Categories Uncategorized

Ҳ. Сайфуллоҳзода: Шоҳиён

Аҷаб давру аҷаб замонае, шоҳу шоҳаншоҳ надорем, вале мадҳу санохонӣ ва саҳнасозиҳоро ҷуз мисли афсонаҳое аз дарбори шоҳе ба дигар тарз наметавон сифат кард. Агар ин саҳнасозиҳои дарбориро бо фаҳми имрӯзиён фаҳмиданӣ шавем, «дарси сулҳу дониш»-е, ки барои ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр омода карданд, ишора аз назму низом ва коргузории дарбори як нафар буд, ки ишон ягона ва қиёснопазиранд.

Агар дар кишвари азиз, гулистону бустонҳое ҳаст, ҳама бо номи ӯ бастагӣ доранд, каси дигаре сарвару саробони ин миллат буда наметавонад. Фақат ошкортар намегӯянд, ки ин суханпароканиҳои ғул-ғуладор, новобаста аз гӯяндаи онҳо, ки аз ҷониби бону ва ё мард садо медиҳанд, гуфтори афсонавианд ё маҳз онҳо дунёро ҳамин тавр мебинанд? Оё фаҳми онҳо ба ин мерасида бошад, ки рӯзе нафари дигаре ба ин курсӣ такя мезанад ва дар нисбати ӯ чӣ мегуфта бошанд ё ба таҳавулот пайдо кардани низоми зиндагӣ бовар надоранд? Оё ин саҳнасозону санохононон ба раванди таҳавулоти дунё, ҳадди ақал зиндагии фардои хеш аз кадом дарича нигоҳ мекарда бошанд, бо даричаи ақлу фаросати худӣ ё аз равзанаи дигаре?

Ин хеле муҳим аст!

Нашавад, ки бо тағйир ёфтани фазо ва шаклу тартиби саҳнасозиҳо равзанаи «паём»-расон ҳам дигар шавад. Фаромӯш набояд кард, ки се бинои 9 ошёна дар қафои «Барқи Тоҷик» ва дар ру ба рӯи Вазорати меҳнат кайҳо сохта шудаанду бояд дар рӯзҳои таҷилили «Рӯзи Ваҳдати Миллӣ», мисли дигар сохтмонҳо бо шукуҳу шаҳомати хос ба истифода дода мешуданд, вале рӯзи истиқлолро ҷашн бигирем ҳам, ин маросим дар нисбати ин боноҳои истиқоматӣ сурат намегирад, агарчи дар дохили онҳо аз кай боз мардум зиндагонӣ доранд. Сабаб ҳам маълум аст, ки чаро?!

Вале бандаро баъзе аз ишораҳо дар сӯҳбати раиси Комиссияи марказӣ оид ба интихобот ва референдумҳои ҶТ ва яке аз шахсиятҳои донандаи илми ҳуқуқ, ки шаби 2 ба 3-уми сентябр дар шабакаи ТВТ доир гардид, сахт ба ҳайрат гузошт, агарчи сӯҳбати ишон хеле равону шево ва дар умум шаффоф ҳам буд. Ҳоло мехоҳам сари се нуктаи ишора кардаи ҷаноби Шермуҳаммад Шоҳиён бардошти хешро мушаххас намоям, ки ишораи ишонро дуруст маъно кардаам ё хайр.

Ишораи аввалӣ, дақиқ набудани шумораи овоздиҳандагон дар КМИР аст, агарчи ҷанбаҳои номуаяниро ӯ шарҳ дод, вале қонеъкунанда набаромаданд. Вале аҷиб ин буд, ки вақте КМИР шумораи овоздиҳандагонро дақиқ гуфта наметавонад, дақиқияти шумораи имзоҷамкунии 5%-и номзад ба мақоми президентиро аз кадом шумораи овоздиҳандагон гирифта бошад? Оё ин тазоду таноқуз дар гуфтору амали раиси КМИР нест?

Нуктаи дигари ишора шудаи раиси КМИР хеле ҷиддӣ ва нигаронкунандааст. Ишон зимни посух ба суоли матраҳшудае ба таври ошкор гуфт, ки қувваҳое кишварро ба нооромӣ кашиданианд. Агарчи садо додани ин гуна ҳарфҳои ҷаноби Шоҳиёнро на ҳамчун раиси КМИР садо доданд, вале дар раванди омодагириҳои интихоботӣ ишора ба дурнамои нооромӣ кардани ин масъули аршади интихоботӣ боиси шакл гирифтани афкори носолиме дар нисбати ҷонибҳои интихоботӣ гашта метавонад, агарчи дар мавриди дохилӣ ва ё хориҷӣ будани он қувваҳо чизи ошкоре садо надод. Ба ҳар ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирин дар имзо гузоштан ба варақаҳои ҷонибдорӣ аз номзадеро сабаб чӣ бошад, дар ҳоле ки КМИР онҳоро ҳамчун овоздиҳанда қабул дорад, мушкилоти масъала ё ҳарос аз чизи дигаре?

Нуктаи савум, ин ишораи ҷаноби Шоҳиён ба «иштибоҳ накардани шаҳрвандон дар интихоби номзади арзанда» буд, яъне раиси КМИР шинохти арзандагии номзадеро аз ҷониби интихобкунандаҳо аз қабл медонад, вале боз ҳам ҳушдор медиҳад, ки дар ин маврид ҷиддӣ бошанд ва ба ташвиқу тарғиби доираҳои дигар науфтанд.

Аммо вақте ишора ба барномаҳои хос кард, дигар «номзади арзанда» ҳам маълум шуд, ки чӣ касест. Агар интихоботи раёсати ҷумҳур барои таҳаққуқ пайдо кардани барномаҳои ҳукумати феълӣ бошад, пас инро бояд аз қабл мушаххас мекарданду ба мардум эълон медоштанд, ки биёед на интихобот, балки мӯҳлати раёсати ҷумҳурро барои чанд соли дигар тамдид намоем, то барномаҳои «стротежӣ»-ро анҷом бидиҳанд. Ва авзоъи ҷомеъаро бо барномаҳои дигари хеш ноором намекарданд.

Ба умеди таҳаққуқ пайдо кардани барномаҳои мардумӣ.

More From Author

You May Also Like