Шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ, баробар бо 30-юми сентябри соли 1207 милодӣ дар яке аз хонадонҳои муътабари Балх, фақеҳи маъруфу машҳури вақт Баҳоуддин Валад тифли маъсуме таваллуд ёфт, ки бо мурури вақт ҳамчун симои беназири фарҳангу адаб дар сафи маъруфони тамаддуни башарият қарор гирифтааст. Ин сифатҳо ба орифу шоири баландмақоми фарҳанги баландовозаи форсу тоҷик Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ки бо тахаллусҳои мухталиф шуҳратёр гаштааст, мансуб мебошанд. Имрӯз дар олами шеъру адаби форс-тоҷик суханвареро пайдо кардан муҳол аст, ки маҳбубияту шуҳрати беназири Мавлоноро сазовор гардида, дар тӯли қарнҳо номаш вирди забонҳо, шеъраш чароғи рӯшани маҳфилҳо ва худ ровии беминнати розу ниёзи мардумон шинохта шуда бошад.
Бинобар гуфтаи Деҳхудо, гузаштагони Мавлоно аз Вахшонзамин (Тоҷикистони имрӯза) буда, хеле барвақт муқими Балх шудаанд. Илова бар ин, насаби Мавлоно тибқи табори падарӣ ба Абубакри Сиддиқ (р) мепайвандад. Падараш Баҳоуддин Валад дар атрофу акнофи диёр, байни хосу ом, бо лақаби “Султону-л-уламо” маъруфият дошта, дар Балх мударрисиву воизӣ карда, мавриди эҳтироми Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ қарор доштааст. Замони тифлии Ҷалолуддин падараш аз ин султони давр ранҷише дида, ҳамроҳи хонадони хеш Хуросонро тарк мекунад ва чанде дар Вахшу Самарқанд зиндагӣ карда, аз он ҷо ба ҳаҷ меравад. Мегӯянд, ки зимни сафар дар шаҳри Нишопур бо шайх Аттор вомехӯрад, яъне ин одати машоиху орифон буд. Ҷалолуддини хурдсол дар ин мулоқот ҳузур дошт ва чун шайх Аттор ӯро дид, ба Баҳоуддини Валад ишора карда гуфт:. “Зуд бош, ки ин писар оташ дар сӯхтагони олам занад”
Дар ин мулоқот шайх Аттор бо яке аз бузургтарин пайравони ояндаи худ дар шеъру шоирӣ ва тасаввуф шинос шуда, ояндаи писарбачаро ба падараш баён кард ва маснавии “Асрорнома”-и худро барои комил кардани донишҳои ҷараёнҳои тасаввуфӣ ба ӯ ҳадя кард.
Ҳоло Мавлоноро Ғарбу Шарқ мешиносанд. Хизмати ин шахсияти бузург ва барҷастаи олами Ислом ба илму фарҳанг ва тамаддуни мардуми форс-тоҷик, умуман тамоми ҷаҳон расидааст. Барҷастатарин асари ӯ, ки “Маснавии маънавӣ”-ст ва баъди кутуби аҳодис, мисли “Сиҳоти сита” дар мақому манзалат бузургтарин сарчашмаи маънавӣ мебошад.
МАСНАВИИ МАЪНАВИИ МАВЛАВӢ
Ҳаст Қуръон ДАР забони паҳлавӣ.
Воқеъан, ин асар сартосар саршори оёти Қуръон ва аҳодиси набавист. Вале бузургтарин шахсияти олами Исломро имрӯз баъзе аз нимча донишмандоне, ки атрофи илм чарх задаву ба илм наздик нашудаанд, санг мезананд ва ӯро ба чи суханони ғалату хатое ҳукм мекунанд.
Мутолиаи баъзе асарҳои фалсафӣ ва шунидани ҳарфҳои файласуфон инсонро ба ҳайрат меорад, мисли он ки ду донишманди илми фалсафа дар як китоби худ ин марди бузургро ба куфр ҳукм кардаанд. Гуё Ҷалолуддини Румӣ ягон динеро қабул надоштааст ва мазаммат ҳам карда бошад дини мубини исломро. Якчанд мисраъҳоеро ҳам намуна оварда, ки чунин гуфтааст: “Беҳуда нест, ки ин гуна таълимотро мутафаккирони Шарқ баъзан ҳамчун ниқобе дар мубориза бар зидди дин (аз ҷумла дини Ислом) истифода мебурданд
Кифоя АСТ, ки мисраъҳои зерини Ҷалолуддини Румиро мисол биёрем:
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат куфру дину кеш НЕСТ.
Худи Румӣ, сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки ягон динро эътироф накарда будааст:
Аз куфру зи Ислом бурун аст нишонам,
. Аз хирқа гурезонаму зуннор надонам
. Баъзан Ҷалолуддин Румӣ назарияи тасаввуфро ҳамчун баҳона нишон дода, Ба муқобили Дини мубини Ислом рӯйрост баромад карда будааст Масалан, ба ин мисраъҳои вай нигаред ва диққат диҳед:
Соқӣ биёр он ҷомро,
. Бистон ЗИ Ман оромро
Бигзор Ин исломро,
Рав Каъбаро бутхона кун “.
(Асосҳои фасафа, Донишгоҳи омӯзгории ба номи устод Айнӣ). Муаллифони ин китоб ҳозир дар қайди ҳаёт нестанд, вале бешак кадрҳои даврони Шӯравианд. Ба ин гуна файласуфони мутаассиб фалсафа ва ин шохаи илми мо ба мағлубият меравад. Ин гуна файласуф, ки қуввати таҳлили дурусти як байтро надорад, сутуни дини Исломро бедин ё аз дин берун шуда медонад, он ҳам бо истифода аз мисраъҳои худаш.
Донишмандону файласуфони муҳтарам ва адабиётшиносони гиромӣ! Хоҳиш мекунам, вақте қудрати таҳлили шеъреро надоред, ба он кордор нашавед ва аз ин гуна мавзӯъҳо дурӣ ҷӯед. Бигзоред мутахассисони соҳаи илме ин гуна масъаларо ҳаллу фасл кунанд, ки минбаъд барои мо, насли наврас нофаҳмие пеш наояд. Мисраъҳое, ки файласуфон овардаанду гӯё таҳлил кардаанд, маънои онҳо ин тавр нест. Туҳмате, ки дар ҳаққи ин сутунмарду шохаи илм ва фарҳанги тоҷик заданианд, сатрҳои овардаи онҳо ба мавзӯъ дахл надорад, ҳарф сари чизи дигар аст.
Ман намедонам, солҳои охир дар Тоҷикистони соҳибистиқлол донишмандоне илму фарҳангро сарварӣ мекунанд, ки ба ҷойи рӯ ба пешрафт овардан, баръакс душманӣ ба илму олим ва пешвоёни дин бештар шудааст. Замони побарҷо будани Шӯравӣ аҳволи дину оинро беҳтар мегуфтанд ва ба мисли имрӯза душмании ошкоро вуҷуд надоштааст. Ҳатто дар замони соҳибистиқлолӣ шахсоне пайдо шуданд, ки ба худ мақоми пайғамбарӣ ҳам медиҳанд. Иддае бо Қуръон душманӣ ҷуста, мақолаҳое зидди аркони исломӣ навиштанду шарме аз Офаридгори хеш накарданд, агарчи миёни мардум шармсоранд.
Ман боварии комил дорам, агар имрӯз файласуфи бесаводе Мавлоноро таҳқиру мазаммат кунад, мисли сиёҳиест, нури Офтоб онро нопадид месозад, балки дар ҷомеъа ва дар байни аҳли илму маърифат кадом ҷойгоҳе надорад. Онҳо шахсияти ин гуна бузургонро сиёҳ карда наметавонанд, чунки онҳо чеҳраҳои илму ирфонанд ва муқовимат нишон додан бо порае аз оташ аблаҳист. Аслан дунболи чизе бояд буд, ки ҷомеъаро ба фитна накашад, балки дунболи сулҳу субот ва сабаби оромии ҷомеъа бошад.
Мардуми бофаҳм вақте ин гуна амалҳоро мебинанд , бояд онҳоро пӯшонанд, чунки Мавлоноро кофир гуфтану навиштаеро ба ин маънӣ ба нашр расонидан ҷомеъаро нотинҷ сохтан аст. Мухлисону муҳиббони мардони роҳи Худо дар дили ҳар мусулмон ҷову мақоме доранд, вақте шахси мусалмон ин гуна суханҳоро мешунавад ё мехонад, боиси нороҳатиаш гашта, фитнае ҳам дар ҷомеъа ба вуҷуд меояд. Имрӯз ҳатто корҳое анҷом мегиранд, ки инсонро аз имон хориҷ месозанд. Бояд пеши роҳи ин гуна амалҳоро бигирему ба мардум хидмат намоем, то сабаби оромиву осудагии давлату миллат бошад. Куфр эълон доштани як чеҳраи асили исломӣ, ки садсолаҳо қабл ҷаҳонро падруд гуфтааст, ҷойи айб аст.
Ҳатто ба ҳукм кардани як нафари оддӣ ба куфр, агар далел надорем, эҳтимол аз имон ҷудо шавем. Ҳол он ки нафари китобнавис, магар ҳамасри Мавлоно буд, ки ба чӣ хотир сароидани мисраъҳои Мавлоно ва нияти ӯро фаҳмид .
Афсус, донишмандони мо дунболи чизе мегарданд, ки тамоман ба манфиати миллату ҷомеъа, ҳатто худи онҳо нест. Дар симои як шахсияте, ки масоили ирфониро ба тамоми ҳастӣ дар асарҳои худ инъикос кардааст, куфрсозӣ аз ақл берун аст, Мавлоно орифи тавоно буд.
Ай касоне, ки дар ҳаққи чунин мард ҳарф задан мехоҳед, ба мантиқи асарҳои оламшумули ӯ бирасед, ки ҳар байту мисраи он оя-оя аз Қуръон аст. Оё Маснавиро магар беҳуда “Қуръон дар забони паҳлавӣ” гуфтаанду мегӯянд.
Пас даст бикашед, аз ҳарфҳои носолиму бемантиқи худ дар ҳаққи Мавлонои Балх.
Ҳомидуллоҳи Иззатуллоҳ,
махсус барои “Наҷот”