Categories Uncategorized

Абдуллоҳ Давлат: Тоҷикистон шаҳрвандонашро «исқот» мекунад

Тавре маълум, чанде қабл сафаре доштем, ба Федератсияи Русия, ки тайи ин сафар иттифоқ уфтод, то бо раиси ИТТИҲОДИЯИ тоҷикони Русия Абдулло Давлатов мусоҳибае анҷом диҳем. Фикр намекунам, Абдулло Давлатов ниёз ба муаррифӣ дошта бошад, зеро ӯ яке аз чеҳраҳои маъруфи миллат аст, ки дар робита ба қазоёи муҳоҷирини кишвар ҳамеша садо баланд мекунад.

– Оқои Абдулло Давлатов, имрӯз машокили муҳоҷират ба ҳадде расида, ки ҳар як ниҳод ва ҳар як касе ҷиҳати ҳалли мушкили онҳо назари худро дорад ва роҳҳалли ин ҳама мушкилотро гӯё ба тарзе пешниҳод менамояд…

– Бале, аксаран ҷониби Тоҷикистон бо сангзании ҷониби Русия ва қабои сиёсӣ додани ҳар як масъалае, ки сари муҳоҷирин меояд, фикр мекунад, кӯмаке ба ҳамватанони муҳоҷир кардаанд, вале дар асл, ҳалли масъала ин тавр нест. Умуман, дар мавзеъгирии ҳукуматдорон ҷойи гап нест, аммо вақте фикри таҳлилгаронро дар ВАО мутолиа мекунам, чунин бардошт мешавад, ки гӯё Русия нисбати муҳоҷирин зулм мекарда бошад. Бовар кунед, воқеият ин тавр нест. Алъон баъзе корфармоҳо ва ҳатто сохторҳои давлатӣ ғамхориҳое, ки нисбат ба муҳоҷирин карда истодаанд, агар ҷониби Тоҷикистон нисфи чунин як ғамхориеро нисбат ба эшон мекард, вазъ хеле хуб мешуд. Масалан, чанде пеш бо яке аз масъулини Департаменти ҳифзи иҷтимоӣ, ки аз русҳои зодаи Душанбест, суҳбат доштем. Ӯ гуфт: биё, ҳамватанони худро кӯмак мекунем. Гуфтам: чӣ хел? Гуфт: ягон лоиҳае фикр мекунем, то тавониста бошем, ки муҳоҷиринро ройгон забони русӣ омӯзонем. Ё худ дирӯз бо ҷонишини сардори Идораи приставҳои Маскав оид ба онҳое, ки ҳукми ихроҷашон аз Русия баромадааст, вохӯрдам. Роҳбарияти ин ниҳод мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд ва аз мо кӯмак мехоҳанд, то афроди ба иллати нақзи муқаррароти қавонини иқомат боздоштшуда ба кишвар зудтар мунтақил шаванд.

– Шумо ҷиҳати пешниҳод оид ба ташкил кардани курсҳои ройгони омӯзиши забони русӣ аз ҷониби яке аз масъулини Департаменти ҳифзи иҷтимоии Русия ишора намудед, бинобар ин мехостам сари ин масъала тамаркузи бештаре дошта бошем, то масъала каме ташреҳ биёбад…

– Ҷомеаи Тоҷикистон бояд донад, ки дар Русия қавонин то ҳадде дар амал татбиқ мегарданд. Масалан, тибқи қавонини Русия, давлат ба кори ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба кори давлат дахолат намекунанд. Мо оинномаи худро дорем ва тибқи он амал хоҳем кард, вале агар рафту аз ҷониби мо қонуншикание сар занад, албатта, муҷозот мегирем. Дар акси ҳол, мавриди эҳтироми сохторҳои давлатӣ қарор дорем ва бо таваҷҷуҳ ба ин эшон хоҳиши кӯмак намуданду мо пазируфтем, ҳатто суол матраҳ намудем ҳузурашон, ки аз ин мо чӣ манфиате мебинем? Ҳол он ки сохторҳои давлатии Русия медонанд, ки сохторҳои ҷамъиятӣ метавонанд онҳоро кӯмак кунанд, дар ҳоле ки ҷиҳати ин масъала мо озод ҳастем, яъне агар хоҳем, ба онҳо кӯмак мерасонем, агар нахоҳем, не. Дар ҷаласаи Шӯрои консултативии Хадамоти федеролии муҳоҷират, ки ба ману намояндаи қирғизҳо сухан доданд, гуфтам, ки «бо кӯмаки Хадамот курси забономӯзӣ кушодаем, бале, мо метавонем, ҳатто ҳазор нафарро забони русӣ омӯзонем, аммо муҳоҷирин ҳазор нафар нестанд, теъдоди онҳо зиёдтар аз ин ҳастанд. Бинобар ин давлат бояд фикри онҳоро мекард. Вале ба ҳар ҳол, вақте масъалаи Қонуни омӯзиши забони русӣ аввали соли гузашта пайдо шуд, профессор Делягин гуфта буд, раиси Иттиҳодияи тоҷикони Русия муқобили омӯхтани забони русӣ аст. Чаро? Зеро тавассути «Новая газета» қонуни марбут ба донистани забонро, ки ба парлумон пешниҳод шуда буд, хом гуфта будам. Манзури ман ин буд, ки қонун қабул мешавад, дар ҳоле ки механизмҳои амалӣ кардани он гуфта нашуда буданд. Кӣ барои омӯзонидани забони русӣ маблағ медиҳад: корфармо? Давлат? Ҳеҷ кадоме аз инҳо пул нахоҳанд дод. Тоҷикистон безор аст аз пардохти маблағ. Созмонҳои ҷамъиятӣ бошанд, сармоя надоранд. Худи муҳоҷирони меҳнатӣ низ маблағ надоранд. Аммо ҳозир, тавре ки ман гуфта будам, ҳамон тавр шудааст, яъне механизми иҷро гуфта нашудааст, то мардумро ҷалб намоянд. Имрӯз ин камбудро Хадамоти федеролӣ дарк кардааст ва даъваташон ҳам барои ҳамин буд. Чун мақсадашонро арз доштанд, мо гуфтем, ки «шумо барои муҳоҷирини мо чӣ медиҳед?». Барои ҷавоб ба суол онҳо ду ҳафта фикр карданд, зеро мехостанд, ки ин кор куллан аз ҳисоби мо роҳандозӣ шавад. Аммо ман гуфтам, мо метавонем барои гузаронидани ин дарсҳо ҷой пайдо намуда, ҳамзамон муҳоҷирини кориро ба ин кор ҷалб намоем. Тавре гуфтам, ду ҳафта баъд онҳо ҷавоб доданд, ки «мо метавонем шуморо бо муаллим таъмин намуда, механизми имтиҳонсупориро бе миёнаравҳо низ фароҳам оранд. Ин ҳама ба хотири он аст, ки зимни имтиҳонсупорӣ ба миқдоре маблағ супорида мешавад ва кӯшиши мақомот бар ин аст, ки маблағи мазкур бе миёнарав супорида шавад. Барои ҳамин моро даъват карданд ва кунун иқдоми мазкурро амалӣ карда истодаем. Мақомот яке аз муаллимаҳои РУДН (Российский университет дружба народов)-ро муваззаф намудаанд ва Маркази фарҳангии «Нур»-ро мо ба сифати мақари омӯзиши дарсҳо қарор додаему омӯзишҳои мо аллакай шуруъ шудаанд. Марҳамат, кадом муҳоҷире, ки хоҳишманди омӯзиши забони русист, метавонад он ҷо ба таври ройгон забони русӣ омӯзад.

Бояд ёдовар шавам, ки аввали соли равон ҳам дар Мактаби иқтисодӣ (Экономическая школа), ки он ҷо ҳафтае ду маротиба худ лексия мехонам, чунин курс ташкил карда будем.

– Он курс аз ҳисоби кӣ буд?

– Курс аз ҳисоби худи мо кушода шуд. Чун маъмурияти донишгоҳ кори хайре намуда, барои мо ройгон ҷой дод, курсро ташкил кардем. Бояд арз ҳам шавад, ки аз ташкили ин курс донишгоҳ шояд фоидае медид. Фоидаи ягонаи маъмурият танҳо ин буд, ки бо забономӯзии тоҷикон он ҷо донишгоҳи онҳо тарғиб мешуд ва чун донишгоҳ пулакӣ аст, зиёд шудани теъдоди донишҷӯён ба фоидаи онҳост. Зимнан агар ҳар ҳамватане дар ин донишгоҳ хоҳиши хонданро дошта бошад, биёяд, маблағро бидуни миёнарав бурда месупорем ва бидуни монеае метавонад донишҷӯ шавад.

Ахиран, дар мавриди ташкили курсҳо бояд гӯям: қасд аз ин ҳама он аст, ки муҳоҷиринро ҷалб намоем, то бевосита худ ҳуҷҷагузориашонро дуруст намоянду аз миёнаравҳо халос шаванд ва ҳам худ фоида бинанду ҳам давлат. Бубинед, барои иҷозаи корӣ гирифтан ҳамагӣ 2 ҳазор рубл супорида мешавад, аммо миёнаравҳо барои гирифтани ин ҳуҷҷат 20 ҳазор рубл мегиранд.

– Тавре маълум, ахиран, як зумра тағйироте дар қавонини марбут ба муҳоҷирати Русия ворид шуда. Бо таваҷҷуҳ ба ин мегуфтед, ки бинобар вайрон кардани кадом шартҳо муҳоҷир ҳукм ба ихроҷ мешавад?

– Ба таври мухтасар метавон гуфт, нақзи муқаррароти қавонини маъмурӣ, аз қабили насупоридани ҷаримаҳои маъмурӣ, нақзи муқаррароти қонуни марбут ба бақайдгирӣ, изоҷатномаи корӣ ва ё патент надоштан боиси ихроҷи муҳоҷир мешаванд.

– Ахиран, намоядагони Ҳукумати Тоҷикистон иброз доштанд, ки бинобар нақз шудани Қонуни интихоботи президентӣ наметавонанд аз муҳоҷирин ба сифати ҷонибдори номзаде дар ҷамъоварии имзо барои ҳадди панҷфоиза истифода намоянд. Ба назари Шумо, ин чӣ маънӣ дорад: оё воқеият чунин аст, яъне ин амал барои роҳ надодан ба қонуншиканӣ роҳандозӣ мешавад ё…?

– Чунин қарори масъулин на танҳо нақзи Сарқонун, балки бори дигар безории мақомотро аз шаҳрвандони Тоҷикистон нишон медиҳад! Давлатҳои дигар кӯшиш мекунанд, ки ҳатто аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷинояткорашон пуштибонӣ кунанд! Вале Ҳукумати Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш чунон безор аст, ки чун аз марз берун шуданд, онҳоро «исқот» мекунад! Ба фикр ва шуниди ман, аллакай шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатӣ ин ҷо омадаанд, ба ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат кардаву аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ муҳофизат карданиянд ва ҳақ ҳам доранд! Агар баҳона набошад, бо истифода аз технологияҳои ҳозиразамон таъмини ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандӣ ҳеҷ мушкилие надорад! Баъдан, бояд гӯям, ки мо, ҷамъиятҳои тоҷиктабор тайёрем ва метавонем дар ростои ҷамъоварии имзоҳои муҳоҷирин ба КМИР кӯмак кунем.

– Албатта, имрӯз муҳоҷират ба яке аз дардҳои бедавои тоҷикон бадал шудааст ва ҳар гоҳе аз ҳузури тоҷикон дар ин кишвар гуфта мешавад, чашм пӯшидан аз машокили муҳоҷирин ғайриимкон аст. Вале мехостам хонандаи мо дар робита ба Ҷамъияти тоҷикони Русия маълумоте дошта бошад…

– Ҷамъияти мо ду ҳадафро вазифаи худ медонад. Бо таваҷҷуҳ ба қавонини Русия ва оинномаи ҷамъият самти аввали фаъолияти мо муаррифӣ намудани фарҳанги миллати тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллии тоҷикони шаҳрванди Русия аст. Ҳадафи дуввум бошад, кӯмак ба муҳоҷирини меҳнатӣ бинобар тавоноӣ ва имон аст. Ин ҳама амалҳои мо ба сифати кӯмак ва ихтиёриянд. Ташкилоти мо аз ҳеҷ куҷо маблағгузорӣ намешавад, то маҷбур бошем барои ҳисобот додан назди касе, ғайр аз мақомоти андоз ва Вазорати адлия.

– То ҷое огаҳам, масоиле, ки онҳоро вазифаи дуввумдараҷаи худ медонед, бештар Шуморо вориди мабоҳиси расонаӣ кардаанд. Бинобар ин дар ростои аҳдофи аввалиндараҷаи Шумо ҷамъият то кадом ҳад тавонистааст, ки муваффақ шавад?

– Афсӯс ва сад афсӯс, ки намояндагони расмии Тоҷикистон «бозиҳо»-и байниидоравии худро доранд: байни сафорат ва консулгарӣ, байни консулгарӣ ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон «бозиҳо»-е вуҷуд доранду онҳо на дар фикри миллатанду на Ватан. Илова бар ин онҳо аз нотавонии ҷамъиятҳои тоҷиктабори Русия истифода менамоянд. Барои мисол, сафорат як нафарро дар минтақае аз Русия намояндаи Ҷамъияти тоҷикон муаррифӣ менамояд, консулгарӣ нафари дигарро, Хадамоти муҳоҷират бошад, дигар касро ҳамчун масъули Ҷамъияти тоҷикон ба мақомоти маҳаллӣ шинос мекунад, ки дар натиҷа, дар як минтақа се Ҷамъияти тоҷикон арзи ҳастӣ менамояд, ки бо якдигар ихтилоф доранд. Дар чунин ҳол, дар бораи ҳифзи кадом арзишҳои миллию таърихӣ метавон ҳарф зад?

Нисбати он ишораи шумо бояд гӯям, ки аз ман дар ҳар масъалае, ки суол мешавад, то ҷое аз асли масъала бохабарам, ба суол посух мегӯям. Чун дар робита ба масъалаи муҳоҷират бисёр мепурсанд, ҷавоб медиҳам. Шумо, ки ҷиҳати ин масъала пурсидед, ба суолатон посух мегардонам. Авохири соли 2007 фаъолона вориди корҳои ҷамъиятӣ шудем. Ва баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бори аввал дар Қасри миллатҳои Маскав зери унвони «Ӯ омаду шабро кушт» шаби назми Гулрухсорро гузаронидем. Гулрухсор нафарест, ки аҳли фарҳанги Русия ӯро мешиносанд, бинобар ин фарҳангиёни русу дигар миллатҳо дар чорабинӣ ширкат намуда, эҳсос намуданд, ки тоҷикон касеву чизе доранд. Баъд аз он шаби шашмақомхонӣ доир намудем. Аввалин маротиба дар соли 2010 таҷлили Наврӯзи байналмилалиро мо ташкил ва ХФМ-ро ба ҳамкорӣ даъват кардем. Соли 2011 бошад, дар ин ҷашн Ҳукумати Маскав бо мо ҳамроҳ шуд… 80-солагии устод Мӯъмин Каноатро ҷашн гирифтем, ки Олжас Сулаймонӣ аз Париж омада, ин ҷо ширкат кард, Анна Феррани, бастакор, бастакори достони «Суруши Сталинград» аз Италия ташриф овард. Зинаида Андреевна, қаҳрамони достони «Суруши Сталинград», ҳамон духтареро, ки соли 1943 дар таҳхонае таваллуд шуда буд, аз Волгоград пайдо намуда, овардам, ки барои устод як туҳфае буд. Дар ин ҷашн барои ман он аҷиб буд, ки намояндаи Ҳукумати Маскав хост, то ӯро бо Олжас Сулаймонӣ шинос кунам. Баъди шиносоӣ намояндаи Маскав Олжасро пурсид, ки агар шаби эҷодии Шуморо баргузор намоем, меоед? Сулаймонӣ гуфт: ман ба хотири Мӯъмин Қаноат омадам ва ба хотири Маскав нахоҳам омад. Инчунин бори аввал баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ китоби «Огненный знаки»-ро дар бораи шуарои тоҷик бо тарҷумаи Михаил Снелников нашр кардем, ки шуарои мо, шуруъ аз Рӯдакӣ то Рустами Ваҳҳобро дар бар мегирад. Ҳамзамон бояд қайд намоям, ки вақти таҷлил аз 1150-солагии Абуабдулло Рӯдакӣ сафир пешниҳод кард, ки мизи мудавваре доир намоем, ман гуфтам, ки ин кам аст барои Рӯдакӣ, конфронсе ташкил мекунем. Ҳамин тариқ, конфронси байналмилалиеро ташкил кардем, ки дар он илова ба шуарои рус академик Боголюбов, патриархи шарқшиносҳои Русия аз Питер омад, Степлин Каминский ва дигар шахсиятҳои маъруфи Русия низ дар он ширкат доштанд. Вақте ки садсолагии устод Турсунзодаро дар як китобхонаи бачагона бо иштироки талабагони ду мактаб ва Михаил Синелников, адиб ва тарҷумони рус гузаронидем, Михаил Синелников дар он ҷо суханҳои хеле хуб гуфт. Аз ҷумла, ӯ дар ҷамъи талабаҳо иброз дошт, ки «вақте шумо дар кӯча кӯчарӯби тоҷику дар бозор аробакаши тоҷикро мебинед, фикр мекунед, ки ин миллат танҳо аробакашу кӯчарӯб аст? Не, ин миллат миллати тамаддунсоз аст. Шумо ба тоҷикон диққат бидиҳед. Новобаста ба он ки онҳо дар асри 20 бо айби мо, болшевикҳо Самарқанду Бухурои онҳоро гирифтанд, ин мардум ҳувияти тамаддунсозиашро гум накардааст».

– Аз ин ҳама ин чорабиниҳое, ки ёдоварӣ намудед, танҳо дар ҷашни 1150-солагии устод Рӯдакӣ аз сафорат ёдоварӣ кардед. Ба ин хотир пурсиданиям, ки феълан, дар умум, ҳамкории худро бо намояндагони расмии Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

– Аввалҳо бо мақомот ҳамкорӣ доштем, вале вақте дидем, ки миёни онҳо фитнаҳо зиёданд, аз сафорат ва дигар намояндагиҳои кишвар дур шудем. Бубинед, вақте ҷашне, аз қабили Наврӯз ё Рӯзи ваҳдат ё Рӯзи истиқлол мешаваду онро тавассути телевизион намоиш медиҳанд, дар ҳоле ки ҷашнҳоро дидаам ва медонам, ки лаҳзае аз он дар шаҳре аз Русия гузаштаву лаҳзаи дигараш аз минтақаи дигари ин кишвар аст ё худ лаҳзаеро аз ҷашни соли гузашта мегиранд, инро беш аз худнамоии сафорат чизи дигаре намешуморам.

– Чун сухан дар бораи соҳибтамаддунии миллат рафт, мушоҳидаи ман ҷиҳати назари русҳо дар ин масъала, мутаассифона, манфӣ ҷилвагар шуд…

– Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала боре гуфтам: Ҳукумати Тоҷикистон аз Чукотка хоҳиш кунад, ки барои тоҷикон як ҳайкал гузоранд. Зеро аз рӯзе, ки тоҷик ба Русия омадааст, дигар на дар бораи чукчаҳо латифа мегӯянд, балки тоҷикон ҷойи онҳоро гирифтаанд. Мо барои миллат коре накардаем. Он ҳама, ки ман номбар кардам, қатрае аз баҳр аст. Агар масъулини давлатӣ заррае имону номуси миллӣ дошта бошанду ин хории миллатро андеша намоянд, моро санг намезананд, балки ба мо ҳамкорӣ менамоянд, то барои ба тарзи мусбат нишон додани чеҳраи тоҷик кӯшиш намоем. Вале ба ҷойи ин ҳама худи Тоҷикистон миллатро ғулом муаррифӣ кардааст. Агар ёдатон бошад, вақте дар Санкт-Петербург дар бораи муҳоҷирон китобчае чоп шуд, бо ишора ба аксҳои он нагуфта буданд, ки онҳо тоҷиконанд, танҳо гуфта буданд, ки «муҳоҷиранд». Аммо сафорат, Хадамоти муҳоҷират, консулгарӣ, ВКХ-и Тоҷикистон ҳама дар ВАО шӯру валвала бардоштанд, ки боз тоҷиконро таҳқир карданд. Ҳол он ки онҳо тоҷик нагуфта буданд. Гӯё ки вожаи «тоҷик» муродифи калимаи «муҳоҷир» шуда бошад. Ё масъалаи Рушану Ҷамшудро гирем. Агар доду вовайло намекардем, ин масъала ҳалли худро меёфт. Аз ҷумла, ман дар ин масъала бо масъули Дастгоҳи раёсатҷумҳури Русия оид ба масъалаҳои миллӣ гуфта будам: Шумо медонед, ки барномаи «Наша Раша» хусумати байни миллатҳоро ба вуҷуд овардааст? Далели ман ин ба шумор мерафт, ки бар маҳзи ба намоиш гузоштани «Наша Раша» дар шаҳри Санкт-Петербург байни тоҷикону дигар миллатҳо задухӯрд сурат гирифта буд. Зеро доғистониҳо тоҷиконро Ҷамшуду Рушан гуфта буданд. Чун ин далелро пешниҳод намудам, масъули Дастгоҳи раёсатҷумҳур гуфт, ки дар ин масъала мавод ҷамъ оварам, то ба прокуратура муроҷеъ шавему на танҳо барнома, балки ТВ-ро бубанданд. Ин нуқтаро ба сафорат ҳам расонидам, ки агар дар ин масъала далеле дошта бошанд, якҷоя онҳоро пешниҳод намоем, аммо баъдтар иттилоъ пахш шуд, Каромат Шарипов барномаро ба додгоҳ мекашад, ҳол он ки то имрӯз онҳоро касе ба додгоҳ накашидааст. Ба додгоҳ кашидани онҳо танҳо ҳангома буд.

– Бисёр гуфта мешавад, ки диаспораҳои тоҷикони муқими Русия муттаҳид нестанд. Назари Шумо дар ин маврид чист?

– Ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия тамоман муттаҳид нестанд. Ҳол он ки дар аввал ҷиҳати муттаҳид намудани онҳо як идда иқдомҳое карда будам. Аз ҷумла, дар Новосибирск, ки се ҷамъият буд, хонаҳои руасои он рафта, бо эшон суҳбат намуда, онҳоро якҷоя намудем, аммо феълан дар он ҷо ҳашт ҷамъият амал менамояд. Вақте Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русияро ташкил кардем, дар муддати ду моҳ дар шаш минтақаи дигар бо таҳрики сафорат дублёрҳои шуъбаҳои мо пайдо шуданд. Аз ин хулоса намудем, ки мақсади онҳо тафриқаандозӣ аст. Ҳозир бошад, дар Русия се намуди ҷамъиятҳои тоҷикон вуҷуд дорад: ҷамъиятҳое, ки пурра сиёсати сафоратро пеш мебаранд. Ин қабил аъзои Шӯрои назди сафорат ҳастанд ва иҷозат доранд, ки «Варақаи бозгашт ба Ватан»-ро фурӯшанд. Рӯзе яке аз зодагони Ғарм аз Кросноярск занг зада, хоҳиш кард, ки ба ӯ «Варақаи бозгашт ба Ватан» лозим аст. Гуфтам: ба раиси Ҷамъияти тоҷикони ҳамон ҷо муроҷиат намо. Ӯ гуфт: ин ҷо ниҳоят гарон мегӯянд арзишашро. Баъдан, фаҳмидам, аз ӯ барои гирифтани ин варақа 15 ҳазор рубл талаб кардаанд, ҳол он ки он варақа ба ивази 200 рубл дода мешавад. Дуввум шакли ҷамъиятҳо, агарчи бо сафорат равобити хуб надошта бошанд ҳам, корашон фалаҷ кардани муҳоҷирин аст. Саввум гурӯҳ онҳое ҳастанд, ки воқеан, моҳияти кори ҷамъиятиро мефаҳманд ва дарк мекунанд, ки сохторҳои русиягӣ буда, бозичаи дасти кадом як давлате намешаванд.

– Ташаккур барои суҳбат.

Манбаъ: “Наҷот”

More From Author

You May Also Like