Categories ҶОМЕА

Ҳуқуқи башар: артиши Сурия ба мардум ҳамла мекунад

Созмони дидбони ҳуқуқи башар эълом кард, ки неруи ҳавоии артиши Сурия борҳост, ки манотиқи маскунӣ ва ҳамчунин бемористонҳоро мавриди ҳамла қарор додааст.

Ба гузориши “euronews”, яке аз бозрасони дидбони ҳуқуқи башар дар боздид аз бемористон дар Дорушшифо дар Ҳалаб мегӯяд, ин бемористон дар маҷмуъ 8 маротиб мавриди ҳамла қарор гирифтааст ва дар моҳи ноябри соли гузашта дар як ҳамлаи ҳавоӣ комилан вайрон шуд, ба тавре ки дигар натавонист ба кори худ идома диҳад.

Вай дар идома меафзояд, аз сабабе ки як бемористон 8 бор мавриди ҳамла қарор гирифта бошад, пас ба рушанӣ маълум ва возеҳ аст, ки ин ҳамла қасдан сурат гирифтааст.

Яке дигар аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ дар гузориши Созмони нозир бар ҳуқуқи бар ҳуқуқи башар, ҳадаф қарор гирифтани нонвойҳо дар Сурия аст. Яке аз ҳамлаҳои суратгирифта дар соли 2012 ба як нонвойи шаҳри Ҳалаб буд. Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифта буд, ки беруни он мардум саф кашида буданд ва қувваҳои ҳавоии артиши Сурия ҳамла карда, 20 тан аз мардумо ба қатл мерасонанд.

More From Author

You May Also Like