Комиссияи хадамоти зидди монополии Тоҷикистон дар бораи риоя нагаштани қонунҳои Тоҷикистон аз тарафи ин ширкат “Инноватив Роуд Солюшин” расман ба хабаргузориҳо шикоят намудааст. Раиси хадамоти монополии Тоҷикистон Амонуллои Ашур баён дошта, ки агар ширкати “Инноватив Роуд Солюшин” аз ироаи маълумоти дархостии хадамоти монополии Тоҷикистон худдорӣ кунад, қазияи ба Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон кашида хоҳад шуд. Гуфтанист, тайи чанд муддат як комиссияи вижаи таъсис додаи иборат аз вазорат ва ниҳодҳои зиддахли Ҳукумат фаъолияти ширкати “Инноватив Роуд Солюшин” мавриди таҳқиқ қарор медоданд. Даъватҳои Амонуллои Ашур замоне садо медиҳанд, ки ҳадсу гумонҳо дар мавриди моликони аслии ин ширкат дар ҷомеа беш аз ҳад афзудааст. Ин «ҷанг» -и Амонуллои Ашур, раиси хадамоти монополии Тоҷикистон бо ширкати моликони аслияш номаълум “Инноватив Роуд Солюшин” дар ҳоле ҷараён дорад, ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон чашм ба умеданд, ки Амонуллои Ашур пеши роҳи пул ҷамъкунии ғайриқонунии ин ширкатро мегирад. Дар бозорҳои шаҳр аллакай тоҷирон ба моли худ нархи роҳро зам намуданд, ки ба касе пӯшида нест. Пас интизор мешавем, ки даъвои хадамоти монополии Тоҷикистон то куҷо ба ҳақиқати имрӯз рост меояд. Зеро ҳал шудани ин қазия ба манфиати хадамоти монополии Тоҷикистон обрӯи ин ниҳодро дар ҷомеа метавонад афзоиш диҳад.
Categories
Ахбори рӯз