Дирӯз 29 – ноябри бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷа, Наҷмуддинов Сафаралӣ, вазири молия, Ҳакимов Низом, вазири нақлиёт аз вазифаҳояшон барканор карда шуда, ба ҷои онҳо Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷа, Абдусалом Қурбонов, вазири молия ва Хайрулло Асоев, вазири нақлиёт таъйин гардиданд.
Сироҷиддин Аслови 49-сола зодаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон буда, фаъолияти кориашро соли 1986 аз Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон оғоз намудааст. Ӯ аз моҳи марти соли 2011 то имрӯз намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Куба фаъолият дошт.
Қурбонов Абдусалом 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намудаааст. Аз моҳи феврали соли 2006 то ҳол дар вазифаи директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.
Асоев Хайрулло 25 марти соли 1956 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1978 аз вазифаи усто дар Раёсати сохтмони «Роғунгэсстрой» оғоз намудааст. Аз соли 2009 муовини якуми директори генералӣ ва аз моҳи январи соли 2010 то ҳол дар вазифаи директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Роғунгэсстрой» фаъолият намудааст.