Ҷойгоҳи забони арабӣ

Забони арабӣ яке аз забонҳои қадимтарин буда, ба гурӯҳи забонҳои сомӣ дохил мешавад. Аввалин осори хаттии ин забонро пеш аз ислом, ҳатто ба замони ҷоҳилият мансуб медонанд. Раванди шаклгирии ин забон маҳз аз замони пайдоиши дини Ислом ва дар заминаи он ба авҷи камолоти худ расидааст.
Аз ин рӯ, фарзандони миллати моро зарур аст, барои сайқал додани захираи луғавии забони модарӣ, ошноӣ пайдо кардан ба ашъори гаронбаҳои шоирони классикии тоҷику форс ва адабиёти динии худ, густариши минбаъдаи муносибатҳои фарҳангию сиёсӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ бо мамлакатоҳи араб забони арабиро омӯзанд.
Эҳтимол аз лаҳзаҳои оғози ташаккули макотиби олӣ то ба имрӯз дар Тоҷикистон дастури таълимии нисбатан комилтаре бо забони тоҷикӣ оид ба савтиёт ва сарфу наҳви забони арабӣ таҳия нагашта бошад. Чун раванди омӯзиши ин забон нишон медиҳад, ки фаҳму дарк мухталифанд.
Омӯзиш ва таълими забони арабӣ дар Осиёи Миёна, ба хусус дар Тоҷикистон таърихи беш аз ҳазорсола дошта, дар ҳама асру замон муносибат ба ин забони наҷиб ва барои мо муқаддас, забони Қуръон ва дини мубини Исломро аз рӯи мавод ва дастурҳои гуногун меомӯхтанд. Насли нав, толибилмони асри ХХI низ ин забонро аз рӯи маводу дастурҳои таълимие, ки дар ин давра аз ҷониби донишмандони соҳа мураттаб гардидаанд, мехонанду мутолиа мекунанд.

Аҳамияти забони арабӣ
Забони арабӣ ҳанӯз аз давраи пайдоиш аз лаҳҷаҳои мухталиф иборат будааст, яъне барои ҳар қабилае лаҳҷаи хос. Қабилаҳои араб, хусусан қабилаи Қурайш ҳам аз ҷиҳати иқтисодию маданӣ ва ҳам тиҷориву муносибатҳои хориҷӣ мавқеи хос доштаанд. Бартарии лаҳҷаи Қурайш аз дигар лаҳҷаҳо дар он буда, ки қудрати иқтисодӣ, муносибатҳои берунӣ ва ҳайбати динӣ дар шаҳри Макка аз дигар шаҳру қабилаҳо фарқ доштааст. Аз ин сабаб, лаҳҷаи мазкур асоси забони адабии арабиро ташкил мекард.
Шояд суоле ба миён ояд, ки чӣ боис гардид, ки забони арабӣ дар асрҳои миёна мавқеи хосаеро касб кард? Посух ҳамин метавонад бошад, ки дар аввалҳои солҳои 600-и милодӣ Қуръони маҷид, китоби муқаддаси мусулмонон бо забони арабӣ тавассути беҳтарин инсон, ҳазрати Муҳаммад (с) нозил гардид.
Феълан ин забон дар қатори 5 забони муоширати байналмилалӣ, аз декабри соли 1973 ҳамчун забони кории ҷаласаҳои маҳдуд ва васеи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст.

Омилу сабабҳои ба забони форсӣ ворид шудани калимаҳои арабӣ
Дар дунё нест забоне, ки бе таъсири забонҳои дигар шакл гирифта бошад. Барои ҳамин дар забони имрӯзаи тоҷикӣ ҳам калимаҳои арабӣ васеъ истифода мешаванд, аз ҷумла, калимаҳои туркиву русӣ ва табиист, ки арабӣ ҳам. Ворид шудани калимаҳои арабӣ ҳам ба забони тоҷикӣ ду сабаби аслӣ дорад:
1.Футуҳоти Ислом дар Осиёи Марказӣ. Дар давраи хилофати ҳазрати Умари Хаттоб (634-644) ин масъала густариш пайдо кард ва дар асрҳои VII Ислом фарогири Сурияву Фаластин ва Миср гашта, мусалмонон барои даъват ба Ислом ба Осиёи Марказӣ меомаданд. Вақте Ислом дар ин сарзаминҳо паҳн гардид, албатта, таълимоти Қуръон бо забони арабӣ буд ва доъиҳо ҳам замоне масоили диниро ба мардум меомӯзониданд, бевосита аз калимаву ибораҳои арабӣ истифода мекарданд. Масалан, панҷ вақт намоз хондан, сураҳои Қуръонро аз ёд кардан, ҳаҷу закотро донистан ва дигар аркони динӣ бо ҳамин забон омӯзонида мешуданд. Тамоми низоми давлатдорӣ ҳам бо забони арабӣ сурат мегирифт. Аз ин хотир, забони арабӣ дар шакл гирифтани забони форсӣ-тоҷикӣ таъсири калон гузоштааст ва то имрӯз дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз калимаву ибораҳои арабӣ зиёд истифода мешавад.
2.Таҳияи аксари илмҳои давр бо забони арабӣ. Ворид шудани калимаҳои арабӣ ба забони мо таърихи хос дорад. Тавре ишора рафт, навиштани асарҳои илмӣ ва адабӣ дар давраҳои хоси таърихӣ шаклҳои худро доштааст. Дар баъзе маврид бо забони ягонаи арабӣ ва дар мавридҳои дигар дузабона, арабӣ-форсӣ, ки таъсири он то ба имрӯз расидааст. Яъне имрӯз маводу калимаҳои забони арабӣ дар низоми маорифи кишвар бевосита истифода мешаванд. Забони арабӣ барои миллати мо, забони илм ба ҳисоб меравад, чунки дар ҳар рӯзномаю маҷалла, умуман корҳои илмиву фарҳангӣ аз калима ва ибораҳои забони арабӣ истифода мебарем. Ворид шудани калимаҳои дигар ба забони мо хуб аст, чунки захираи луғавии он бой мегардад, новобаста аз кадом забон будани онҳо. Агар забон бой ва ғанӣ бошад, манфиати он бештар мегардад. Масалан, зимни мутолиаи китоб ва ё мақолаҳо метавонем дар заминаи шиносоӣ бо луғати арабӣ ба фаҳми он бирасем, чунки аксари асарҳои калассикон ё бо арабӣ навишта шудаанд ё истифодаи калимаву мафҳумҳои арабии зиёде доранд. Бубинед асари Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо номи “Фиҳи мо фиҳи” ё “Ҳадиқат-ул ҳақиқа” ва ҳамин тавр “Кушоиш ва раҳоиш”, “Зод-ул-мусофирин”, “Ҷомеъ-ул-ҳикматайн”, “Табииёт”, “Табақот-ус-сӯфия”, “Китоб-ут-тафҳим”, “Таҳзиб-ус-сибён”, “Тартил-ул-Қуръон”, “Мантиқ-ут-тайр”, “Хамса” ва дигару дигар, ки ҳисоби онҳо ниҳоят зиёд аст. Агарчи маънову вожаҳои забони тоҷикӣ доранд, лекин аз рӯи ҳамин маъно истифода намешаванд. Инчунин дар дохили шеъру ғазалҳои бузургон, мисли ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ, ки бо байти зерин ибтидо меёбад:
Ало ё аюҳа соқӣ адир каъсан ва новилҳо,
Ки ишқ осон намуд аввал, вале афтод мушкилҳо.
Чунин намунаҳо хеле зиёданд, ки мо метавонем ҳар лаҳза мисол биёрем. Аз ҷумла мутолиаи “Рисолаи қуддусия”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки ман рӯи он чанд муддат кор гирифта будам, пурра нишон медиҳад, ки аксари калима ва ҷумлаҳои арабӣ истифода шудаанд, вале забони асар содда ва оддӣ аст, лекин калима ва ибораҳояш дар забони тоҷикӣ кабул ва мавриди истифода қарор доранд ва мо онҳоро мефаҳмем. Калимаҳои иқтибосӣ на он қадар дар муддати кӯтоҳ вориди як забон мешаванд, балки дар муддати солҳои зиёд вориди як забон шаванд, дар муддати кӯтоҳ танҳо дар сурате ворид шуда метавонанд, ки ягон саҳнаи сиёсӣ ва фазои хушунату сиёсати як мамлакат, ки забони ӯ дигар аст ва фарҳангу тамаддуни он дигар аст ва ба ин мамлакат лашкар кашида инҷоро забт мекунад ва ба таври маҷбурӣ забону анъана ва тамаддуни худро болои як миллати дигар таҳмил кунад. Мисли замони шӯравӣ, ки таъсираш то ҳол ба забони тоҷикӣ мушоҳида мешавад ва калимаҳо ва ибораҳои он то имрӯз боқӣ ҳастанд, ки аксари онҳо вориди забони мо нашудаанд, вале мардум онҳоро дар кӯча ё аз гурӯҳи калимаҳои шевагӣ истифода мебаранд. Ҳатто имрӯз мехоҳӣ як калима ва чизеро бо як кас фаҳмонӣ маънои тоҷикиашро мегӯӣ, ҷавони имрӯз намефаҳмад, вале бо забони русӣ зикр кунӣ ҳатман мефаҳмад.
Хулоса, донистани ҳамаи забонҳои мардуми дунё барои мо хуб ва муфид аст, вале мавқеи забони арабӣ дар омӯзиши тамаддуну фарҳанги исломиамон махсусан муқаддастарин сарчашмаи мо мусалмонон “Қуръон”-и азимушшаън, ки дар корҳои ҳар рӯзаи мо раҳнамои мо мебошад, вале боз дар охират дасгири соҳиби худ мешавад. Аз ин хотир Қуръон бо ин забон нозил шудааст ва тамоми оятҳои он бо лаҳни зебои арабиаш лаззату ширинии дигар дорад. Забони арабӣ барои мо мардуми мусалмон як манфиъати хеле пурқимат ва арзишмандест чи хеле, ки дар боло зикр шуд, ки мо вақте ин забонро омӯзем ва аз худ кунем ба он беҳтарин адабиёти гузаштае, ки асос ва ҷавҳари илм аст мутолиаашон осон мешавад.

Ҳомидуллоҳи Иззатуллоҳ,
махсус барои “Наҷот”

More From Author

You May Also Like