Дипломати аршади ҷопонӣ дар оғози дидораш аз Исроил ва минтақаҳои фаластинӣ иброз дошт, ки эҳтимоли ҳамлаи низомӣ ба Эрон сабаби бесуботӣ дар минтақа хоҳад шуд.
Ба гузориши “Афкорниюз”, Вазири хориҷаи Ҷопон ҳамзамон бо оғози дидори дурӯзааш аз Фаластин ва сарзаминҳои фаластинӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ ба барномаи ҳастаии Эрон ибрози нигаронӣ кард.
Вай дар мусоҳибааш ба рӯзномаи исроилӣ “Ядиъут Ахорунут” гуфт, ки Ҷопон бисёр нигарони масъалаи ҳастаии Эрон аст. Вай муддаъӣ шуд, ки фишорҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ сабаб ба аз саргирии музокироти ҳастаӣ байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ шудааст.
Вазири хориҷаи Ҷопон дар бахши дигаре аз изҳороташ баён дошт, ки ҳамлаи низомӣ ба Эрон метавонад минтақаро ба бесуботӣ кашонда ва Эронро дар пайгирии барномаҳои ҳастаияш боз шароити густурдае фароҳам оварад. Вай дар айни ҳол ҳушдор дод, ки ҳамлаи низомӣ метавонад бисёр хатарнок ва сабаби нооромтар гардидани вазъи феълӣ бошад.