Ҷомеъае ислоҳ
мешавад, ки дар он носиҳон мавриди ташвиқи воқеъӣ қарор гиранд. На ин ки сухани
ҳаққи ишон боиси барканориашон аз масоҷиду манобир бошад. Миллатро лозим аст то
ки носиҳони худро дӯст бидоранд. Ҷомеае, ки дар он тазаккур (ёдоварӣ) набошад, он ҷомеа ислоҳ нахоҳад шуд.
Инсон дар ҳар марҳилае аз зиндагӣ ва дар ҳар мақтае, аз он ки бошад, ниёз ба тазаккур дорад. Инсон аз
гаҳвора то гур ниёз ба тарбият дорад.
Чӣ касе аз
тарбият бениёз аст? Чӣ касе комил аст?
Камоли мутлақ аз
они Аллоҳ аст ва маъсум (пок аз гуноҳ) расулони Ӯ ҳасатанд. Мо соири мардум
ниёз ба ислоҳ дорем.
Ба қавли Мавлонои
бузург:
Ҳазор сола раҳаст
аз ту то мусулмонӣ,
Ҳазор соли дигар
то ба ҳадди инсонӣ.
Пас ба қавли
Мавлоно ду ҳазор сол лозим аст то ки мо инсон ва мусулмони комил шавем ва ин барои ҳар
як соҳиби ақл равшан аст, ки ҳаргиз имкон надорад. Пас мо ҳама ноқисем ва эҳтиёҷ ба насиҳату
тарбият дорем.
Ҳазрати Умар (р)
мефармояд: Худо бар он фард раҳм кунад, ки айбҳои Умарро ба Умар ҳадя кунад. Замоне
ки Умар чунин аст, пас мо кӣ бошем?
Имом Ғазолӣ (р)
барои ислоҳ чанд роҳкорҳоеро баён фармудааст: Аввал он ки,дунболи касе бош, ки туро ба роҳи хайр роҳнамоӣ кунад.
Дуввум он ки:
дӯстеро баргузин, ки туро раҳнамоӣ кунад. Ба ӯ бигӯ: ҳар гоҳ ман вақтамро
беҳуда сарф кардам, муртакиби гуноҳ шудам, хилофи суннат амал кардам, хилофи
шариат рафтам, маро ёдоварӣ намо.
Сеюм ин ки: байни
душманонат дар мавриди ту чӣ мегӯянд. Мумкин аст ҳарфҳое ба хотири бадхоҳии ту
бигӯянд ва ту дар миёни гуфтаҳояшон метавонӣ бо айбҳои хеш пай бибарӣ, чаро ки
қарор нест ту бо айбҳоят сулҳ бикунӣ.
Чаҳорум: кореро,
ки дигарон анҷом медиҳанд ва туро аз он бад меояд, пас ту аз он парҳез намо.
Муъмин оинаи
муъмин аст, ки дар ӯ ба айбҳои худ пай мебарад.