Categories Uncategorized

Ҳуҷум ба гурӯҳи таъиноти махсус дар Рушон

nahzat.tj

Бино ба иттилоъи ВВС русӣ, рӯзи 26 июл шахсони номаълум ба гурӯҳи таъиноти махсуси милиса (ОМОН), ки шумораашон 25 – 28 нафар буда, ҷониби Хоруғ ҳаракат доштанд, ҳуҷум карданд.

Дар натиҷаи ин амалиёт се милиса аз ин гурӯҳи таъиноти махсус ҷароҳат бардошта, ба беморхонаи ноҳиявии Ванҷ интиқол дода шуданд.

Дар бораи тақдири милисаҳои боқӣ хабаре нест.  Аз рӯи як фарзия онҳо кушта шудаанд ва ҷасадҳояшонро ба дарё партофтаанд.

Аз рӯи фарзияи дигар милисаҳо худашонро ба дарё андохтаанд. Онҳо дар ошхонаи сари роҳ «Шифо», воқеъ дар деҳаи Калоди ноҳияи Рушон барои ғизои чошт нишаста будаанд.

More From Author

You May Also Like