nahzat.tj
17.03.2012, 21:30
Ҷаласаи муштараки фаъолони башхи ҲНИТ ва навоҳии атрофии Тобеъи марказ (НТМ) соати 14:00 баъди анҷом ёфтани Ҳамоиши бахшида ба бузургдошти Устод С. А. Нурӣ ва Устод М. Ҳимматзода дар бинои марказии ҲНИТ баргузор шуд. Ҳусайнҷони Нурӣ бо қироати ояе чанд аз Қуръони маҷид ба ин маҷлис ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда аз фаолияти ин шӯъба гушориш дод. Зимни гузориш қайд намуд, ки теъдоди аъзои ҳизб аз 3376 нафар ба 4533 расидааст ва теъдоди тақсими нашрияҳо ҳам чанд маротиба боло рафтааст. «Тавзеъи нашрияҳо бошад; «Наҷот» аз 526 ба 1301 адад расида ва «Сафинаи умед» низ ду маротиба боло рафтааст.»- иброз дошт ӯ.
Ҳамзамон М. Нурӣ дар атрофи чорабиниҳо ва ҷаласаҳое, ки ин шӯъба баргузор кардааст ҳисобот дода, дар маҷмӯъ фаолияти масъулин дар соли сипаригаштаро қаноатбахш арзёбӣ кард. «Шуъбаи шаҳрии ҳизб барои ширкат дар ду интихоботи миёнадаврии номзади ба Маҷлиси намояндагон омодагӣ дида буд, вале аз сабаби қабул накардани намояндагони мо ба аъзои участкаҳои интихоботӣ аз ширкат дар он даст кашидем», идома дод ӯ.
Баъди суханронии ҷаноби Муҳаммадҷони Нурӣ, фаъолони ин шӯъба пешниҳоду суолҳои зиёдеро ироа карданд, ки мавсуф ба суолҳояшон ҷавоб ва ба пешниҳодҳояшон гуш дод.
Баъди муҳокимаи суханронии раиси шуъбаи шаҳрӣ, Ҷалолиддини Маҳмуд, раиси шубаи ҲНИТ дар НТМ пиромуни бурду бохтҳои ин шӯъба гузориши муфассале дода, қайд кард, ки бо чанд сабаби маълум натавонистааст, ки фаъолияташро густурдатар кунад. «Яке аз сабабҳои асосӣ он буд, ки бародар Сабзаъалӣ (Худованд ӯро раҳмат кунад) аз байни мо рафт, ки раҳбарии ин шӯъбаро ба дӯш дошт ва дар муддати панҷ моҳи баъди фавти ишон фаъолият суст шуд. Боз як мушкилоти дигар ин аст, ки аксари шуъбаҳои мо дар ноҳияҳое қарор доранд, ки яке мушкилии роҳ ва дигаре ба сабаби барфи зиёди имсола натавонистем фаъолиятро беҳтар кунем», иброз дошт ӯ. Ҷаноби Ҷ. Маҳмуд таъкид кард, ки боз дар соли оянда фаъолият хубтар хоҳад шуд.
Баъди пешниҳоду пурсишҳои вакилону фаъолони шӯъбаи мазкур, Маҳмадкарими Орзу, муовини раиси ҲНИТ ҷаласаро ҷамъбаст карда, дар маҷмуъ кори ин ду шӯъбаро қаноатбахш арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми ҷаласа ба фаъолони бахшҳову шуъбаҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.