Соли аввали кори Маркази миллии тестӣ, ки фаъолияти он барои қабули доваталабон ба макотиби олӣ ба шеваи ҷадид роҳандозӣ шудааст, феълан аз довталабон дар ҷараёни қабули имтиҳонот аст.
Тавре Ситорабону Назарова, котиби матбуотии ММТ мегӯяд, ки ба қайдгирии довталабон ба анҷом расида, феълан довталабон дар марҳалаи супоридани имтиҳонҳо мебошанд.
Бояд гуфт, дар кишвар чунин шеваи ҷадиди қабули довталабон ба макотиби олӣ аввалин бор буда, ин тағйирот дар низоми қабули имтиҳонот бо асос гузоштан ба ниҳоде мавсум ба Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон рӯйи кор омад ва мақсад аз он барҳам задани фасод дар системи маорифи кишвар гуфта мешавад.
Ин ниҳод қаблан дар тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон буда, аммо баъдан, тобеи раисҷумҳури Тоҷикистон гардид.
Бо ҳамин усул довталаб дар макони муайян зери камераҳои назоратӣ имтиҳонро супорида тақдири худро интизор мешавад, ки бахташ баландӣ мекунад ё на.
Дар ҳамин ҳол, иддае аз довталабонро ноумедӣ фаро гирифтааст. Онҳо бар онанд, ки бидуни маблағи ҳангуфт ба донишгоҳ имкони дохил шуданро надоранд.
Фаридуни Бобоҷон, як сокини шаҳри Душанбе, ки ҳуҷҷати духтари худро ба ММТ супоридааст, мегӯяд, барои ба донишгоҳ дохил шудани фарзандаш иддае маблағ талаб карда, гуфтаанд, танҳо дар сурати пардохт кардани маблағ духтарашро ба донишгоҳ қабул мекунанд. Вале Дӯстмурод, як довталаби дигар мегӯяд, нафаре аз шиносони ба истилоҳ “боло” барои дохил шудани ӯ ба донишгоҳ пора талаб кардааст. Ин довталаб мегӯяд, бояд ба мактаби олӣ дохил шавад, вале агар системаи ҷадид системаи шиносбозӣ бошад, имкони дохилшуданаш зери суол қарор мегирад. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар «боло» ягон шинос надорад.
Хурсандмурод Исоев, довталаби дигар ҳам бар ин аст, ки бояд ба донишгоҳ дохил шавад, вале мутмаинан изҳор медорад, ки бидуни додани пора ғайриимкон аст. Зеро ба гуфтаи худи ӯ чанд муаллимро дар ин бора пурсидааст, ки муаллимон ҳам бидуни додани пора дохил шуданро бовар надоранд.
Раҳматуллоҳи Раҷаб, масъули шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ бидуни пора довталаб ба ягон макоти олӣ дохил намешавад.
Ба гуфтаи масъули ҳизб дар НТМ, ин ниҳод барои бевосита гирифтани пул аз довталабон чунин марказеро таъсис додаанд. Албатта, пул барои ҷайби худашон аст ва як рӯз не, як рӯз ин ҳама беадолатиҳои масъулин ошкор мешаванд.