Categories ҶОМЕА

Ҳунарпешаи тоҷик лату кӯб шуд

Абдул Бегмаҳмадов, ҳунарпешаи тоҷик ба сабаби ғайрирус буданаш, дар роҳи зеризаминии шаҳри Маскав аз тарафи чанд миллатгароёни рус лату кӯб шудааст.

Ба гузориши як манбаъ, ба нақл аз хабаргузории “Интерфакс”, дар солҳои ахир Бекмаҳмадов дар театри “Театра. doc” – и шаҳри Маскав кору фаъолият дорад. Дар робита ба ин мавзӯъ коргардони театри мазкур Михаил Угаров гуфтааст, ки Абдул Бекмаҳмадов ба сабаби ғайрирус будан аз ҷониби гурӯҳи скинхедҳои рус дар истгоҳи Перовое метро мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Бекмаҳмадов аз қисмати сар ва бадан 6 захм бардошта ва дар бемористоне бистарӣ шудааст.

Угаров иброз дошта, ки феълан вазъи сиҳатии Бекмаҳмадов беҳбуд ёфта ва ӯ бо сари захмбандишуда дар намоишномаи “Акин – опера” ширкат кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки шиканҷа ва мавриди лату кӯб, ҳамчунин ба қатл расидани муҳоҷирони тоҷик ва сокинони тоҷикони Русия вақтҳои ахир рӯ ба афзоиш овардааст. Ин дар ҳолест, ки дирӯз ҷасади бесари як ҷавони 26 – сола, ки барои дарёфти қути лоямут дар Русия ба сар мебурд оварда шуд.

Аммо то имрӯз мақомот лаб бар хомӯшӣ ниҳода ва вокунише нишон надодаанд. Ҳоло он ки Русия барои ду халабони худ Тоҷикистонро водор сохт, то бо вуҷуди гунаҳкор буданашон аз зиндон озод намояд. Пас бо кадом истиқлолият ва кадом тарзи давлатдорӣ метавон ифтихор кард?

More From Author

You May Also Like