Навзоде бо ду сар ва ду мағзи фаъол дар як ҷисм дар бемористони Бразилия таваллуд шудааст.
Ба гузориши як манбаъи хабарӣ ба нақл аз хабаргузории “Яҳу”, дар таърихи 23 декабр манбаъҳои Бразилия эълом карданд, ки рӯзи 22 декабр навзоде бо ду ва ду мағзи фаъол дар як ҷисм дар бемористоне дар ин кишвар таваллуд шудааст. Пизишкон мегӯянд, вазъияти ин навзод дар ҳоли ҳзозир хуб буда ва анҷоми амали ҷарроҳии рӯйи вай бо шароити ҷисми нодире, ки дорад ғайри мумукин аст. Бар асоси ин гузориш, ин навзод дар бемористон Сон Косо дар шаҳри Белеми Бразилия ба дунё омадааст. Манбаъҳои бемористонӣ мегӯянд, модари ин навзод, ки 23 сол дорад, намедонист, ки ӯ дар батни худ тифли дусараро ҳамл мекунад. Нело Доҳос муовини раиси бемористоне, ки ин навзод дар он таваллуд шуда, мегӯяд, муҳим аст, ки бидонем, ин ҷисм мутааллиқ ба ду навзод аст ва на як навзод бо ду сар.
Вай дар идома афзуд, озмоишҳои пизишкӣ нишон медиҳанд, ки ин навзод илова бар ду сар ва ду мағз ҳамчунин дорои ду узви дигаре ҳам ҳаст, ки фаъоланд. Доҳос дар ин замина баён дошт, ки ғайримумкин аст, ки дар бораи ин навзод тасмим бигирем ва кадом сари ӯро бо амали ҷарроҳӣ ҷудо кунем, зеро ҳар ду мағзи вай вазъияти табиъӣ доранд.