Categories Uncategorized

Баёнияи ИНИТ оид ба таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ

Шакли русии баёнияи ИНИТ

Баёнияи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон

 оид ба таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ

 31 августи соли 2013 раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Шоҳиён таъкид доштааст, ки ҷамъоварии имзо аз муҳоҷирони корӣ барои пуштибонӣ аз номзад ба мақоми Президентӣ дар Тоҷикистон бо сабаби он, ки варақаҳои ҷамъоварии имзо аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мешавад, ғайриимкон аст.

Ин гуфтаи раиси КМИР мухолифат ба Сарқонуни ҶТ дошта, поймолшавии ҳуқуқи интихоботӣ ва конситутсионии беш аз 40% шаҳрвандонеро, ки дар муҳоҷирати кории иҷборӣ ба сар мебаранд, мебошад. 

Бояд гуфт, ки дар асоси банди аввал ва сеюми моддаи 5-уми Сарқонуни ҶТ: «Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ доранд» ва «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат ҳимоя, риоя ва ҳифз менамояд». Дар моддаи 16-ум бошад, Сарқонун кафолати ҳимояи шаҳрвандонро дар хориҷ аз кишвар додааст, бо назардошти ин нуктаҳо талаб менамоем, ки давлат, дар шахси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ ҳуқуқи шаҳрвандони муҳоҷирро дар мавриди ширкат дар интихобот таъмин, риоя ва назорат намояд.

Дар баробари ин дар моддаи 6 Сарқонун омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи намояндаҳои худ амалӣ менамояд» ва «Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Ҳамчунин дар асоси қисми 2 ва 3-и моддаи 14-уми Сарқонуни ҶТ, ки мегӯяд: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидораи маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд» ва «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад», талаби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ оид ба роҳ надодани ҷамъоварии имзоҳо аз муҳоҷирини корӣ ба ҷонибдории ин ё он номзад асоси ҳуқуқӣ надорад.

Бояд таъкид намуд, ки КМИР ва роҳбари он дар асоси банди 2-юми моддаи 10-и Сарқонуни ҶТ ӯҳдадоранд, ки ба Сарқонуни кишвар, ҳуқуқу озодиҳо, қадру шарафи мардумро эҳтиром намоянд. Ҳамзамон ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар асоси банди аввали моддаи 10-уми Сарқонуни ҶТ: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд», бинобарин талаботи КМИР дар мавриди ҷамъоварӣ нашудани имзои муҳоҷирони корӣ бо сабаби тасдиқ шудани варақҳои ҷамъоварии имзо аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо ғайриимкон аст, беасос буда, аз рӯзи эълоншуданаш ягон эътибори ҳуқуқӣ надорад.   

Дар зимн бояд ёдовар шуд, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар рӯйхати умумии интихобкунандагон шомил буда, дар ҷамъоварии имзои 5%  низ ба инобат гирифта шудаанд. Агар КМИР ҶТ ширкати муҳоҷирони кориро таъмин карда наметавонад, пас бояд онҳоро низ аз шумораи 5% ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад истисно намояд, ки дар натиҷа шумораи имзо аз 210 ҳазор хеле поин хоҳад омад.

Бо  назардошти ин нуктаҳо ва Сарқонуни кишвар хоҳиш менамоем, ки:

Аввал, талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар асоси банди аввали моддаи 10-уми Сарқонун беэътибори ҳуқуқӣ дониста шавад;

Дуюм, ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон-муҳоҷирони корӣ ва онҳое, ки берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад ба мақоми Президентӣ таъмин карда шавад. (Барои мисол, тавассути овоздиҳии электронӣ, имконияти ҷамъоварии имзо ва тасдиқи он дар сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои консулии ҶТ дар хориҷ).

Сеюм, агар имконияти таъмини ҷамъоварии имзои муҳоҷирини корӣ бо сабабҳои техникӣ вуҷуд надошта бошад, пас ҷамъоварии имзоҳои 5%-ро барои ҷонибдории ин ё он номзад аз теъдоди интихобкунандагони мавҷуд дар дохили кишвар таъмин карда шавад.

ИНИТ

Душанбе, 11.09.2013

More From Author

You May Also Like