Categories СИЁСАТ

Ҳушдори Қоҳира ба Исроил

Миср ҳушдор аз он дода, ки дар сурати ҳамлаи Исроил ба Ғазза сафири худро аз Тел-Авив фаро мехонад.

Дар ин бора яке аз нашрияҳои исроилӣ хабар дода, навиштааст, ки ин таҳдиди Қоҳира ҷиддӣ ва устувор хоҳад буд.

Ин нашрия чунин афзудааст: «Миср аз он дар ҳарос мебошад, ки Бинямин Натаняҳу дар интихоботи Исроил аз мавзӯи иқдоми низоми алайҳи Ғазза ба нафъи худ баҳрабардорӣ кунад. Вале дар воқеъ ҳадафи Исроил аз ин иқдом танҳо баҳрабардории сиёсӣ мебошад.

Бар асоси ин гузориш, нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки нашрияҳои исроилӣ дар шумораҳои ахири худ ҳамла ба Ғазза ва шиддати мавозиъ алайҳи фаластиниҳоро ба таври муфассал пӯшиш додаанд.

More From Author

You May Also Like