Categories СИЁСАТ

Ҷон Сопку: Амрико ба таври ғайримустақим “террористҳо”-ро ҳимояти молӣ мекунад

Бар асоси гузориши телевизиони шабакаи аввали Афғонистон, Ҷон Сопку, бозраси вижаи ИМА дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR) ба тозагӣ гуфтааст, ки Амрико ҳамвора шабакаҳои террористиро ҳадаф қарор медиҳад, аммо ин шабакаҳо ба сурати ғайри мустақим аз сӯи Амрико ҳимояти молӣ мешаванд.

Сопку мегӯяд: “Дастикам 43 ширкат, ки дар Афғонистон фаъолият доранд ва аз сӯи ИМА ҳимояти молӣ мешаванд, бо шабакаҳои “террористӣ” иртиботи мустақим доранд. Моҳона як то ду миллион доллар аз кумакҳои Амрико ба як ширкати вобаста ба шабакаи Ҳаққонӣ фиристода мешавад.”

Дар ҳамин ҳол, Ҷин Шин, сенатори амрикоӣ дар ин замина мегӯяд: “Ба назар мерасад, ки ИМА гуруҳҳои “террористӣ” ва шуришӣ, ба вижа Толибон, Алқоида ва Ҳаққониро, ки ҳамвора сарбозони амрикоиро ҳадаф қарор додаанд, ба сурати ноогоҳ ҳимояти молӣ мекунад. Яке аз ин ширкатҳо, ки аз сӯи Амрико ҳимояти молӣ мешавад, як ширкати сохтмонӣ аст, ки тавассути шабакаи Ҳаққонӣ ҳимояти молӣ мешавад.”

Мақомҳои амниятии афғонӣ то кунун дар ин замина изҳори назар накардаанд, аммо бозраси вижаи Амрико аз Кохи сафед хостааст, то қарордодҳояшро бо ин ширкатҳо бекор кунад, дар сурате ки то кунун Кохи сафед дар ин бора ба таври расмӣ чизе нагуфтааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки оқои Сопку дар шароите ин гуфтаҳоро иброз медорад, ки Амрико дар гузашта низ ба кумак кардани ғайри мустақим ба шабакаҳои “террористӣ” муттаҳам шуда буд.

Манбаъ: Хабаргузории “Аларабия”

More From Author

You May Also Like