Categories Ахбори рӯз

Ҷазои марг дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст

Дар соли 2014 мелодӣ 22 кишвари ҷаҳон ҷазои эъдомро татбиқ кардааст ва Нигерия, Чин, Миср, Эрону Арабистони Саъудӣ бештарин шумори эъдомҳоро дошт. аксари ин эъдомҳо барои мубориза бо таҳдидҳои воқеъӣ ё таҳдидҳои қобили дарки амниятӣ, ки бо даҳшатафгании ҷароим ё бесуботии дохилӣ рабт дорад татбиқ шудааст.

Тибқи навиштаи хабаргузориҳо, Созмони афви байналмилал дар гузориши тозаи худ нигоштааст, ки дар соли 2014 мелодӣ 2644 нафар дар ҷаҳон эъдом шуд, ки дар муқоиса бо солипеш аз он ки 1925 нафар дар ҷаҳон эъдом шуд афзоши 25 дарсадиро нишон медиҳад. Далели ин афзоиш эъдоми садҳо нафар дар Миср ва Нигерия хонда шудааст.

Салил Шейтӣ раиси Созмони афви байналмилал мегӯяд, ки ҳеҷ мадраке вуҷуд надорад, ки нишон диҳад, ки татбиқи ҷазои эъдом бештар аз тамоми шаклҳои муҷозот тавониста бошад аз иртикоби ҷурмҳо пешгирӣ кунад. Ӯ гуфта, ки тавассули давлатҳо бо ҷазои марг барои маҳор кардани даҳшатафганӣ ё фурӯ нишондани бесуботии дохилӣ “шармовар” аст.

Ин масъули Созмони афви байналмилал баён медорад, ки солона ҷазои марг бар ҳазорон нафар дар Чин татбиқ мешавад, аммо ба далели пинҳон нигаҳ дошта шудани аксари мавридҳо ташхиси шумори дақиқи эъдомшудагон дар кишвар номумкин аст. Ҳамзамон чунин ҳолатро дар дигар кишварҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки бисёр ҳолатҳо ҷазои марг ба таври пинҳонӣ сурат мегиранд.

More From Author

You May Also Like