Categories МУҲОҶИРАТ

Ҷасади домодшавандаро ба ватан меоранд

nahzat.tj

«Дар ҷараёни тафтишот боздоштшуда, ки муттаҳам ба қатли Аҳтамшоҳ аст, на танҳо ҷурмашро эътироф кард, балки иброз дошт, намояндаи кадом миллат қурбон мешавад, барои ӯ тафовут надорад, куштор барои ӯ лаззат мебахшад. Ӯ одам куштааст ва боз хоҳад кушт…»

Субҳи пагоҳ 15. 11. 2012 часади шаҳид Аҳтамшоҳ Шарифов, ки чанде пеш дар ғарибӣ, яъне, Русия, ноҷавонмардона сари ӯро аз тан ҷудо намуда буданд, ба ватан меоранд.

Дар бораи ғайб задани Аҳтамшоҳи армоношикаста овозаҳои зидду нақизе доман пароканданд ва ҳар як пайванду ҳамдеҳаи ӯро, ки мисли вай дар Русия муҳочиранд, маҷбур месохтанд, ки ба ҳар дар сар бизананд.

Агар яке мегуфт, ӯро куҷое кор бурдаанд, дигаре мегуфт, шояд Аҳтамшоҳ дар боздоштгоҳе бошад. Ҳаргиз касе намегуфт, ки ӯро сар аз бадан ҷудо намудаанд. Аммо нисфирӯзии панҷшанбе, 12 октябри соли равон овозаи пайдо шудани ҷасади марҳум Аҳтамшоҳ Шарипов дили ҳазини ёру дӯстон ва ақорибро боз ҳам маҳзунтар кард. Охир Аҳтамшоҳ писари воҳиди хона буд ва инчунин падараш тобистони соли гузашта олами фониро падруд гуфта.

Танҳо 11 октябр тайи як занги телефонӣ яке аз наздикони ӯ гуфтааст, ки ҷасади бесари ҷавон аз ҷасадхона (морг)-и шаҳри Пушкин ёфт шудааст. Ҳамзамон, ба навиштаи торномаи Созмони саросарии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, тан ва сари ӯ аз ҷойҳои мухталиф дарёфт шуда, ба ҷасадхонаҳо (морг)-ҳои гуногун мунтақил шудаанд.

Воқеан, шеваи куштори Аҳтамшоҳ ва аз амокини гуногун ёфт шудани ҷасаду сараш суолҳоеро матраҳ намуда.

Чаро ӯ кушта шуд?

Каромат Шарифов, раиси Созмони саросарии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки бо Алан Штимов, яке аз намояндагони шӯъбаи тафтишоти бахши Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия мулоқот доштааст, ба суоли худ «Оё ин ҷиноят хусусияти миллӣ ва ё заминаи динӣ ё иртиҷоӣ доштааст?» чунин посух гирифтааст: «Дар ҷараёни тафтишот боздоштшуда, ки муттаҳам ба қатли Аҳтамшоҳ аст, на танҳо ҷурмашро эътироф кард, балки иброз дошт, намояндаи кадом миллат қурбон мешавад, барои ӯ тафовут надорад, куштор барои ӯ лаззат мебахшад. Ӯ одам куштааст ва боз хоҳад кушт…»

Зимнан Каромат Шарипов бо назардошти ин мавқеъ дар ҷаласаи изтирории созмон чанд суолу афкореро матраҳ намуда ба ин маънӣ: аввалан, дар худрави сиёҳшишае ки муҳоҷири меҳнатии мақтул савор шуда, танҳо набудааст, онҳо ду нафар будаанд. Дуввум, қотил, манякро чӣ омил водор намуда, то дар маърази ом, миёни теъдоди бешумори муҳоҷирини корӣ дар шоҳроҳи Ярослав мақтули худро ҷӯё шавад? Саввум, агар маняк худро ба касе вонамуд намояд, дар чунин ҳол, ҷиноёти ӯ бояд хусусиёти силсилавӣ гиранд. Чун агар ин амал ба ӯ лаззат мебахшад, пас, маълум аст, ин куштор ягона амали ӯ нест. Чаҳорум: ӯро кушт, лаззат бурд, аммо чаро сарашро аз тан ҷудо намуда, ба макони дигар бурд ва онро оташ зад?

More From Author

You May Also Like