Ҷон ба қурбони ту, эй миҳани хунинкафанам

Баҳромӣ, яке аз хонандагони мо ин байтҳои устод Лоиқ Шералиро дар зери мақолаи “Чаро ба чиниҳо имтиёз доданд?”, ки ба ватандустӣ рабт дорад, гузоштааст. Умедворем, ки аз ин байтҳои устод баҳра баред.


Ҷон ба қурбони ту, эй миҳани хунинкафанам,

Будӣ байтушшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.

Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?

Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?

****

Он яке дар хуми тилло сари худ кард фурӯ,

Дигаре гуфт: биё, маҳваши симинзақанам.

Он яке гуфт ғами гову бузу бузғола,

Дигаре гуфт, ғами хонаву фарзанду занам.

****

Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,

Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.

Ку дигар шаъшаъаи донишу фарҳанги бузург?

Ку дигар карру фару наъраи ғулғулфиканам?

****

Рӯзу шаб аз ғами ту гирякунон месӯзам,

Ту ба хун ғарқаю ман ғарқи малолу миҳанам.

Гиряи ман на зи он аст, ки бечора шудам,

Ҳам на з-он аст, ки фарсуда бувад пираҳанам.

****

Гирям аз он ки туро ҳукм бар куштан карданд,

Ай ту ҳам появу ҳам мояи инсон буданам!

Гирям аз он ки зи бунмояи ин қисмати талх,

Ман сухан гӯям агар, нест касе ҳамсуханам.

****

Гирям аз он ки ба жарфои чунин фоҷиае,

Нашавад хира кас аз ҳамнасабу ҳамватанам.

Гирям аз он ки ду – се бешарафу бетарафе,

Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.

****

Гирям аз он ки ту танҳоиву ман танҳотар,

Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам.

Лоиқ Шералӣ, 1996

More From Author

You May Also Like