯ ҳанӯз моҳи майи соли гузашта зимни боздошт дар фурудгоҳи Душанбе оғоз шуда буд ва баъдан ҳар «ҷурме»-ро болои дигаре болои ин марди шариф ва озода таҳмил карданду дар нисбаташ ҳукмеро раво диданд, ки ӯ «ҷинояткори нестандарҷаҳон» бошад.
Аммо ба такрор мегуем ва хоҳем гуфт, ки қазияи Зайдуллоҳ сиёсист.