Зоҳиран дар кишвар ҳалли ҳама мушкилот тавассути қонун ба ҳукми анъана даромадааст, аммо амалан ба амалӣ шудан ё нашудани қонунҳои қабулшуда таваҷҷӯҳ равона намегардад. Бо назардошти ин нукта бархе ба ин назаранд, ки аз бештари қонунҳои қабулшуда бӯйи манфиат меояд. Зиёда аз ин иддаи дигар бар онанд, ки на ба ҳар як масъала аз назари қонун нигариста шавад. Аз ҷумла, як мутахассиси ҷавон, ки 28 сол дорад, назарашро дар мавриди лоиҳаи мазкур чунин иброз дошт: вақте миллати тоҷикро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг ва мутаддайин муаррифӣ менамоем, ба тасвиб расонидани чунин як қонун хандовар менамояд. Зеро наход одами бофарҳангро қонун маҷбур созад, ки фарзанди хешро фарҳанг омӯзонад?
– Бинобар ин фикр мекунам, – мегӯяд ӯ, – агар ҷиҳати ин масъала аз худи фарҳанг истифода мекардем, беҳтар мешуд. Дигар ин ки агар васоити тарғиботии давлатӣ ва ғайридавлатӣ ин масъаларо ба идеологияи миллии миллати тоҷик бадал мекарданд, беҳтарин роҳи тарғиб дониста мешуд ва касе давлатро намегуфт, ки озодии шаҳрвадонро маҳдуд кардааст. Бубинед, 98%-и шаҳрвандони кишвар пайрави як динанду дини Ислом масъулияти зиёдеро барои волидон ҷиҳати тарбияи фарзанд ба дӯши волидон гузоштааст, вале чаро аз ин қонуни тайёр истифода наменамоем?
Бояд гуфт, ҳама волидон мехоҳанд, ки наслашон номбардор ва соҳибхулқу донишманд ба воя расад. Илова ба ин дини Ислом роҳнамо ва қонунест, ки танҳо амалро мехоҳад ва амал бар ин муқаррароти ин дин шахси мусалмонро водор мекунад, то ҷиҳати бурунрафт аз ҷаҳолат ҷаҳд намояд, худу насли худро аз нодонӣ ва дигар хую хислатҳои бад пок нигаҳ дорад, майхора набошад. Ва бештар аз ин дар баъзе моддаҳои қонуни мазкур аз муқаррароти Ислом истифода шудааст. Масалан, дар моддаи 7-и лоҳаи қонуни мазкур омадааст:
«Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд чунин ӯҳдадориҳо доранд:
-ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд;
-пас аз таваллуд фарзандро ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронанд;
-барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд;
…-истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла пиво), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва доруҳои сахттаъсирро барои фарзандони ноболиғ манъ намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ин ҳолат ҳозир шудани онҳоро пешгирӣ намоянд;…
Дар ҳамин ҳол, таваҷҷӯҳ намоед ба якчанд ҳадиси Паёмбари гиромӣ (с): «Шумо фарзандҳоятонро номи некӯ гузоред» .
Воқеан, бояд эътироф кард, ки чанд соли охир воизони кишвар дар тарбияи насли наврас саҳми назаррас гузоштанд, аммо ҳоло кӯдаконро ба масҷид ворид шудан намемонанду фиттаҳои воизон, ки гӯё эшон иҷозатнома надоранд, сӯзонида мешаванд. Илова ба ин баъд аз қабули ин лоиҳа падару модар ӯҳдадор мегарданд, ки фарзандони ноболиғи худро ба масҷид рафтан нагузоранд. Моддаи 7 «…Иштироки фарзандони ноболиғро дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва чорабиниҳои дастҷамъонаи динӣ (ба истиснои чорабиниҳои азодорӣ) роҳ надиҳанд». Маҳз ҳамин нуктаҳоро бархе хилофи аҳкоми шариат медонанд. Исломиддини Файзалӣ, корманди Академияи исломии ҲНИТ мегӯяд, тарбия дорои меъёр ва ҷанбаҳои гуногун аст. Аз ҷумла илмомӯзӣ, тарбияи ахлоқӣ, ҷисмонӣ ва маишӣ (хӯронидану пӯшонидан). Чун дар мавриди тарбия сухан мегӯем, бояд механизм ё раванди амалӣ кардани онро нишон диҳем. Вақте як нафар пешниҳод менамояд, ки ту хуб шаву фарзандатро тарбия намо, аммо бароят барнома фароҳам намеорад, аллакай ин бебанду борӣ ва беҳадафист…
И. Файзалӣ меафзояд, ки амалӣ шудани қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақсим карда мешавад, қисме ба ӯҳдаи давлат, қисме ба ӯҳдаи ҷомеа ва қисме ба хонавода, қисме ба равиши ҷомеа ва қисме ҳатман ба дин. «Мо қонунҳои зиёде дорем, вале мутаассифона, қонунҳо хуб амалӣ намешаванд. Чаро? Чунки дар қонун воқияти зиндагӣ ба назар гирифта намешавад. Агар воқеият ба қонун мутобиқ набошад, ҳатман он қонун нолозим мешавад.
Ба андешаи ӯ, тӯли 70 соли ҳукумати шӯравӣ ва дар 20 соли истиқлолият хонаводаи тоҷик аҳли илм кам дорад. Аксари хонаводаҳоро фазои ҷаҳолат фаро гирифиааст. Вақте падару модар маълумоти динӣ ва дунявӣ надорад, аз куҷо метавонанд фарзанди худро тарбия намоянд? Инчунин бисёре аз падарони 25-30-сола дар муҳоҷират ҳастанд. Дар чунин вазъи иҷтимоӣ мешавад, ки қонуне эҷод намуда ӯҳдадориҳои падарро боз ҳам бештар намуд? Ин падарон тарбияи маишии фарзандро базӯр таъмин карда метавонанд. Яъне ин қонун ғайритаҳлилӣ асту болои ин қонун корҳои итҷимоӣ бурда нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Табаралӣ Ғаниев, доктори илмҳои иқтисодӣ мегӯяд: вақти он расидааст, ки андешаи фарзанддориро дар зеҳни падару модар тағйир дод ва дар мавриди ӯҳдадориҳои иҷтимоии фарзанд бояд саҳмгузор буд. Мисли замони шӯравӣ намешавад, ки фарзандро ба дунё оварду ба зиммаи давлат гузошт. Дар замони шӯравӣ системаи корӣ танзим мешуд, шурӯъ аз мактаб то боғча. Дар ҳоли ҳозир ин система нест. Ба андешаи ӯ, хусусан соҳаи маориф ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. «Барномаи соҳаи маориф аз боғча сар карда то мактабҳои миёна ба рушди нерӯи инсонӣ ҷавобгӯ намебошад. Лекин раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар муҳокимаи лоиҳа таъкид дошта буд, ки «таҷдид ва такмили низоми таълиму тарбия аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи муҳимтарини сиёсати давлатӣ эълон гардид, соҳаи маориф мавриди ислоҳоти фарогир қарор дорад..». Вале бояд гуфт, то ба ҳол дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ омӯзгорон намерасанду ба хонандаҳо нафароне дарс мегӯянд, ки худ ниёз ба тарбия доранд.
Президенти кишвар зимни суханронии худ дар муҳокимаи лоиҳа гуфта буд, ки дар солҳои охир дар Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи ноболиғон 4200 адад ҷиноят содир шудааст. Хусусан, гуфтааст ӯ, аз тарафи ноболиғон содир шудани 104 ҷинояти одамкушӣ нигаронкунанда аст. Ба гуфтаи Э. Раҳмон, «аз ин шумора, дар 16 ҳолат фарзандони ноболиғ ба куштори падару модарон ва дар 12 ҳолати дигар баръакс, волидон ба куштори фарзандон даст задаанд». Аз ҷониби ноболиғон ҳамчунин 90 ҳодисаи истифода ва муомилоти маводи мухаддир, 70 ҳодисаи дуздии воситаҳои нақлиёт ва 350 ҳолати авбошӣ содир гардидааст».
Агарчи мақомоти расмии кишвар мегӯянд, ки бештар аз 600 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷират аст, аммо расонаҳо менависанд, ки аз ин рақам ду баробар бештар аст. Ҳамагон медонем, ки синни бештари муҳоҷирони меҳнатии мо аз 18 то 60 -сола аст ва бештари ин муҳоҷирон падар ҳастанду ба хотири пайдо кардани қути лоямут ҳиҷратро ихтиёр менамоянд. Агарчи моддаи 5-и лоиҳаи қонун мегӯяд, «падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои баробар доранд». Вале равоншиносон ба ин назаранд, ки аз нигоҳи равонӣ танҳо падар муваффақ аст, ки фарзандашро беҳтар тарбия намояд.
Ахиран, бояд гуфт, лоиҳаи қонуни нав дар арафаи пешниҳод қарор дорад ва дар робита ба амалӣ шудани муқаррароти он ва инчунин таъсираш танҳо он вақт метавонем мушаххас сухан ронем, ки ҷомеа онро чӣ гуна қабул менамояд.
Мавзуъҳои ба ин монанд:
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»