Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2010 ба 24,7 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2009 ба 6,5% баробар шудааст. Дар ин марҳила ҳаҷми таваррум бошад ба 9,8% -расидааст. Дар ин бора Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни ироаи ҳисобот дар ҷаласаи Ҳукумат изҳори назар намуд. Тибқи иттиллоои Фаррух Ҳамралиев дар кишвар 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бо маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ гардааст. Гуфта мешавад, ки азин маблағи 6,3 миллиардаш аз худ карда шудааст. Мутобиқи ин омор ҳаҷми савдои хориҷӣ нисбати соли гузшта 18% афзудааст.
Categories
Ахбори рӯз