Зайнаби Муҳаммаддухт
nahzat.tj
Бо шурӯъ шудани мавсими дохилшудани довталабон ба мактабҳои олӣ, калимаи фасод ҳам сабз мешавад ва онро мавсими фасод унвон кардаанд. Имсол ҳам Вазорати маориф дар феҳристи фасодтарин ниҳодҳои ҳукуматӣ, аз пешгоми қафо намонд.
Фаттоҳ Саидов, раҳбари Агентии мубориза бар зиди коруппсияи кишвар зимни нишасти матбуотӣ бахшҳои кишоварзӣ ва маорифро фасодзадатарин дар кишвар унвон кард. Тибқи омори расмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар маориф 36 , ҳолати коррупсионӣ ошкор шудааст.
Ӯ мегӯяд, ки ҳарчанд ҳанӯз давраи имтиҳоноти қабул ба донишгоҳҳои олӣ шурӯъ нашуда бошад ҳам, ҳашт ҳолати пешгирӣ аз ситонидани ришва ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти ин масъули давлатӣ, ҳодисаҳои марбут ба коррупсия дар донишгоҳҳои аграрӣ, техникии шаҳри Душанбе ва муассисаи олии Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ошкор гаштааст.
И. Халил: Фасодзадагии маориф “бадбахтии миллат” аст
Коршиносон далели коҳиш наёфтани сатҳи фасод дар соҳаи маорифро дар реша давонидани фасод дар системаи мазкур медонанд. Илова бар ин, набуди иродаи сиёсии ҳукуматро ҳам иллат баён медоранд.
Исфандиёри Халил, хабарнигори ҳафтаномаи “Озодагон” ба истилоҳ рушди фасод дар соҳаи маорифро “бадбахтии миллат” медонад. Ӯ мегӯяд, ки маориф решаи дарахтеро мемонад, ки аз он миллат мерӯяд ва фасодзада шудани он маънои аз реша сироят шудани тамоми танаи дарахтро дорад. Ба ибораи дигар, агар маориф фасодзада аст, пас фасодзада будани кишвар яқин аст.
Ҷаноби И. Халил мегӯяд: «Пӯшида нест , ки вазъи дохилшавӣ, донишомӯзӣ, баҳогирӣ ва хатмкунӣ дар донишгоҳҳ чигуна аст. Ҳатто ҷомеа аз ёд медонад, ки кадом донишгоҳ маъруфияти бештаре дорад ва «шапка»-и дохилшавӣ чи қадар аст. Тасаввур кунед, ки барои дохил шудан ба як факулта 7 ё 9 ҳазор доллар месупоред ва аз ин танҳо 1 ё шояд 2 ҳазор маблағи шартнома, боқӣ даромади соф ба ҷайби шахсони масъул меравад. Бубинед, агар дар як сол дар ин факулта 50 кас дохил шаванд, 7 ҳазор долларӣ мешавад ва танҳо аз як факултет ҷамъ 350 ҳазор доллар даромад. Пас ин гуна «фоидаҳо» аз ҳисоби фасод нест? Ҳамчунин борҳо шоҳиди боздошт шудани муаллимон аз сӯи мақомоти мубориза бо фасод шудаем.»
Далелҳои Исфандиёри Халиро ҳам Фаттоҳ Саидов тасдиқ мекунад. Ба таъкиди роҳбари агентӣ, соли гузашта дар Донишгоҳи тиббӣ аз довталабон барои шомил шудан ба донишгоҳ то 18 ҳазор доллар талаб кардаанд, ки ин ҷиноят аз ҷониби оҷонсӣ ошкор ва пешгирӣ шуд.
Агар мураббӣ ришвахор аст, вой бар ҳоли фарзандҳоямон
Мубориза бо фасод чанд сол боз дар садри барномаҳои давлат қарор дорад, аммо дар сатҳи муаллимону милисаҳо, на барои вазирону наздикони раҳбари аввали кишвар.
Иллати густариши рӯзафзуни фасод дар Тоҷикистон дар чист? Таҳлилагрон бар ин назаранд, ки моҳии осонқап табиб ва омӯзгор аст, аммо “наҳангҳои калон” ҳеч не, ки дар чангак бихуранд. Чаро?
Исфандиёри Халил мегӯяд: «Ҳарчанд мегӯянд, ки муаллиму духтур афроди барои мақомот дастрас ҳастанд ва аз ин рӯ боздошти онҳо осон аст, аммо бояд инро дар назар дошт, ки муаллиму мураббӣ барои таълими насли ҷавон аз кӯдакистон то донишгоҳ саҳми назаррас доранд ва дар сурати ба ришваву фасод даст задани онҳо метавон гуфт, ки фардо кадрҳои мисли худ порагиру порадеҳро тарбия кунанд. Яъне кадрҳои дар соҳаи маориф омодашуда дар тамоми бахшҳои дигар ба кор мераванд ва аз чунин насле, ки ғайр аз ришвадиҳиву ришвагирӣ кори дигар надошт, (дохилшавӣ бо пул, баҳо бо пул, хатмкуниву дилом бо пул ба даст ояд), чиро метавон интизор шуд?”
Муҳаммад Самеъзод, узви ҷавон ва фаъоли ҲНИТ ҳам бар ин назар аст, ки ҳосили таълиму тарбияи маориф дастранҷи имрӯзааш хоҳад шуд, зеро асли таълим ва тарбия дар ойинаи фасод афтидааст.
Вазири маориф:Фасод ҳам вобаста ба замон “рушд” кардааст
Дар ҳамин ҳол, Нуриддин Саидов, вазири маориф ҳафтаи гузашта зимни нишасти матбуотӣ сароҳатан иброз дошт, ки фасодро намешавад ба якборагӣ аз байн бурд, зеро он дар раванди рушди замони муосир ҳам бо шеваҳои дигар ба истилоҳ рушд карда, мубориза ба он душвор гардидааст, аммо ин маънои онро надорад ки мо ҳам роҳҳои муосири мубориза ба онро намеҷӯем, меҷӯем.
Бо вуҷуди ин, Саидов ба ҳайси вазири маорифи имрӯза фарқи худ аз Абдуҷаббор Раҳмон, вазири маорифи собиқ дар робита ба рушди фасод дар соҳаро шарҳ дода, баён дошт: ”Вазири собиқ ҳам дар ин ҷода корҳоеро анҷом дод ва ман идома медиҳам. Муборизаро ҷиддитар мекунем.” Ӯ яке аз роҳхои муосири пешгирӣ аз амалҳои фасод дар соҳаи худро дар таъсиси Маркази ягонаи тестии имтиҳони қабул ба мактабҳои олӣ хонд.
Барои мубориза бо фасод иродаи сиёсӣ – иқтисодӣ доштан лозим
Ҳамсуҳбати мо, Исфандиёри Халил мегӯяд: “Агар мехоҳем ки фасодро аз байн барем, ба масъала аз даричаи фарохтар назар кунем ва набояд ҷиҳати иқтисодии масъала сарфи назар шавад. Зеро бо 300 – 500 сомонӣ музди меҳнат, ки барои ғизо ҳатто кофӣ нест, метавон аз муаллим ё духтур поквиҷдонӣ, росткорӣ ва фаъолияти бидуни фасодро интизор дошт? Ҳаргиз не! Яъне, ин айби муаллим нест, ки ба вай 300 сомонӣ маош медиҳанд ва боз интизор доранд, ки ба ришва даст назанад.»
Ӯ меафзояд: «Дар зиндагӣ барои аз гуруснагӣ намурдан инсонҳо ба ҳар кор қодиранд. Барои чунин вазъияти пуртаззодро аз байн бурдан, бояд шеваи мубориза бо фасод тағйир ёбад. Худи ҳамин ҳолат, ки ба муаллим дар 300 сомонӣ маош медиҳему хароҷоти оилавии вай 1000 сомонӣ аст, аллакай заминаро худамон барои фасод фароҳам мекунем. Яъне, система бояд дуруст кор кунад, вагарна амалиёти мубориза бо фасод мусоидат ба фасод боқӣ мемонад.»
Пас, агар вазорати маориф дар фасод ғутидааст, аз насли ояндаамон чиро интизор бошем?