Categories Uncategorized

Калисои католик дусад сол аз замона ақиб аст?

Карло Мориё Мортенӣ бузурги китоликҳо рӯзи ҷумъаи гузашта дар синни 85 солагӣ аз дунё даргузашт.

Ба гузориши “euronews”, вай дар охирин мусоҳибааш қабл аз марг, ки рӯзномаҳои хориҷӣ бахшҳое аз онро мунташир карда, зимни интиқоди сахт аз калисои католик ва масъулони баландмақоми он хост, то амалҳои фаврии ислоҳотро дар ин ниҳод ба роҳ монанд.

Манбаъ меафзояд, ки ӯ калисои католикро дусад сол аз дунё ақиб дониста ва гуфта буд, ки калисоҳо холӣ шудаанд ва ин бисёр ҷои таассуф аст. Мортенӣ дар бораи он ки ин калисоҳо ба сабаби озор додани кӯдакҳо ва иштибоҳҳое дар гузашта мақоми хударо аз даст додаанд, аз масъулони онҳо дархост карда, то тағйироти куллӣ дар ин ҷода ворид намоянд.

Ӯ, ки аслан бояд ҷои попи Ҷон Пели дуввумро мегирифт, дар соли 2002 ба сабаби як бемории нодир натавонист ба ин мақом бирасад. Вале баъдҳо ӯ дар миёни католикҳо мақоми баландеро касб кард.

Ҳамзамон вай зери таъкидҳои худ ба попи феълӣ гуфтааст, ки оё замоне нарасида, ки мо католикҳо аз хоб бедор шавем? Мо католикҳо аз чӣ ҳарос дорем? Ба гуфтаи манбаъ, аз мусоҳибаи ин бузурги католикӣ бармеояд, ки имрӯз нақши онҳо дар кору фаъолият ва расидан ба ҳадафҳои католикӣ ноком шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки маросими хоксупории бузурги католикҳо имрӯз душанбе баргузор хоҳад шуд. Ба гуфти гузоришҳо то имрӯз беш аз шаш ҳазор пайравони дини католик дар маросими хоксупории иштирок намуда, ӯро ҳамчун рӯҳонии бузург мавриди эҳтиром қарор додаанд.

More From Author

You May Also Like