Categories Uncategorized

Ҷасади собиқ вазири нафти Либия дар Дунай пайдо шуд

Полиси Австрия аз пайдо шудани ҷасади Шукрӣ Ғоним, вазири собиқи Либия дар давраи ҳукумати Муаммар Қазофӣ дар рӯдхонаи Дунай хабар дод.

Ба гузориши “sunnionline”, ба гуфти мақомоти полиси ин кишвар ҳеҷ асаре аз хушунат бар рӯи ҷасади ёфтшуда дида нашудааст. Эҳтимол ин ки бар асари ғарқ шудан ҷон бохта бошад, аммо бо вуҷуди ин ҷасади ӯро барои таҳқиқ ва дақиқ кардани марги ӯ ташхис хоҳанд кард.

Шукрӣ Ғоним аз соли 2006 то тобистони 2011 раҳбарии Вазорати нафти Либияро бар ӯҳда дошт ва дар январи соли гузашта аз ҳукумати Муаммар Қазофӣ ба далели хушунат ва саркуби давлати Қазофӣ алайҳи мардум аз симати худ канорагирӣ кард. Аз он замон дар шаҳри Вен истиқомат мекард.

Шукрӣ Ғоним пеш аз он ки дар Вазорати нафти ин кишвар фаъолияти худро оғоз намояд, дар солҳои 2003 то 2006 нахуствазири Либия буд. Ба гуфтаи полиси Австрия ва ба нақл аз хонаводаи вай, маросими хоксупории ӯ дар Либия баргузор хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like