Ба хотири зиёд боридани барф дар шаҳру навоҳии кишвар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз меҳмонони кишвар хостааст, ки ба навоҳии кӯҳистон сафар накунанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, дар роҳи Душанбе-Чаноқ аз сабаби фаромадани тарма чандин мошин аз ду самт дармондаанд.
Бояд гуфт, ин аввалин дармондани мусофирону ронандагон дар роҳҳо нест, ки тайи чанд рӯзи ахир дар ҷумҳурӣ ба вуқуъ пайвастааст, балки сокинони кишвар чандин маротиба изҳор доштанд, ки қаблан ҳам бо чунин мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудаанд.