Categories ДИДГОҲ

“Ҷаҳони андеша” ё “Иттиҳоди бехудоён”?

Маҳфилҳои сиёсӣ ва андешакадаҳои умдаи ҷаҳон бар ин нукта эътироф доранд, ки мактаби моддигароии атеистӣ ба унвони идеология дучори буҳрони шадиди ақидатӣ гардид ва андешаи ботили бехудоии он ба партовгоҳи таърих рехта шуд. Аммо иддае аз файласуфмаобони моддигаро ҳанӯз ҳам аз андешаи ботили худ даст бар надоштаанд ва ба шиддат дидгоҳи бехудоии бепояву асосро матраҳ мекунанд.
Намунаи ошкори ин андешаи гумроҳкунанда китобест бо номи «Ҷаҳонбинии оянда», ки чанд нафар «донишманд»-и тоҷик онро таҳия кардаанд. Аҳли илму фарҳанг ёд доранд, ки дар соли 2007 Комили Бекзода бо навиштани мақолаи таҳқиромезе андешаҳои орифи бузург Мавлоно, мутафаккири мусалмонро, ки бо Қуръони маҷид ва аҳодиси набавӣ ороста шудаву ҷаҳони бӯҳронзадаи мошинии имрӯзро тасхир мекунад, зери суол бурда буд. Албатта, дар он замон Бекзода посухи худро гирифт, вале далелҳои донишмандон таъсире дар афкори ботилаш нагузошта, ки имрӯз иддаъои мактаби атеистии нобудшударо дубора матраҳ мекунад. Дар ин чанд рӯз Бекзода ва ҳаммаслаконаш аз тариқи расонаҳои хабарӣ талош карданд, ки баҳсҳои эҷодшуда перомуни китоби куфромези “Ҷаҳонбинии оянда”- ро ғаразварзона ҷилва диҳанд. Бекзода ва ҳаммаслаконаш дар саҳифаи 6-и ин китоби гумроҳкунанда муддаӣ шудаанд, ки “Худо қаҳрамони асосии афсонаҳои динии мост. Мо одамон Худоро ихтироъ кардаем. Барои он ки моро баъди мурдани баданамон бори дигар зинда кунад ва ба ин ҷаҳони зебо бозгардонанд, образи Худоро офаридем”.
Ин андешаи аҳли маҳфили “Ҷаҳони андеша” такрори иддаъоҳои даҳриёни гузашта ва атеистони феълист, ки ба таври ошкор бо вуҷуди мушоҳидаи нишонаву осори қудрати Худованди ягона вуҷудашро инкор мекунанд. Албатта, ин ҳарф ҷои тозагӣ надорад ва дар гузашта низ пайравони ин тафаккур вуҷуди Холиқи якто ва зинда шудани пас аз маргро афсонаҳои қадимиён (асотирул аввалин) медонистанд.
Онҳо ҳатто бо нашри матлабе дар “Озодагон” даст ба домани ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон шуда, гуфтаанд, “барои ба вуҷуд наомадани нооромиҳо ва халалдор нагардидани амнияти кишвар ба мақсад мувофиқ медонем, ки ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ аз чунин амалҳои ғаразнок пайгирӣ ва ҷилавгирӣ намоянд”(7 март). Ҳоло метавон ин пурсишро матраҳ кард, ки чӣ касоне барои ба истилоҳ “халалдор нагардидани амнияти кишвар” талош ба харҷ медиҳанд? Онҳое, ки бо навиштани китоби “Ҷаҳонбинии оянда” эҳсосоти миллиардҳо нафар масеҳӣ ва мусалмони муъминро бармеангезанд ё афроде, ки посух додан ба ин навъ афкори ботилро ҳаққи имонӣ ва қонунии худ медонанд?
Барои исботи вуҷуди Худо аз овардани далели кофӣ аз донишмандону мутафаккирони исломӣ ба ин иллат, ки Бекзода ва ҳамфикронаш аслан исломро қабул надоранд, худдорӣ мекунем. Аммо бо зикри суханоне аз Эйнштейн, нобиғаи қарни 20 ва поягузори назарияи нисбият, ки кашфиёташ муҷиби пешрафти илмҳои гуногун шуд, умедворем Бекзода ва гурӯҳаш ин далелро қабул кунанд. Зеро ҳадди ақал аз Эйнштейн донотар нестанд, ки мегӯяд: “Дар олами маҷҳул, нерӯи оқил ва қодире вуҷуд дорад, ки ҷаҳон гувоҳи вуҷуди Ӯст. (Китоби “Исботи вуҷуди Худо” с. 76)”.
Барои ҳар инсони мӯъмин ва соҳибхирад пурсише пеш меояд, ки ба чӣ далел мутафаккирони бузурги масеҳӣ, аз ҷумлаи донишмандони илмҳои таҷрибӣ бо ошноӣ бо Қуръон ба ин китоби осмонӣ имон меоваранд. Вале теъдоде аз файласуфони мусалмонзода, баръакс бар куфри худ меафзоянд. Дар ин замина ба чигунагии Ислом овардани доктор Морис Букой, пизишк ва колбадшикофи фаронсавӣ ишора мекунем, ки мегӯяд: “Ман барои пажӯҳиш ва колбадшикофӣ аз ҷасади мумиёишудаи яке аз фиръавнҳои Мисри Қадим ба ин кишвар даъват шудам. Ҳангоми колбадшикофии ҷасади мумиёишудаи Фиръавн осоре аз намакро дар даҳони ӯ пайдо кардам. Вақте ин мавзӯъро бо донишмандони мусалмони мисрӣ дар миён гузоштам, онҳо гуфтанд, ин маънӣ дар китоби Қуръон омадааст ва Фиръавн дар рӯдхонаи Нил ғарқ шудааст.
Барои ман бисёр ҷолиб буд, ки бо асли достони Фиръавн дар Қуръон ошно шавам ва натиҷаи ин пажӯҳиш муҷиби мусалмон шуданам гардид”.
Доктор Букой китобе таҳти унвони “Муқоисаи миёни Таврот, Инҷил, Қуръон ва улум” навиштааст (ба бисёре аз забонҳои дунё, аз ҷумла, арабӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ тарҷума шудааст). Мо аз ин китоб танҳо як далели илмии нависандаро дар боби мароҳили офариниш зикр мекунем. Дар саҳифаи 201 -и китоб бо зикри оёти 54 аз сураи «Аъроф» ва 9 – 12 аз сураи Фуссилат менависад: “Дониши нав мегӯяд, ки ҷаҳон аз ҷирми газӣ (духон) бо даврони кунд ташкил шуда, ҷузъи аслии он ҳидружен ва бақия гелий буд. Сипас ин абр ба пораҳои зиёде бо андоза ва ҷирмҳои қобили мулоҳизае тақсим шуд ва ҳамин ҷирми газӣ баъдан каҳкашонҳоро ташкил дод. Дар асари фишорҳо ва нерӯи ҷозибаву партовҳои ворида, заминаи шурӯъи вокунишҳо (гармо-ҳастаӣ) шуд ва аз атомҳои сода атомҳои сангин ба вуҷуд омад. Ҳидружен ба гелий, сипас карбон ва оксижен табдил мегардад, то ба фулузот ва шибҳифулузот мунтаҳӣ мешавад. Ҳамон тавре дар оёти 9- 11- и сураи «Фуссилат» зикр шудааст: сипас ба хилқати осмонҳо пардохт ва он дуде буд. (духон-газ)”.
Вай дар ин маврид аз Ҷеймс Чинз, донишманди фалакшинос мисол меорад, ки гуфтааст, моддаи кавн аз газҳое, ки дар фазо интишор доранд, оғоз гашта, аз зичии ин газҳо абри ғализ падид омадааст. Доктор Букой бо зикри ояи 10- и сураи «Луқмон» мегӯяд: “Худованд ба воситаи сутунҳои диданашаванда, ки имрӯз аз онҳо ба унвони нерӯи ҷозибаи умумӣ ёд мешавад, курраҳои осмониро устувор гардонид”.
Аммо пурсиши аслӣ ин аст, ки модоме аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба худ иҷоза медиҳанд дар кишваре, ки ба иддаъои масъулонаш беш аз 98%-и мардум мусалмон мебошанд, вуҷуди Худоро инкор намоянд, табиист тарҳи ин мавзӯъ бо вокуниши шадиди соҳибназарону донишмандони исломӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бояд ҳақ бидиҳанд, ки дигарон низ метавонанд дидгоҳи худро баён кунанд. Зеро Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аз ҳисоби молиёти мардуми мусалмони ин кишвар фаъолият мекунад. Агар иддае бо истифода аз ин манбаи молӣ аслу асоси эътиқоди беш аз 1,5 миллиард мусалмони рӯи ҷаҳонро зери суол бибаранд, бояд дар интизори посухи кӯбанда ба афкори ботили хеш бошанд.

Тавҳину таҳқирҳое дар ин чанд соли ахир
Мо дар Тоҷикистон тайи як даҳаи ахир шоҳиди се маврид аз таҳқиру тавҳин ба арзишҳои эътиқодии ҷомеъаи мусалмон будем. Нахуст фарде ба исми Абдураҳмон Бобоев, баъдан шоир Зиё Абдуллоҳ, инак Бекзода ва ҳаммаслаконаш ба худ иҷоза медиҳанд, ки бо фаротар гузоштани по аз ҳадду андозаи озодии баён андешаи вуҷуд надоштани Холиқи ягонаро матраҳ намоянд. Ин дидгоҳ натиҷаи таҳаррукоти маҳфилҳои бегонаест, ки имрӯз теъдоде аз донишмандон, ба истилоҳ файласуфони моддигарои даврони шӯравиро водор ба баёни чунин дидгоҳҳои куфромез мекунанд. Мисоли рӯшани он, дар силсиламақолоти Дмитрий Семушин («Регнум», таҳти унвони “Файласуфони марксистӣ ва гомосексуализм” (01. 03. 2014) баён шудааст. Бар асоси ин навиштор дар солҳои 2008- 10 “Сандуқи ҷаҳонии умури занон” аз Амрико ва дар соли 2011 аз созмони “Шӯрои вазирони кишварҳои шимол” маблағҳои зиёде ба ҳисоби бунёди Ракурс дар Донишгоҳи Архангелский Русия, ки аксари масъулони ин ниҳод файласуфони собиқи марксистӣ мебошанд, барои тарвиҷи ҳамҷинсгароӣ ворид кардааст. Вай таъкид мекунад, ки масъулони кафедраи фалсафаи ин донишгоҳ аз чор бунёди ғайридавлатии хориҷӣ ба ин манзур 2 миллиону 700 ҳазор рубл дарёфт кардаанд.
Мисоли дигари сиёсати исломситезӣ паёмҳои Ш. Юсуф, корманди собиқи шуъбаи фалсафаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон мебошад, ки ҳоло дар Австрия ба сар мебарад. Ӯ ҳамвора дар номаву паёмҳояш бо тарҳи иддаъои ориёӣ ва Зардуштмаслак будани хеш аз ҷавонон мехоҳад, ки аз дини Ислом даст бардоранд. Зеро ба андешаи ӯ Ислом дини хушунат буда, арабҳо бо зӯр қасд доранд Қуръон ва забони арабиро дар ҷаҳон ҳоким кунанд.
Агар Ш. Юсуф каме ақл медошт, ҳаргиз ин иддаъои душманони Исломро такрор намекард. Магар вуҷуди 6- 8 миллион мусалмон дар Фаронса, 5 миллион дар Олмон, 3 миллион дар Бритониё, 8 миллион дар ИМА натиҷаи лашкаркашӣ ва зӯроварии мусалмонон аст? Балки натиҷаи фаъолияти маърифатии ҳамон ба истилоҳи ин файласуфи собиқи марксист, арабҳои одамкуш ва дигар миллатҳои мусалмон мебошад, ки аз роҳи сохтани масҷиду мадрасаҳо ва марказҳои исломӣ заминаи гароиши мардумони ин кишварҳоро ба дини Ислом фароҳам месозанд. Ҷои тааҷҷуб дорад, ки Ш. Юсуф чашми худро ба рӯи куштори миллионҳо мусалмон ба дасти артиши Амрико дар Афғонистону Ироқ бастааст. Вай фаромӯш карда, ки Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури вақти Амрико дар нахустин суханронии худ дар Конгресс пас аз ҳодисаҳои машкуки 11 сентябр баҳси ҷанги салибиро матраҳ карда буд. Оё ин файласуфи марксист, ки акнун ниқоби ориёият ба чеҳра задааст ин нуктаро намедонад, ки дар қарнҳои 17- 18 истеъморгарони аврупоӣ ҳангоми лашкаркашӣ барои фатҳи қораи Амрико, ба гуфтаи Хуго Чавез, раисиҷумҳури пешини Венесуэло 10 миллион нафар аз мардуми бумиро қатли ом кардаанд.
Оё интиқоли миллионҳо сиёҳпӯсти африқоӣ ба қораи Амрико ва баҳракашӣ аз онҳо ба унвони ғулому бардаи сиёҳ ҳам кори Ислом ва мусалмонон аст? Агар имрӯз Ислом босуръат дар миёни ғайримусалмонон дар ҳоли густариш аст, ин раванд чӣ иртиботе ба шамшеру зӯроварӣ дорад?
Мутаассифона, иддае аз файласуфмаобон бо такрори афкори ботили атеистии худ дар роҳе ҳаракат мекунанд, ки душманони Ислом барои онҳо муайян кардаанд ва аз андешаҳои мансухшудаи худ дастбардор нестанд. Мехоҳем барои Ш. Юсуф ва амсоли ӯ суханеро аз шоир, риёзидон ва мутафаккири олмонии қарни 19, доктор Иоҳан Гёте ёдоварӣ намоем, ки дар он замон бо дарки ҳақиқати Ислом ва Қуръон навиштааст: “Солиёни дароз кашишони аз Худо бехабар моро аз пай бурдан ба ҳақоиқи Қуръони муқаддас ва азамати оварандаи он дур нигаҳ доштанд. Аммо ҳар қадаре қадам дар ҷодаи илму дониш ба пеш гузорида, пардаҳои ҷаҳлу таассуби нобаҷоро даридаем, азамати аҳкоми муқаддаси Ислом, ки Қуръон маҷмӯъаи он аст, бӯҳту ҳайрати аҷибе дар мо эҷод намудааст. Анқариб аст, ки ин китоби тавсифнопазир оламро ба худ ҷалб намуда, таъсири амиқе дар илму дониши ҷаҳон гузорад ва меҳвари афкори мардуми ҷаҳон мегардад”. (“Қуръон, аз дидгоҳи 114 донишманди ҷаҳон” с. 14).
Як замон шахсияте, монанди Фидел Кастро, раҳбари собиқи Куба, ки беш аз 40 сол зимоми умур дар ин кишварро дар даст дошт, аз динситезӣ ба унвони бузургтарин иштибоҳи худ ёд кардааст, вале донишмандмаобони атеисти тоҷик ба ҳамон афкори даврони моддигароӣ пофишорӣ доранд. Кастро дар соли 1998 дар дидор бо сафирони кишварҳои исломӣ гуфтааст: “Бузургтарин иштибоҳи сиёсии ман берун рондани дин аз ҷомеъа мебошад. Ба ин далел, ки дин метавонад муҳимтарин омили пешрафти кишварҳо гардад, ки мисоли рӯшани он дастовардҳои иқтисодӣ ва илмии Ирон ва Малайзиёст”.
Имрӯз ин ду кишвари исломӣ дар остонаи фатҳи фазо қарор доранд ва дар бисёре аз бахшҳои илмиву фанноварӣ ба дастовардҳои қобили мулоҳизае ноил шудаанд. Аммо донишмандони файласуфи мо ба дунболи инкори Худо ва тарвиҷи афкори ботил мегарданд. Албатта, далелҳои исрори ин афрод бар андешаи бехудоии худ дар қарни 21, ки марҳилаи худогароӣ мебошад, ҷои тааҷҷуб дорад. Барои посух додан ба ин шубҳаҳо навиштореро аз доктор Волтер Линдберг мисол меоварем, ки дар бораи иллати дурии баъзе донишмандон аз дарки вуҷуди Худо ин тавр тавзеҳ медиҳад: “Ин ки таваҷҷуҳи баъзе донишмандон дар мутолиъоти илмӣ мунъатиф ба далели вуҷуди Худо намешавад, иллатҳои зиёде дорад, ки мо дутои онро зикр мекунем.
Нахуст он ки ғолибан шароити сиёсии истибдодӣ бо кайфияти иҷтимоъӣ ва бо ташкилоти мамлакатӣ, инкори вуҷуди сонеъро иҷоб мекунад.
Дуввум ин ки фикри инсонӣ ҳамеша таҳти таъсири баъзе хаёлот қарор дорад ва бо он ки шахс ҳеҷ азоби рӯҳиву ҷисмӣ ҳам надошта бошад, боз ҳам фикри ӯ дар интихоб ва ихтиёри роҳи дуруст комилан озод нест. Чунончи, дар хонаводаҳои масеҳӣ ағлаби атфол дар аввалҳои умр ба вуҷуди Худои шабеҳи инсон имон меоваранд. Ин афрод ҳангоме вориди муҳити илмӣ мешаванд, ин мафҳуми инсонгуна ва заиф аз Худо бо тааммуле аз байн рафта, бо тасаввури илмии онҳо созгор намешавад ва ба таври куллӣ матруку аз саҳнаи фикриашон хориҷ мегардад”, (китоби “Исботи вуҷуди Худо” с. 51).

«Ҷаҳонбинӣ» – и бепояе барои асри 21
Нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки Бекзода ва ҳамфикронаш китоби куфромези “Ҷаҳонбинии оянда” -ро ба унвони ҷаҳонбинии ҷадид барои насли ҷавон дар қарни 21 муаррифӣ мекунанд. Ҳол он ки дар даврони ҳукумати 74- солаи моддигароии Шӯравӣ ин афкор ба шиддат таблиғ мешуд. Чунончи дар “Энсиклопедияи Тоҷикистони советӣ”, чопи соли 1978 чунин навишта шудааст: “Атеизм- калимаи юнонӣ айнан бехудоӣ, системаи ҷаҳонбинии материалистӣ, ки ба ҳар гуна дин ва қувваҳои фавқуттабиӣ эътиқод доштани инсонро рад менамояд (с. 284-286)”.
Агар дирӯз ин афрод аз осори мутафаккирону донишмандони исломӣ ҳамчун Арастуву Сино, Беруниву Хайём, Форобиву Хоразмӣ марксизм- ленинизм ҷустуҷӯ мекарданд, имрӯз дар заминаи душманӣ бо Ислом гиребони Худованди якторо мегиранд. Вақте бузургтарин таърихнигорону донишмандони аврупоӣ аз хадамоти Форобиву Сино, Ибни Рушд, Хоразмиву Берунӣ барои башарият ёд мекунанд ва ин мутафаккиронро мусалмон меноманд, ҷои тааҷҷуб дорад, ки донишмандони тоҷик ба дунболи нажоди ориёӣ гашта, талош мекунанд ин шахсиятҳоро аз ҷаҳони Ислом ҷудо созанд. Агар мунсифона ба пажӯҳишҳои фалсафии донишмандони тоҷик дар даврони шӯравӣ нигоҳ кунем, ба ҷуз аз осори устод Акбари Турсон, ки бо паёми худшиносӣ ва худогоҳии миллат ҳамроҳ буд, инчунин навиштаҳои солҳои охири Асадуллоҳ Искандаров дар бораи ирфон дар осори Мавлоно, бақияи мероси он замон ҳеч арзиши илмие надорад. Зеро сирфан бо ҳисси кунҷкобӣ ба баррасии маҷмӯъаҳои суханрониву мақолоти донишмандони даврони шӯравии тоҷик дар ҳамоишҳои байналмилалӣ пардохтем ва маълум шуд, ки аксари ин осор таҳти тафаккури идеологияи марксистӣ баён шудаанд. Ба далели ин ки баъзе аз ин афрод вафот кардаанд, аз зикри ин мақолот худдорӣ мекунем.
Албатта, дар Тоҷикистон одат шудааст, ки сари ҳар чанд вақте афкору андешаи куфромез нисбат ба арзишҳои эътиқодии ҷомеъаи мусалмони ин кишвар мунташир шавад. Аммо ҳеҷ гоҳ ниҳодҳои давлатӣ ва Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон ин гуна иқдомоти таҳқиромезро маҳкум накардаанд. Дар ҳоле ки дар ҷомеъаҳои исломӣ барои ҷазби сармояи молии кишварҳои исломӣ масъулони давлатӣ аз афзоиши теъдоди масҷидҳо ба унвони дастоварди даврони истиқлол сухан мегӯянд, аммо дар Тоҷикистон мисле ки сиёсати исломситезии шадидро пеш гирифта бошанд. Чунончи мамнӯъ будани пахши садои азон аз баландгӯяк, мамнуъияти вуруди занон ва писарони то 18- сола ба масҷидҳо, мамнуъ будани рафтани кормандони идораҳои давлатӣ ба намози ҷумъа ва хондани намоз дар маҳалли кор, мамнуъ будани омӯзиши Қуръон ва илмҳои исломӣ бидуни иҷозаи Кумитаи давлатии дин, таъини ҷарима, ҳатто ҳукми зиндон барои падару модароне, ки қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”- ро нодида мегиранд, танҳо чанд мисол аз ин гуна мавридҳост.

Чаро Шӯрои уламо хомӯш аст?
Бар асоси гузориши расмии кумитаи дин аз 6 мадрасаи миёнаи исломӣ дар кишваре, ки беш аз 8 миллион аҳолӣ дорад, ҳеҷ яке аз онҳо кор намекунанд. Баҳонаи таътили мадрасаҳо ба танзим овардани барномаи омӯзишии онҳо бо меъёрҳои вазорати маъориф эълом шудааст. Аз ин рӯ, онҳое, ки иддаъо мекунанд ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ пайвастаанд, оё боре андеша намуда, ки ба далели баста будани фазои омӯзиши илмҳои исломӣ дар кишвар ин афрод ба созмонҳои тундрав ворид мешаванд?
Мантиқан интизор мерафт, ки пас аз оғози баҳсҳои расонаӣ дар ҷомеъа, Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар намозҳои ҷумъа ба китоби “Ҷаҳонбинии оянда” вокуниш нишон диҳад. Аммо ин иттифоқ науфтод ва Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломӣ дар хутбаҳои намози ҷумъа ба мавзӯъҳое рӯ оварда, ки аз сӯи кумитаи дин навишта ва пешниҳод мешаванд. Воқеъан, Шӯрои уламои Тоҷикистон, ки дастуроти зиддиқуръонии идораҳои давлатӣ дар мавриди ҳиҷоби бонувони мусалмон, намози ҷавонон, омӯзиши Қуръон ва илмҳои исломиро бидуни ҳеҷ мухолифате пазируфта, худро дар муқобили фарзи Худо қарор додааст, акнун дар заминаи ситоиши раҳбарони сиёсии кишвар мусобиқаи чоплусиеро низ эълом кардааст.
Ин шӯро дар гузашта низ дар баробари мақолаҳои таҳқиромези зиддиисломӣ аз сӯи афроде, ҳамчун А.Бобоев ва З. Абдуллоҳ ҳеҷ вокунише нишон надода буд. Имрӯз ҳам нисбат ба китоби куфромез сукут ихтиёр кардааст. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки оё заъф ва нотавонии имонии аъзои Шӯрои улумост, ки ба ниҳоди вобаста ба кумитаи дин табдил ёфтааст ё чизи дигар? Ҳол он ки бар асоси масъулияти шаръии худ ин шӯро мебоист ҳукми Исломро дар бораи афроде, ки ба Қуръон, Паёмбар (с) ва арзишҳои эътиқодии мусалмонон зарба мезананд, эълом намояд.
Боре инҷониб дар баҳсе бо яке аз мушовирони раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки иттифоқан аз файласуфони собиқи марксизм буд ва имрӯз ниқоби ориёӣ ба чеҳра кашидаву таҳқирҳои зиёде ба дини Ислом раво дошт, мавзӯи сукути Шӯрои уламо дар баробари афроде, ки Қуръонро бо “Майн Кампф” -и Гитлер ва шахсияти муқаддаси ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)- ро бо Чингизхони хунрез баробар мекарданд, матраҳ намудам. Масъала ин ҷост, ки бар чӣ асосу ҳаққе афроди алоҳида ба худ иҷоза медиҳанду ба арзишҳои эътиқодии мусалмонон таҳқиру тавҳинро раво мебинанд?
Мо унвони ин матлабро “Ҷаҳони андеша” ё “Иттиҳоди бехудоён”- и Комили Бекзода гузоштем, зеро бар хилофи иддаъои Бекзода ва ҳаммаслаконаш, ки мехоҳанд худро ҳамчун асосгузорони ҷаҳонбинии нав муаррифӣ кунанд, андешаи онҳо такрори ҳамон афкори мактаби атеизми шӯравист. Аз ин рӯ, беҳтар мебуд, номи маҳфили худро тағйир дода, онро “Иттиҳоди бехудоён” номгузорӣ кунанд. Чунки дар даҳаи 1930 созмоне бо ҳамин ном вуҷуд дошта, ҳатто нашрияе ҳам таҳти унвони “Союз безбожников” мунташир мешудааст, ки оқибати ин талошҳо барои аз байн бурдани дин ба ҷое нарасид ва худи тарроҳону дастандаркорони ин навъ барномаҳо аз байн рафтанд.
Хайриддини Қосимӣ, рӯзноманигор

More From Author

You May Also Like