Боздоштшудагон Гуантанамо дар маҳкумияти иҳонати зиндонбонон ба Қуръони карим беш аз як моҳ мешавад, ки дар ба эътисоби ғизо задаанд.
Ба гузориши “islamworldnews”, ба дунболи иҳонати зиндонбонони Гуантанамо ба Қуръони карим дар амалиёти тафтиҳшои мукаррар, боздоштшудагон беш аз як моҳ аст, ки даст ба эътисоби ғизо задаанд.
45 нафар аз вукалои боздоштшудагони Гуантанамо эълом карданд, ки боздоштшудагон ба хотири иҳонати зиндонбонон ба Қуръони карим даст ба гуруснанишинӣ задаанд.
Вукалои боздоштшудагон ба Чек Ҳугл, вазири дифоъи Амрико нома дода ва эълом кардаанд, ки ҳоли бархе аз боздоштшудагоне, ки даст ба эътисоби ғизо задаанд, вахим аст ва 24 нафар аз онҳо ба далели коҳиши қанди хун ҳушёрии худро аз даст додаанд.
Ин дар ҳолест, ки вазири дифоъи Амрико посухе ба ин нома надодааст ва ҳеҷ иқдоме барои боздоштшудагон анҷом нагирифтааст.