Суҳроби Ваҳҳоб
nahzat.tj
Чаро давлатчаҳо бо 36 – 70 ҳазор аҳолӣ узви СММ будаанду Фаластин бо чанд миллион не?
Канада ба мақомоти фаластинӣ ҳушдор дода, ки аз талошҳои худ барои пайвастан ба оилаи ягонаи кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид даст бикашад, зеро оқибати хубе нахоҳад дошт.
Бино ба навиштаи нашрияи “Globe and Mail”- и Канада нахуствазири ин кишвар Стивен Ҳарпер зимни нишасти кӯтоҳи худ бо Маҳмуд Аббос, раиситашкилотихудгардони Фаластин дар СММ гуфта, ки талошҳои Фаластин барои устувор намудани мавқеи худ дар СММ оқибатҳои баде дар пай дорад. Номбурда афзуда, ки дар сурати идома ёфтани талошҳои Фаластин дар ин бора, дафтари ҳайати дипломатии ин кишвар дар Канада баста шуда, Саид Ҳамад намояндаи он аз Оттава берун карда хоҳад шуд.
Илова бар ин, Ҷон Бред, вазири умури хориҷаи Канада эълон намуда, ки худи ӯ шахсан ба Ню Йорк сафар менамояд, то мухолифи пешниҳоди узвияти Фаластин дар СММ раъй бидиҳад.
Ин дар ҳолест, ки интизор меравад, фардо, 29 ноябр, бо дархости мақомоти фаластинӣ дар Маҷмаи асосии СММ роҷеъ ба мақоми ояндаи Фаластин райдиҳӣ сурат бигирад.
Бояд гуфт, раҳбарони бархе аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла, Фаронса ҷонибдории худро аз Фаластин эълон намудаанд. “Агар аз Фаронса, ки узви доимии Шӯрои Амният аст, дар ин бора суол кунанд, мо ба суол посухи мусбат медиҳем.” – гуфтааст Лорен Фабиус-вазири корҳои хориҷаи Фаронса дар ҷаласаи парламони кишвараш.
Ба гуфтаи коршиносон, сабаби нигаронии мақомоти Канада аз ба расмият шинохтани Фаластин дар СММ дар он аст, ки ин кишвар баъд аз ба даст овардани узвияти созмони мазкур ба додгоҳҳои ҷиноию дигар созмонҳои байналмилалӣ дастрасӣ пайдо намуда, алайҳи он ҳама иқдомоти ишғолгаронаи саҳйюнистӣ шикоят метавонад барад ва ҷаноби Ҳарпер, ки аз зумраи дӯстони наздики режими сайюнистӣ ба шумор меравад, аз ин рӯ, дар ҳарос мебошад.
Таҳлилгари тоҷик Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода бар ин назараст: “Ин муносибати раҳбари Канада нисбат ба Фаластин ноадолатона буда, бояд он ҳамчун кишвари мустақил дар СММ шинохта шавад. Ҳанӯз дар авохири солҳои 40-уми асри гузашта СММ тасмим гирифт, ки дар каламрави Фаластин, ду давлате бо номи Фаластин ва Исроил таъсис дода шаванд. Вале бо сабабҳои маълум ин амр танҳо барои Исроил таҳаққуқ пайдо карду Фаластинро ҳамчун ҳаламрави худмухтор дар тобеъияи Исроил қарор доданд. Дар ҳоле ки ин қаламрав моли тамоми фаластиниҳост, на аз онҳое ки бо истифода аз таъмини имкониятхои фаровон вориди ин қаламрав шуданду давлатеро бо номи Исроил бунёд гузоштанд, хатто бисёре аз қаламрави Фаластини худмухторро ҳам забт карданд.
Пас, адолат дар кучост, дар ҳарфхои сарвари Канадо ё узвият касб кардани Фаластин дар СММ? Банда ба ин назарам, ки сарони кишварҳои зидахли қазия на ба ин тарз, балки ба воқеият ва тақаввулотҳои Шарқи Наздик нигох карда, дар Шўрои Амнияти СММ ба таври матлуб дар нисбати қазияи Фаластин тасмим бигиранд”.- мегӯяд мавсуф.
Аслан, узвият ба СММ аҷобатҳое дорад, ки ақл намегирад. Масалан, Лихтенштейн, мамлакат, узви СММ аст. Аҳолиааш медонед чӣ қадар? Гӯем, бовар намекунед!
Аҳолии расмии ин кишвар каме зиёдтар аз 36 ҳазор аст. Ин шумора аз аҳолии деҳаи Хиставарз ё Қистақузи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду баробар кам аст! Акнун ёбеду гиред. Чунин давлатчаҳо, ки узви СММ мебошанд, дар ҷаҳон кам нестанд: Андорра, Ватикан, Монако ва ғайраҳу. Қисме аз ин давлатчаҳо на таърих доранд, на забон, на миллат, вале пуштибон доранду пул…
Вале фаластиниҳо бо торихи чандҳазорсола, бо чанд миллион аҳолӣ то ҳол наметавонанд давлати худро дошта бошанд.
Ин ҷо хуб мебуд, кишварҳои араб қудрати худро нишон медоданд, вале чи тавре халқ мегӯяд, ароба ҳанӯз он ҷост.
Мурод аз овардани чунин рақаму давлатчаҳо дар он аст, ки СММ ҳам як ташкилотест монда зери таъсири давлатҳои абарқудрат, махсусан, Амрико, Бритониё, Канада ва монанди инҳо…
Маврид ба ёдоварист, ки фаластиниҳо соли 2011 чунин дархостеро барои ба расмият шинохтани давлаташон ба унвони як “кишвари узв” дар Созмони Милали Муттаҳид карда буданд. Вале бо мухолафати Амрико ва муттаҳидонаш дар Шӯрои амният натавонистанд ба ҳадафи худ ноил шаванд.