Зиёда аз 1 000 ҷавоби Академияи ҲНИТ
Тоҷиддин
477) Суол: Салом ба кормандони сомонаи ҲНИТ. Суол таъҷилие дорам, ман дар Руссия ҳастам. Шароити таҳорат куни хуб нест, ман метавонам таямум карда, намозҳоямро хонам?
Ҳаво хело сардаст дар як вогон хобем. Ҳаммом барои таҳорат кардан нест, аммо об ҳаст. Оҷилан ҷавоб диҳед, ки 3 рӯз шуд, ки таямум карда намозамро хонда истодаам. Ташаккур
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалрму алайкум ва раҳматуллоҳ! Бародари гиромӣ авввалан аз Худованд хоҳонем, ки дар корҳоятон баракат ато фармояд ва барои шумо ҷои корӣ ва шароити хуби зиндагӣ фароҳам созад. Ва баъдан бояд гуфт, ки яке аз узрҳое, ки таяммум карданро рухсат медиҳад ин сардӣ ва набудани шароити гарм кардани об ва ва амсоли он аст, бинобарин дар шароите, ки шумо қарор доред метавонед бо таяммум намозҳоятонро хонед.
****
Худойназар
476) Суол: Ассалому алайкум аҳли академияи ҲНИТ. Дар намоз суннатро хонда, барои хондани фарз ҷой иваз мекунанд, мегуянд ки дар ҷое ки суннатро хондаи набояд фарзро хонд. Хоҳиш мекунам сари ин мавзӯъ каме равшани меандохтед. Хоҳиши дигаре дорам банда, ки дар мусофирати меҳнатӣ ҳастам дар ҳаққи мо мусофирон дуо мекардед.
Академияи исломии ҲНИТ
Ҷавоб: Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ! Дар мавриди иваз намудани маконе, ки намоз хондааст байни мазоҳиб каме ихтилоф дида мешавад. Дар мазҳаби Аҳноф агар касе намозро ба ҷамоъат бигузорад он шахс аз ду ҳол холӣ нест ё имом аст ва ё муқтадӣ, агар имом бошад барояш иваз кардани фояш худ нест ва агар муқтадӣ бошад ихтиёр дорад, ки дар макони аввалааш намоз бихонад ва ё ҷояшро барои хондани намози дигар иваз намояд.Вале беҳтар барои муқтадӣ ин аст, ки ҷояшро барои хондани суннат ва ё нафл иваз намояд.(то ин ки ҷойҳои саҷдааш зиёд шавадд). Назди шавофеъ Барои намозгузор суннат ин аст, ки баъд аз намози фарз маконашро барои хондани намози суннат ва ё нафл иваз намояд ва агар ба ҷиҳати тангӣ ва издиҳом, ин мкониятрот надошта бошад сухане бигуяд, ки далолат бар берун шудани ӯ аз намоз намояд,монанди ин ки бигуяд намози фарзро тамом кардам ва монанди ин, сипас дар намози нафл шурӯъ намояд. Ва дар мазҳаби имом Молик(р)агар намоз гузор баъд аз намози ҷамоъат суннатҳои ротибаро мехонад афзал барояш ин аст, ки онҳоро дар масҷид бихонад ва ӯ ихтиёр дорад, ки дар маконе, ки фарзро хондааст бихонад ва ё дар макони дигар. Ва агар мехоҳад ғайри суннатҳои ротибаро бихонад ба мисли намози зуҳо ва дигар намозҳои нафл афзал ин аст, ки онҳоро дар хонааш бихона.Ҳанобила мегуянд намозгузор баъд аз хондани намози фарз беҳтар ин аст, ки суннатҳоро дар масҷид бихонад,ихтиёр дорад, ки дар маконе, ки намози фарзро хондааст мехонад ва дар макони дигар ва аммо дигар намозҳои нафлиро беҳтар ин аст, ки дар хонааш бихонад.(Ал-фиқҳ ала-л-мазоҳиби-л-арбаъа. Муаллиф Абдураҳмони Ҷазирӣ). Ба ҳар ҳол барои иваз намудани ҷой дар намоз ривоёте ворид шудааст, агар дар ҳолати иваз намудани макон нисбати касе музоҳим намешавад ва ё касеро озор намерасонад метавонад макони намозашро иваз намояд ва ҷойҳои саҷдаи худро бештар гардонад.
***