Дирӯз, 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (то 21-сола)дар бозии охирини худ дар Ҷоми Иттиҳод аз дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд ва бо ин тартиб миёни 12 даста дар зинаи 8-ум қарор гирифт.
Дар ин вохӯри ҳарду даста футболи кушодро пеш гирифтанд ва имкониятҳои хуби голзани низ доштанд. Вале дар нимаи авали бозӣ ҳимоятгарон ва дарвозабонон ба хатоҳои дағал роҳ надоданд.
Дар аввали қисми дувуми бозӣ (дақиқаи 54-ум) Владимир Козак, капитани мунтахаби Узбекистон баъди зарба аз ҷаримагоҳ ҳисобро боз кард.
Дере нагузашта Аббосбек Маҳсаталиев аз масофаи наздик тӯбро вориди дарвозаи тими Тоҷикистон намуд ва ҳисобро ба 2:0 расонид.
Ин ҳисоб то охири бози тағӣир наёфт. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳодбо ин натиҷа миёни 12 даста дар зинаи 8-ум қарор гирифт.
Тими Тоҷикистон дар ин бозӣ бо чунин ҳайат бозид: Саидҷон Саидраҳмонов (Эмомалӣ Сониев, 88), Руслан Тиллоев, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (Фуруғ Қодиров, 52), Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев (Шамсиддин Қосимов, 77), Расул Файзов (Павел Кулагин, 85), Аҳтам Назаров, Наврӯз Рустамов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Шодибек Ғаффоров (Фирдавсӣ Қурбонов, 75).
Хотиррасон менамоем, соли гузашта дар Ҷоми Иттиҳод дастаи мо дар мақоми 11-ум қарор гирифта буд.
Ҳамчунин дирӯз бозии финалии ин мусобиқа байни дастаҳои Русия ва Украина баргузор шуд, ки дар он футболбозони рус бо ҳисоби 4:2 пирӯз гардида, барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013 шуд. Дастаи мунтахаби Украина ҷойи дуввум ва дастаҳои Беларусу Литва ҷойҳои сеюму чорумро касб намуданд.
Ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ҳамагӣ 6 бозӣ гузаронидаанд ва дар ду вохӯрии аввал бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардида, 4 бозии дигарро бохтанд (ба Беларус – 2:5, Литва – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ – 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбекистон – 0:2).
Мавқеи дастаҳо дар анҷоми Ҷоми Иттиҳод-2013: 1. Русия. 2. Украина. 3. Беларус. 4. Литва. 5. Молдова. 6. Қазоқистон. 7. Узбекистон. 8. Тоҷикистон. 9. Қирғизистон. 10. Эстония. 11. Латвия. 12.Туркманистон.